Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ДАРДЕ НАБИНӢ, МУРОД!



Дар саҳни касалхона
Касалҳо дар саёҳат.
Дар палатаи ҳаштӯм
Танҳо монда Шарофат.
Мехоҳад вай ҳам хезад,
Саҳни ҳавлӣ барояд.
Дар ҳавои беғубор
Каме гардиш намояд.
Аммо хоб асту хоб аст,
Хестан наметавонад.
Гиря мекунад баъзан,
То кай чунин мемонад?
Ҳамсинфонаш ҳам дуранд,
Ки хабар гиранд аз вай.
Модараш чӣ хел ояд,
Ин азоби вай то кай?
Баъзан мехонад китоб,
Кори дигар надорад.
Як худаш дар палата,
Вақту соат шуморад.
Иди Май ҳам наздик аст,
Ҳамроҳи рафиқон нест.
Касе наояд наздаш,
Ин барояш осон нест.
Духтурҳо то гашти рӯз
Хабар мегиранд аз ӯ.
Аммо бегоҳирӯзӣ
Ҳама мераванд ҳар сӯ.
Як ҳамшира мемонад.
Вай ҳам машғули кор аст.
Аз дилаш чӣ медонад,
Ҳар қадар ки ғамхор аст?
Вай мехоҳад, ки доим
Касе ҳамсӯҳбат бошад.
Гап гӯш кардан, гап гуфтан
Барояш роҳат бошад.
Дар ҳамин андеша буд,
Ҳамшира дарро бикшод.
Аз омади баччаҳо
Барои ӯ хабар дод.
Шарофат аз ин мужда
Бениҳоят ҳайрон шуд.
"Чӣ хел баччаҳо бошанд?"
Гуфта фикре менамуд.
Дар ин фурсат омаданд,
Дохил гардиданд аз дар,
Ду пионери чаққон,
Як писару як духтар.
Бо расми пионерӣ
Аввал саломе доданд.
Сонӣ, аз мақсади худ
Дар он ҷо гап кушоданд.
– Мо намоянда ҳастем
Аз ду синфи ду мактаб.
Шарофат – номи шумост,
Ман Мавҷуда, ин – Матлаб.
Мо ду гурӯҳ омадем,
Ду касро рухсат доданд.
Дигар рафиқони мо
Беруни дар истоданд.
Мо фаҳмидем, ки шумо
Чандин вақт боз нотобед.
Чанде боз дар шаҳри мо –
Дар касалхона хобед.
Баъди ин моён, ҳар рӯз
Назди шумо меоем.
– Мо ҳам аз синфи панҷӯм,
Ҳамкорӣ менамоем.
Шарофат намедонист,
Ки чӣ гӯяд ба онҳо.
3-ин омаду з-ин таклиф
Меболид ӯ беҳамто.
– Ташаккур! Сад ташаккур!
Ман беҳад миннатдорам.
Гӯед, ки чун донистед
Ман дар ин ҷо беморам?
Аз кисааш Мавҷуда
Газетаро баровард.
Сафҳаеро нишон дод.
Шарофат хуб назар кард.
Матлаб бо эҳтиром гуфт:
– Аз Мурод миннатдорем.
Дар ин ҷо мо шуморо
Танҳо намегузорем.
Пагоҳ барои шумо
Орем китобу дафтар.
– Асбоби гулдӯзиро
Ман меорам муқаррар.
– Ташаккур, сад ташаккур!
Беҳад сарфарозам ман.
Дар ҷавоби некитон
Намеёбам ман сухан.
Ин омадани шумо
Ба чашмам зиё бахшид,
Бар дилам умеди нав,
Ба дардам даво бахшид.
Гӯед ба ҳама ёрон
Оташин саломи ман.
Расонед ба ҳамроҳон
Арзи эҳтироми ман!
– То пагоҳ, Шарофатҷон,
Ҳаргиз дилгир намонед.
Ҳар яки моро акнун
Чун рафиқи худ донед…
Матлаб, Мавҷуда рафтанд,
Овоз омад аз берун:
– Сиҳат шавед Шарофат!
Шарофат беҳад мамнун.
Мегӯяд ин қадар хуб. –
Бошад рафиқат зиёд.
Дилаш ҳам ба гап омад:
Дарде набинӣ, Мурод!
Ғамхорию дилсӯзет
Баҳри ман беҳисоб аст.
Магар он номаи ту
Маро таъбири хоб аст?



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »