Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

МУЛОҚОТ БО ПАДАР



Ҳавлии касалхона,
Соати даҳи саҳар…
Омад аз деҳаи дур
Падар ба назди духтар.
Мехоҳад зудтар бинад,
Шавад аз дидораш сер.
Назди дар омад, гуфтанд:
– Мумкин не дидан ҳозир.
– Чаро? – мегӯяд падар, –
Аз кӯҳистон омадам.
Бар духтарам, хоҳарҷон,
Бисёр ҳам пазмон шудам.
Рухсат диҳед – дароям,
Духтарҷонамро бинам.
Як лаҳза дар назди вай
Бо фароғат нишинам.
Дояҳо ба вай гуфтанд:
– Мефаҳмем мо шуморо.
Даромадан мумкин нест,
Вақти гашти духтурҳо.
Шумо дар саҳни ҳавлӣ
Гардиш кунед, як фурсат,
Баъди дидани духтур
Мебарояд Шарофат…
Мегардаду меояд
Пушти тирезаву дар.
Изтироби зиёде
Дар дили ӯ муқаррар.
"Як фурсат, ҳай як фурсат,
Магар шуд моҳу соле?"
Падар дар саҳни ҳавлӣ
Намояд ин хаёле.
Қадам мемонду медид
Аз нав дар пушти дар буд.
Аммо аз омади ӯ
Шарофат бехабар буд.
Аз палатаи ҳаштӯм
Вақте духтур баромад,
Доя назди Шарофат
Бо хушхабар даромад.
– Духтарҷони азизам,
Канӣ, чигасҳоро гир.
Ман мадад мерасонам,
Берун меравем ҳозир!
Кӣ туро интизор аст
Дар берун, ту медонӣ?
– Мавҷуда? …Ё ки Матлаб?
– Аз деҳаат меҳмоне.
– Оҳ, падарҷонам, ҷонам,
Бояд ҳамон кас бошанд.
Раҳмат, дояи маҳбуб,
Маро ғамхору дилбанд.
Канӣ болу пар ҳоло,
Ки вай ба парвоз ояд?
Ду чигас дар зери каш,
Кай онҳоро партояд?
Доя дар паҳлӯи ӯст,
Як-як қадам бигзорад.
Дар дил он қадар уммед,
Он қадар ҳасрат дорад.
Якӯм ошёнаву ҳаст
То дар се зинапоя.
Фаромадан душвор аст
Бе ёрмандии доя.
Се зинаро фаромад,
Берун аз дар баромад…
Охир, бештар аз ду сол
Гузаштаст аз миёна.
Аз чашми духтар, падар,
Ашк омад дона-дона.
Ҳар якаш гаҳ сурбе буд,
Гаҳ хаси рӯи дарё.
Мекард истода доя
Ин саҳнаро тамошо.
– Оҳ, ҷонам, духтарҷонам, –
Гӯён падар мебӯсид.
– Умедам, падарҷонам, –
Гӯён духтар мебӯсид.
Як сӯ, зери дарахтон
Қатор буданд харакҳо.
Бо маслиҳати доя
Ҳар ду нишастанд он ҷо…
– Туро ман дар ин аҳвол
Тасаввур намекардам.
– Акнун ман, падарҷонам,
Боқувват, шудам бардам.
– Омадам, ки дар хона
Нестӣ, дилам пора шуд.
Хайрият, ки дар он ҷо
Муроди ҳамсинфат буд.
Ҳамсояҳо омада,
Диламро таскин доданд…
Ҳа, модарат, дӯстонат
Саломат фиристоданд.
Аз ин дуриат, ҷонам,
Модарат мегиряд зор.
Барои ҳамаи ин
Ман мебошам гунаҳгор.
Дар тани ман ҳам, ҷонам,
Гӯё, ки як касал буд.
Ин ду соли ҷудоӣ
Маро табобат намуд.
– Падарҷон, ман шуморо
Бениҳоят ёд кардам.
Акнун шумо омадед,
Барҳам мехӯрад дардам.
– Зиқ шудӣ бе дӯстонат?
– Танҳо намондам ҳаргиз.
Хабар мегиранд аз ман
Мавҷуда, Матлаб тез-тез.
Бо ёрмандии онҳо
Дарсамро ҳам мехонам.
Дарсам медонам, акнун
Дар синфам намемонам.
Боз ҳам завхоз мешавед?
– Не, духтари гулрӯям.
Бояд бо кори дигар
Гуноҳи худро шӯям.
Қонун маро озод кард,
Кушода чашмонамро,
Гилкориро омӯхтам,
Гардидам моҳир усто.
Баъди ин, кору борам
Бо хишт асту бо чӯб аст.
Фаҳмидам, нони ҳалол
То чӣ андоза хуб аст!
Духтару падар хело
Сӯҳбат карданд аз ҳар сӯ.
Дар ҳамин дам бо иқбол
Буданд онҳо рӯ ба рӯ.
Аз мобайни дарахтон
Офтоб назора мекард.
Гӯё сӯи қуллаҳо
Он дам ишора мекард.
Он қадар гуворо буд
Ин як дами мулоқот.
Рӯи харак нишаста
Шарофат, падар, ҳаёт!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »