XОБИ ШАРОФАТ
Омад назди Шарофат
Ҳамшираи пуршафқат.
Дар табақчаи дасташ
Сӯзану дору дорад.
Дар лабонаш табассум,
Хандаи дилҷӯ дорад.
Дар чашмони Шарофат
Зорию илтиҷоест.
– Апаҷонам,– мегӯяд,
Тоқати сӯзанам нест.
Доруи обак диҳед,
Менӯшам бе гуфтугӯ.
Бо сӯзан, эй апаҷон,
Нанамоед рӯ ба рӯ.
Дард намекунад, гуфта,
Дина маро аллондед.
То ба устухони ман
Ин сӯзанро халондед.
Ҳамшираи меҳрубон
Аз гапҳои Шарофат
Қаҳ-қаҳ зада механдад
Берун аз ҳадду одат.
Охир, вай чунин гапро
На аз як кас шунидаст.
Дар давоми кори худ
Хело касалҳо дидаст.
Аз сӯзан рӯ метобанд,
Ҳатто, ки калонсолон.
Хурдон ҳаргиз надоранд
Тоқати дидани он.
Дору аксаран талх аст,
Аммо нӯшидан даркор.
Дар ҳар халондан сӯзан
Дард мекунонад як бор.
Тоқат намудан лозим,
То дард аз тан гурезад.
Бе зарби дору, сӯзан
Дардманд аз ҷо нахезад…
Ҳамшира, каси дилсӯз,
Ғамгусори беморон,
Бо табассум истода
Назди Шарофат алъон.
– Ҷонаки ман, – мегӯяд, –
Натарс, ман оҳистаяк.
Ҷиззӣ кунад ҳам, аммо
Сиҳат шавӣ як ба як.
Меравӣ ба қишлоқат,
Мактабатро мебинӣ.
Бо дугонаҳои худ
Аз кӯҳ гулҳо мечинӣ.
Баҳори кӯҳистонро
Хело зебо, мегӯянд.
Чашмаву бӯи гулҳош
Роҳатфизо, мегӯянд…
Шуд…
– Бо гапҳои ширин
Бори дигар аллондед.
Ман ғарқи хаёл шудам,
Шумо сӯзан халондед.
Ҳамшираи пуршафқат
Бори дигар хандон шуд.
"Ҳеҷ воқеа не" гуфту
Сӯи долон равон шуд.
Шарофат ба ёд овард
Мактабу рафиқонро.
Сайри гул, лолачинӣ,
Баҳори гулистонро.
Дар беруни тиреза
Баҳор асту офтоб аст.
Ин духтараки гулдӯст
Дар бистари худ хоб аст.
Ғарқи хаёли ширин
Хобаш бурду хобе дид…
…Ҳамаи ҳамсинфонаш
Дар либоси сап-сафед,
Идона саф ороста
Сӯи қуллаҳо равон.
Мурод дар қатори пеш,
Шарофат дар бари он.
Саф суруде мехонад,
Адлия яккахон аст.
Берун аз саф Одилӣ
Чун фармондеҳ равон аст.
Як ағбаро гузаштанд,
Ағбаи дигар омад.
Як баландие сар шуд,
Ки мушкилтар баромад.
Бояд як нафар аввал
Равад баҳри имтиҳон.
Шарофат пеш гузашту
Ба он ҷониб шуд равон.
Аммо Муроди чолок
Пеши роҳашро боздошт.
Барои аввал рафтан
Шарофатро ӯ нагзошт.
Шарофат аз ин ранҷид,
Ба Одилӣ рӯ овард:
– Муаллим, барои чӣ
Маро Муродҷон манъ кард?
Ба фикраш, ки ин корро
Духтар наметавонад?
Духтарҳо ба чӣ қодир
Вай ҳоло намедонад.
Ман меравам, муаллим,
Шумо ба вай фаҳмонед.
Муродҷон, дар синфи мо
Як шумо аълохонед!
Мурод ба Шарофат гуфт:
– Мушкилтар барои ту.
Мебахшӣ, касал буданд
Як муддат поҳои ту.
Аввал ман рафта санҷам,
Баъди ман мебароӣ.
Чаро оташ гирифта
Ту ҷанҷол менамоӣ?
Гуфт Одилӣ:
– Набошад,
Ҳардуятон бароед.
Печу хам душвор ояд,
Ба ҳам мадад намоед…
Дигарҳо он ҷо монданд,
Рафтанд Шарофат, Мурод.
Дошта дасти ҳамдигар
Қадам мениҳоданд шод.
Як харсанги азиме
Сари роҳро гирифтаст.
Баромаданд зӯр зада.
Ҳарду дода даст ба даст.
Як тараф, дар дили шах
Гули сурхе раста буд.
Шарофат онро ногоҳ
Азми гирифтан намуд.
Аммо гуфт ба вай Мурод:
– Андаке хатарнок аст.
Пои кас агар лағжад,
Таҳ ҷари даҳанчок аст.
Шарофат, накарда гӯш,
Ҷониби гул моил шуд.
Мурод ҳам рафту аммо
Баргаштанаш мушкил шуд.
Гулро канданду ҳарду
Дар бари шах дармонданд.
На боло рафта мешуд
На поён фаромадан.
Ҳамроҳҳошон аз он ҷо
Дар назар наметобанд.
Роҳи халос шуданро
Бо фикрашон мекобанд…
Дар поён ҷари бетаг,
Дар боло фақат рег аст.
Як буттае он ҷо буд,
Аммо намерасад даст.
Пояшон қариб лағжад,
Ҳар ду ҳам бар як аҳвол.
Айби Шарофат шуд, лек
Набуд ҳеҷ вақти ҷанҷол.
Ботини Мурод он дам
Месӯхту менамуд дард…
Рӯмоли Шарофатро
Ба бутта андармон кард.
Аз ду нӯги он дошта,
Худро ба боло кашид.
Бо як чолокие пас
Аз банди бутта қапид.
Хайрият, ки дар ҷояш
Бутта мустаҳкам будаст.
Шитобон кард ӯ дароз
Ҷониби Шарофат даст.
Аммо нарасид дасташ,
Ғамгину парешон шуд.
Дигар сабре накарда,
Худи ӯ овезон шуд.
– Шарофат, маҳкамтар дор
Бо ду дастат аз поям.
Бо ёрии ин бутта
Болотар мебароям.
Оё гулро партофтӣ?
– Газидам бо дандонам.
Ин гули сурх аст, охир,
Чун партофтан тавонам?
– Як зӯри дигар бояд,
Як зӯри дигар, оре.
Монда дигар як ваҷаб,
Дигар он сӯ ҳамворӣ…
Ҳар ду шалпар биншастанд
Дар сояи харсанге.
Гап намезаданд онҳо,
Гӯиё бошад ҷангӣ.
Дам гирифтанду аз нав
Ҷониби боло рафтанд.
Гул ба дастон байрақча,
Сӯи қуллаҳо рафтанд.
Ҳар ду рафтанду рафтанд,
Дар баландӣ истоданд.
Карда бо гул ишорат,
Дӯстонро хабар доданд.
Мурод бо табассум гуфт:
– Танҳо намегузорам!
– Хайрият, ки, Муродҷон,
Чун ту ҳамсафар дорам!
… Инро гуфту ногаҳон
Аз хоби худ шуд бедор.
Чашмашро пӯшид, мехост
Хобашро бинад такрор.
Мехоҳад магар донад
Давоми он хобаш чист?
Чашмро намекушояд,
Аммо аз хоб дарак нест.
Дар хоби худ – баромад
Ба баландию шод аст.
Давоми ин хоби ӯ
Албатта, дар ҳаёт аст!