Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ДАМЕ КИ ШАБ САФАР НАМУД



На вақти барфу жола буд,
Ба кӯҳу дашт лола буд.

Нишонаи баҳор буд,
Базеб ҳар канор буд.
Деҳот ғарқи нур буд,
Ба ҷону дил ҳузур буд.
Зи ҷӯйҳо равона об
Ба сӯи кишт бошитоб.
Табиати диёри мо,
Диёри кӯҳсори мо
Зиёда хушнамуд буд,
Ба ҳар тараф суруд буд.
Диёри кӯҳсорро
Сафост аз паи сафо.
Даме ки шаб сафар намуд,
Саҳар ба кор сар намуд.
Тамоми баччаҳои деҳ
Ба дарсашон шитофтанд.
Ба корашон ҷавону пир
Ҳамон замон шитофтанд.
Вале Шарофати азиз
Даруни хона хоб буд.
Сари пурорзӯи вай
Ба бистари азоб буд.
Гузашт аз миён ду маҳ,
Фалаҷ шуду зи пой монд.
Ду моҳ мешавад, ки ӯ
Чунин ба рӯи ҷой монд.
Ба синфи панҷ хонад ӯ,
Зи по наход монад ӯ?
Ба мактабаш намуна буд,
Азизаки муаллимон,
Вале ду моҳ мешавад
Ғаму азоби вай калон.
Даме ки шаб сафар намуд,
Саҳар ба кор сар намуд.
Фақат Шарофати ҷавон
Худаш даруни хона аст.
Хаёлу орзуи ӯ
Ба роҳи худ равона аст.



МУНДАРИҶА | Идома »