МАКТУБҲО
Бар газети "Пионер"
Мактубҳо зиёд оянд.
Аз интизому хониш
Ҳар яке гап кушоянд.
Кормандони идора
Ба корашон сар карданд.
Аз ҳама пеш бар хатҳо
Бо диққат назар карданд.
Як духтарак аз Ҳисор
Дар хати худ навиштаст:
"Дар синфи мо, медонед,
Як баччаи баде ҳаст.
Вақти танаффус доим
Кору бори ӯ ҷанг аст.
Духтарҳоро мекӯбад,
Дар хондан бузи ланг аст.
Аз дасти он бемаънӣ
Бар мо роҳи гузар нест.
Аз ақлу аз одоб вай
Як зарра бохабар нест.
Аз тарси вай номамро
Нанвиштам, гар бидонед.
Сахтакак лаҷомашро!"
Ба ин мазмунҳо
Якто не, чандинто буд.
Лек дар дигар мактубҳо
Мадҳи бамаъниҳо буд.
Як духтар аз хориҷа –
Ба баччаҳои тоҷик,
Дар хондану корашон
Мекунад орзӯи нек.
Хатҳо, оре, бисёранд,
Нав-нав хабар меоранд.
Диққати муҳаррирро
Як мактуб кашид бар худ.
Он аз деҳаи дури
Кӯҳистон омада буд.
"Салом, рафиқ муҳаррир,
Ман аз деҳаи дурам.
Як масъала кайҳо боз
Намояд беҳузурам.
Баъди хаёли бисёр
Навиштам ин мактубро.
Дорам боварии том,
Мадад мекунед Шумо.
Ҳамсинфи ман – Шарофат
Дар мактаб аълохон буд.
Ба кори ҳамсинфонаш
Доим мададрасон буд.
Ногаҳон касал шуд вай,
Аз дарсу аз мактаб монд.
Раҳ гаштан наметонист,
Дар хона сабақ мехонд.
Ҳар дарсе, ки мегузашт,
Ба ӯ хабар медодем.
Хабари дарси дигар
Рӯзи дигар медодем.
Ҳар ҳафта муаллимҳо
Мерафтанд ба назди он.
Ҳоло, ки вай дар шаҳр аст,
Ёрии мо нест осон.
Мактаббаччаҳои шаҳр
Агар ёрӣ медоданд.
Мо, дӯстони Шарофат,
Мешудем беҳад хурсанд.
Охир, дили Шарофат
Аз бетобӣ ғамгин аст.
Модараш дар деҳ танҳо,
Аҳволи вай вазнин аст.
Мактаббаччаҳои шаҳр,
Ёриатон даркор аст,
Барои мову шумо
Як роҳу як диёр аст!
Касал шуд, аз дарсаш монд,
Ин айби Шарофат нест.
Мадад кунедаш, ёрон,
Шодӣ бе рафоқат нест!"
Имзои поёни хат
Инчунин садо медод:
"Хонандаи синфи панҷ,
Дӯсти Шарофат – Мурод"
Муҳаррир сӯи котиб
Кард нигоҳи маънодор.
Гуфт:
– Дар ҳамин шумора
Чопи ин мактуб даркор.
Духтар дар касалхона,
Аз деҳаи худ дур аст.
Огаҳ будан аз ҳолаш
Барои мо зарур аст!