Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ДАРЁИ ХУРДИ КӮҲӢ



Ин дарёчаи кӯҳӣ
Шӯх асту беқарор аст.
Бозикунону шодон
Ба водӣ раҳсипор аст.
Бо ҳар мавҷаш ба мардум
Шояд чунин мегӯяд:
Ҳар сабзаю ҳар гиёҳ
Аз ҷони ман мерӯяд.
Решаи дарахтонро
Ман мекунам навозиш.
Дорам бо чашмасорон
Доимо сулҳу созиш.
Аз сар нотавон будам,
Раҳ ба раҳ мешавам зӯр.
Аз қуввати ман он ГЭС
Ба хонаҳо диҳад нур.
Қудрати ин замона
Қудрати маро афзуд.
Ҳар як қатраи обам
Бас фоидарасон шуд.
Дарёи хурди кӯҳӣ
Равон тарона хонад.
Дар ҳар боғу дар ҳар кишт
Нақши пояш мемонад.
…Офтоб бо хайру маъзур
Пушти кӯҳ мефаромад.
Марде қад-қади дарё
Рӯ ба боло меомад.
Ногаҳ дар назди он боғ,
Ҳӯ, он боғи суфадор,
Он мард истода монду
Кашид оҳи ноҳамвор.
Оё бори дигар ҳам
Мекунад чунин коре?
То ки зану фарзандаш
Кашанд аз нав озоре?
Азоби рӯҳии ӯ
Мактаби ҳаёташ шуд.
Аз паст ба сӯи боло
Мерафт бо хаёли худ.
Мерафт оҳиста, ором,
Гоҳе ҷо-ҷо меистод.
Ана, он деҳи шинос,
Деҳи хурраму обод.
Ҳавлиаш чун аён шуд,
Дилаш бар тапиш омад:
"Духтаракам медонист –
Пешвозам мебаромад.
Ду сол, бештар аз ду сол
Додам азоб онҳоро.
Бо ёди дидорашон
Дидам ғами дунёро.
Омадам, хайрият шуд,
Бинам зану фарзандам.
Бо шавқи хонадонам
Шавқамро мепайвандам!"
Пинҳон аз чашми мардум
Омад, даромад аз дар.
Мезад дилаш дар сина
Он лаҳза нобаробар.
Баъди як дам садо дод:
"Шарофат, духтарҷонам!
Ман омадам, куҷоӣ,
Фарзанди меҳрубонам?"
Хайрият, ки ин бегоҳ
Мурод дар ҳамон ҷо буд,
Вагарна ногаҳонӣ
Занак талхакаф мешуд…
Бо модари Шарофат
Мурод берун баромад.
Як лаҳза дар он ҳавлӣ
Гӯё ки шуд қиёмат…
Дарёи хурди кӯҳӣ
Бо роҳи худ равон буд.
Зеро ки ӯро дар пеш
Вазифаи калон буд!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »