Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ПАНҶ ҚАДАМ ТО ТИРЕЗА



Баъди дарсаш Мавҷуда
Назди Шарофат омад.
Бо иҷозати духтур
Ба палата даромад.
Дар дасташ китобе буд,
Онро ба Шарофат дод.
Гуфт ӯ:
– Дугонаҷонам,
Имрӯз мебинамат шод.
Ин китобро овардам,
Зиқ нашавию хонӣ.
– Раҳмат, дугонаҷонам,
Хело ҳам меҳрубонӣ.
Шарофат аз кати худ
Пояшро кард овезон.
Мавҷуда инро дида,
Берун аз ҳад шуд шодон.
– Дугонаҷон, пои ту,
Мебинам – ҷон гирифтаст.
– Бале, бо зарби дору
Каме дармон гирифтаст.
Аммо ҳоло ба поям
Рост истодан мумкин нест.
Кошкӣ кас як-ду қадам
Роҳ гашта метавонист…
–Ҳамааш мешавад хуб,
Ии нишонаи хуб аст.
Канӣ, як таҷриба кун
Ба китфи ман монда даст.
– Аз саҳар то ба ҳоло
Хело зӯр зада дидам.
Медонӣ, дугонаҷон,
Хабари хуш шунидам.
Мехоҳам зудтар хезам,
Бароварам болу пар.
Чашм пӯшаму кушоям –
Бошам ба назди падар.
Модарам пазмон шудаст
Ба ману ман ҳам ба ӯ… –
– Канӣ, хабари хушро
Ман ҳам донам, зудтар гӯ.
– Падарҷонам омадаст,
Падарҷони азизам.
Намедонам, дугона,
Кай ба поям мехезам.
–Муборак! Ман ҳам чун ту
Аз ин хабар шод, охир.
Як ҳаракат намо, хез,
Ана, дасти маро гир!
Шарофат аз ҷои худ
Оҳиста хестанӣ шуд.
Аммо пояш сустӣ кард,
Нишаст аз азоби дард.
Як даста гул дар дасташ,
Матлаб даромад аз дар.
– Салом, Шарофат, имрӯз
Шумо тамоман дигар.
Ана, ин гулдастаро
Ҳамсинфони ман доданд.
Зуд роҳ гаштанатонро
Онҳо ба ҷон орзуманд.
Ба Матлаб гуфта "Раҳмат!"
Гирифт онро Шарофат.
Дар мобайнаш гули сурх,
Софу беғаш гули сурх.
Шарофат табассум кард,
Хобашро ба ёд овард.
Мавҷуда гуфто:
– Акнун
Мо ду кас аз ду мактаб.
Аз як тараф ман истам,
Аз як сӯятон Матлаб.
Қадами аввалинро
Бояд ҳоло гузоред.
Ана ин хел, ҳо, ин хел
Аз китфи моён доред.
Як тараф Матлаб истод,
Аз як тараф Мавҷуда.
Дар миёна Шарофат
Саъйи хестан намуда…
Аз миёнаш гирифта
Бинмудандаш ба по рост.
Аммо вазни Шарофат
Танҳо дар китфи онҳост.
– Як қадам, боз як қадам,
Ана ин хел, ҳо, ин хел…
– Дӯстони меҳрубонам,
Ба ман андаке мушкил.
– Панҷ қадам то тиреза,
Мо ҳам аз синфи панҷем.
Зӯр ояд, ҳам, мегардед,
– Набошад, мо меранҷем.
Сейӯм… чорӯм… канӣ, ҳа!
Боз як қадам, вассалом.
Қадамҳои аввалин
Аз фардо диҳад паём.
Дар берун ҳаво хуб аст,
Фазо ҳам беғубор аст.
Дар палатаи ҳаштӯм
Шодии беканор аст.
Се кас назди тиреза
Истода бо муҳаббат.
Китфи Матлаб, Мавҷуда
Такягоҳи Шарофат.
Ногаҳ ҳамшира омад
Бо сӯзану бо дору.
Ин манзараро дида
Ба шавқ омад дили ӯ,
Ҳамшира чигас овард
Тозон рафта аз анбор.
Андар паси тиреза
Зебост ин қадар баҳор!
Дар чашмони Шарофат
Пайдо шуд як ҷаҳон нур.
Барҷаст аз лабони вай:
– Ташаккур! Сад ташаккур!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »