Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

РАФИҚИ МАКТАБИИ ХУБ



Рафиқи мактабии ту
Агар азиз донадат,
Ба рӯзи сахти зиндагӣ
Ба зиқият намонадат.
Туро ба дидан ояду
Шарики гуфтугӯ шавад.
Намояд ӯ ҳикояҳо,
Ғами ту зуд меравад.
Рафиқи мактабии хуб –
Зи хешу ақработ нағз.
Ба ростӣ, ба ростӣ,
Зи аммаю тағот нағз.
Ба назди дардманди мо
Муроди қадрдон расид.
Рафиқи мактабии вай –
Муроди меҳрубон расид.
Дили Шарофати ҷавон
Кушода шуд, кушода шуд.
Чу дид, шодии дилаш
Зиёда шуд, зиёда шуд.
Муроди меҳрубон ба вай
Салому эҳтиром гуфт.
Нишаста назди бистараш,
Зи дӯстон паём гуфт.
– Канӣ, Шарофати азиз,
Сиҳат шудӣ, зи ҷой хез!
Шарофат ончунон шукуфт,
Намуд азми хестан.
Вале нашуд, фиғон кашид,
Бигуфт инчунин сухан:
– Ба орзуи неки ту
Ҳазор раҳмат, эй Мурод.
Мани зи пой мондаро
Ҳамеша оварӣ ба ёд.
Дигар маро сурур нест,
На мурдаву на зиндаам.
Сари пур аз хаёлро
Ба рӯи ҷо фикандаам.
Ба мурданам ҳазор бор,
Ҳазор бор розиям.
Барои ин сухан, Мурод,
Маломате насозиям.
– Шарофат, инчунин нагӯй,
Ҳаёт ҳаст, умед ҳаст.
Зи байни кӯҳҳо ба шаҳр
Туро раҳи сафед ҳаст.
Ситораи ту дар фазо,
Надидаӣ, ки равшан аст?
Табассуме намоӣ ту,
Табассуми ту гулшан аст.
Шарофат аз чунин сухан
Гирифт рӯҳу шод шуд,
Ду чашми мисли олуяш
Ба ҷониби Мурод шуд.
Ду кокули сип-сиёҳро
Намуд чанбарак ба сар.
Чунон шукуфт, дар дилаш
Набуд ғуссае дигар.
Хаёл бурдашу бидид:
Ба синф медаромадаст,
Танаффусе шудасту ӯ
Ба кӯча мебаромадаст…
Вале Мурод гап кушод,
Хаёлро ба бод дод.
– Китобро, ки хондаӣ,
Китоби нав биёрамат?
Ҳамин газетаи нав аст.
Бигир, месупорамат…
Даме Мурод дур шуд,
Шарофат инчунин суруд:
Рафиқи мактабии хуб –
Зи хешу ақработ нағз.
Ба ростӣ, ба ростӣ,
За аммаю тағот нағз!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »