"БИЁ, ШАМОЛАКИ БАҲОР"
Ғами ҷудоӣ аз падар
Ба духтарак асар намуд.
Ба ин хаёл як шаби
Дарозро саҳар намуд.
"Падар, Шумо куҷо шудед,
Чаро зи мо ҷудо шудед?
Худи гуноҳатон чӣ буд,
Ки боиси ҷудоӣ шуд?"
Чунин савол бар сараш
Ҳамеша давр мезанад.
Вале ҷавоби ин савол
Ба фикри ӯ намерасад.
Дами саҳар, ки модараш
Ба сӯи кор шуд равон,
Бигуфт ӯ ба духтараш
Ба меҳрубонии калон:
– Азизакам, баҳоракам,
Умедакам, қароракам,
Туӣ ба ҷони ман ҳузур,
Ба кор рафтанам зарур.
Ту боз монӣ як худат,
Ягон шарик мешудат…
Худи ту зиқ мешавӣ,
Маро дигар илоҷ нест.
– Шумо равед, онаҷон,
Шарикро чӣ ҳоҷатест?
Барои ман Муродҷон
Китоби тозае расонд.
Анису ҳамнишини ман
Ҳамон китоб мешавад.
– Зи дардат, орзуи ман,
Дилам хароб мешавад.
Чунин бигуфту модараш
Ба кори худ равона шуд.
Шарофат ашки чашм рехт
Зи дарди ногувори худ.
Ба ҳоли худ назар намуд,
Яке тарона сар намуд:
"Биё, шамолаки баҳор,
Шамоли дашту кӯҳсор.
Ғами маро ту дур кун,
Дилам пур аз сурур кун.
Биёр бӯи киштро,
Бубар ту дарди зиштро.
Ба поякам мадор деҳ,
Ба гаштан иқтидор деҳ.
Ба сӯи мактабам равам,
Ба роҳи матлабам равам!
Биё, шамолаки баҳор,
Шамоли дашту кӯҳсор!"
Бигир банди дасти ман,
Зи дасти гулпарасти ман.
Биё, биё дигар марав,
Асои дасти ман бишав!
Ба буттаҳо диҳем об,
Ба зери нури офтоб
Калон шаванду гул кунанд,
Шавӣ ту низ баҳраманд.
Ту бӯи неки анбарӣ
Ба ҳар канор то барӣ.
Биё, шамолаки баҳор,
Шамоли дашту кӯҳсор!"
Барои дастгирие
Шамол ҷуръате накард.
Даромаданд он замон
Муроду Адлия зи дар.
– Канӣ, Шарофати азиз,
Зи ҷои худ ҷаҳида хез!
Хаёл мекунӣ чаро?
Чӣ гунаӣ, азизи мо?
– Салом!
Ба пешвозатон
Ҳазор рақс месазад.
Вале барои хестан
Мадори ман намерасад.
Дугонаҷон, Муродҷон,
Ҳасад барам зи бахтатон.
Чу нест зӯри хестан,
Насиби ман гиристан.
– Зи рӯи расму қоида –
Зи гиря нест фоида.
Ту беҳтарӣ аз он сафар…
Мурод, сӯи ӯ нигар!
– Бале, дуруст фикри ту.
Шарофат, инчунин нагӯ.
Тамоми дард меравад,
Ҳам оҳи сард меравад.
– Шумо ба лаҳзаҳои сахт
Мададрасони ман шудед.
Даме ки ҷони ман набуд,
Расида, ҷони ман шудед.
Ба рӯи ин ҷароҳатам
Ғами падар диҳад азоб.
– Биёяд отаат, яқин,
Макун ту фикри носавоб.
Равад тамоми мушкилӣ…
– Ба ту салом аз Одилӣ.
– Ташаккур!
– Он кас, он саҳар
Ба шаҳр додаанд хабар.
Дугона, аз барои ту
Ба дидану давои ту,
Пагоҳ духтури калон
Ҳамерасад ба ин макон.
Шарофат аз чунин хабар
Зиёда шодмон бишуд.
Гумон намуд боз ӯ
Ба роҳи худ равон бишуд.
Магар шамолаки баҳор
Таронаи варо шунид,
Ки бо Муроду Адлия
Чунин хабар ба ӯ расид!