Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ШУД САМОЛЁТ ДАР ҲАВО



Модари қаҳрамони ман
Аз чӣ кашид оҳи сард?
Ашки ду чашми хешро
Аз бари рӯ равона кард.
Гиряи ҷонгудози ӯ
Ғуссаи духтараш фузуд.
Аз сабабаш Шарофаташ
Зуд ба пурсуҷӯ бишуд:
– Модари меҳрубонакам,
Дарди шумо ба ҷонакам.
Боиси ашку оҳатон,
Пурғамии нигоҳатон,
Ростӣ, аз барои чист?
– Фаҳмиданат зарур нест.
Аз ту даме ҷудо шудан
Саҳл магар барои ман?
Гарчӣ ба рӯи бистарӣ,
Лек ба дида андарӣ.
Бахту умеди ман туӣ,
Роҳи сафеди ман туӣ,
Ин ки ба шаҳр мебаранд,
Дурии ту азоби ман.
Баҳри хабар гирифтанат
Чун биравам ба роҳи дур?
Гуфта чунин, ба духтараш
Кард басо нигоҳи дур…
Аз дари хона он замон
Омада монд Одилӣ,
Гуфт: – Шарофати азиз,
Духтари нағзу қобилӣ.
Рафта ба шаҳр хоб кун,
Дур зи тан азоб кун!
– Розӣ шаванд модарам…
– Розӣ шавед, хоҳарам!
Духтури дидагиатон
Ҳамраҳи хеш мебарад.
Дар самолёт бемалол
Духтаратон ҳамепарад.
Баъди ягон маҳи дигар
Боз ба наздатон шавад.
Ӯ ба мисоли аввала
Боз худаш равон шавад.
– Гар ки Шарофатам равад,
Якка чӣ кор мекунам?
Розӣ намешавам!
– Чаро?
– Ҳаст дилам пур аз алам.
Аз падараш, ки ҳабс ӯ,
Не хату не хабар бувад.
Чашми ману Шарофатам
Рӯзу шабон ба дар бувад.
– Духтаратон касал, шумо
Раҳми варо намехӯред?
Дарди варо намекашед,
Пеши касе намебаред?
О, падараш гуноҳ кард,
Баҳри ҳамин ҷазо гирифт.
Гар набудаст айби ӯ,
Пас, ба худаш чаро гирифт?
Духтаратон сиҳат шавад,
Ҳам падараш шавад ҷавоб.
Меравад аз хаёлатон
Ин ҳама ғуссаю азоб
Розӣ шавед, хоҳ не,
Сабр намекунем мо.
Роҳӣ кунем сӯи шаҳр,
То ки биёбад ӯ даво.
Одилӣ гуфта инчунин,
Рафту ба баччаҳо супурд,
Занбарак оваранд… Вай
Духтари дардманда бурд.
Буд самолёт дар ҳаво,
Рафт Шарофати ҷавон.
Монд ба рӯи ҳавлиаш
Модари зори меҳрубон.
Сӯи ҳаво баланд кард
Адлия рӯймоли худ.
Ҳамраҳи вай Мурод ҳам
Орзуи накӯ намуд!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »