Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

3ИНАПОЯ - ҚИСМИ ДУЮМ

САҲНАИ ПАНҶУМ



Гӯшаи дигари сохтмони роҳи оҳан. Дар як тараф намуди вагони роҳсозон ба назар мерасад. Назди он стол ва чанд харак гузошта шудааст. Ороиши ни саҳна ба ҳукми режиссёр дода мешавад. Вай метавонад, ки аз чароғ истифода барад. Болои стол коғазҳо ҳастанд, ки онҳоро Савоб дар даст қалам мутолиа мекунад. Баъди лаҳзае Савоб аз ҷо мехезад ва ба як нуқтаи дур чашм медӯзад. Нутқи ботини вай рӯ мезанад.


Савоб

Ман ба ҳайрат мондаам, ки одамон
Саҷда меоранд бар шахси калон.
Дар амал бошӣ – хушомад мезананд,
Чун равӣ аз курсӣ – пӯстат мекананд.
Фикри баъзеҳост то сарвар шаванд,
Сарварӣ ёбанд – зуд дигар шаванд...
...Хислати ҳар одамӣ хоси худаш,
Неку бад ояд зи анфоси худаш!
Зодаи сад миллати хуррамдиёр
Роҳи оҳан сохтем дар ҳар канор.
Ҳеҷ инсон "босмачизодам" нагуфт,
Табъамон аз фатҳи ҳар як мешукуфт,
Ман шунидам таъна дар хоки худам,
Ки равон пас назди бобоям шудам...

Баъди суханони охиринаш Савоб табассуме мекунаду сар меҷунбонад. Дар ҳамин фурсат Самандар дохили саҳна мешавад. Савоб ӯро намебинад. Самандар месулфад. Савоб вайро дида, саволомез тарафаш менигарад...

Самандар

Як саволе доштам ман...

Савоб

Як савол?

Самандар

Як саволак...

Савоб

Аз чӣ ту ошуфтаҳол?

Самандар

Ман намедонам чӣ гӯям...

Савоб

Гӯй зуд,
Ки саволат дар кадомин бора буд!..

Самандар

Марҳамат, гӯед, амак, Саттор кист?

Савоб

Одами хуб... Ин савол аз баҳри чист?
О, худи ту нағз медонӣ варо –
Корманди дилсафеди гапдаро...
Байнатон оё ягон ҷанҷол хест?

Самандар

Гап, амакҷон, дар сари ҷанҷол нест...
Фикри худ гӯед, амак, як илтимос,
Мақсаде дорам шавам одамшинос.

Савоб (табассум карда)

Мақсади шоиста дорӣ, офарин!
Лек ҳар касро худат санҷида бин.
Бо гапи мардум баҳо додан хатост,
Ҳар киро ақлаш тарозуи расост!..
Гар саволат мебуд аз илму ҳунар,
Мегирифтӣ як ҷавоби мухтасар.
Ту маро мебахшӣ, ки бар ин савол
Як ҷавобе доданам амри маҳол...

Самандар

Хайр, амакҷон, аз гуноҳам бигзаред,
Сад ташаккур бар ҳаминаш...

Савоб

Барги бед, Ту шудӣ аз ман хафа?

Самандар

Не, не, амак,
Ман намеранҷам зи одам бедарак!
Ман фақат як коргар...
Аммо Шумо
Инжинеронеду умри бобақо...


Савоб

Мешавӣ рӯзе ту ҳам хуб инжинер,
Ҳар гаперо бар дилат наздик нагир!
Рафта ҳоло инжинеронро бигӯй,
Мо каме дорем ин ҷо гуфтугӯй!..

Самандар

Номҳошонро ба ман гӯед, амак,
Бо тағо Саттор?

Савоб

Аз вай бедарак
Шубҳа дорӣ... Одами пурмағз ӯст,
Дар тамоми корҳо ҳам нағз ӯст!

Самандар (худ ба худ)

Эҳ, дили нарми касони некбин,
Бар шумоён... бар шумоён "офарин"!

Самандар баромада меравад. Савоб аз паи вай нигоҳ карда мемонад. Аз тарафе ноаён Нозук дохили саҳна мешавад. Вай ба ҳолати шавҳараш дер нигоҳ мекунад, аммо хомӯш меистад. Савоб даст ба пешона мебарад. Бо андешаҳои худ суханони охирини Самандарро такрор мекунад. Гумон дорад, ки дар атрофаш касе нест...

Савоб

"Эҳ, дили нарми касони некбин,
Бар шумоён... бар шумоён офарин!"
Баччаи хуб асту андак соддатоб,
Бар саволи худ ҳамеҷӯяд ҷавоб!
Одамиро рашк ноодам кунад,
Ҳам ҳасад идроки ӯро кам кунад.
Хайр, ин Саттор як ноодамест,
Мисли вай марди бахил хело камест.
Ҷои ӯро ман гирифтам, ё аҷаб,
Ки намояд ҷои худро вай талаб!
Чун бифаҳмонам ба ин марди ҷавон,
Ки тағо Сатторат аз ноодамон?
Ё ин аз ман хост гап дуздад?! Танӯр
Бо туфайли оташу нон шуд банур!..
Аз ягон сирре хабар дорад...
Вале Вай намепурсид аз ман...

Нозук

Ҳо, бале!
"Ё ин аз ман хост гап дуздад... Танӯр
Аз туфайли оташу нон шуд банур..."

Савоб (дар ҳайрат)

Марҳамат, ҷонам!..

Нозук

Худатро даст гир,
Ки шудам аз зиндагӣ бисёр сер!

Савоб

Оҳ, ҷонам, беҳаё гап мезанӣ,
Дӯстам ту, ё ки ағёри манӣ?!

Нозук

Дӯстат ҳам, душманат ҳам як манам,
Зан бароят ман, чунин гап мезанам.
Шав мураххас, рафта ҷое дам бигир,
То шавад ҳастии моён ҳам мунир.
Савсани моро ту дар ҳукмаш намон,
Тарс андак аз пичинги одамон!...
Духтари барқад, ҳаводораш зиёд,
Зуд барор ӯро, ки то гардем шод...

Савоб (хаёл карда)

Ҷони ман, духтар калон кардем мо,
Азми вай, охир, ба моён муддао!
Ҳар касеро хост, – розӣ мешавем,
Чунки моён одами даври навем!

Нозук

Одами даври навем!.. Аммо ҳаёт
Мекунад дархост: Бошӣ эҳтиёт.
Як нафар духтар калон кардем мо,
Як нафар... Бар вай на хунсардем мо!
Аз ҳамин боис намехоҳам, ки ӯ
Бо Самандар гардад, охир, рӯ ба рӯ.

Савоб

Ин чӣ гуфторест?

Нозук

Ин матлуби дил.

Савоб

Духтари ман ҳаст акнун мустақил!
Роҳи худро мекунад худ интихоб,
Дар чунин кораш надеҳ ӯро азоб!
Марҳамат!.. Гар вай равад аз роҳи ту,
Меҳисобам ман худамро сурхрӯ!
Лекин андак шубҳае дорам, ки вай
Меравад бо роҳи худ...

Нозук

Ин то ба кай?
Ман барояш модарам... Не, не, Савоб,
Роҳи манро мекунад вай интихоб!

Савоб

Шод мебудам чу медонистам...
Ман ба азми вай муқобил нестам!

Нозук
Ту?

Савоб

Бале, ман!

Нозук

Ту муқобил нестӣ?!



Савоб

Ҳа.

Нозук

Самандарро намедонистӣ...
Ҳар қадар бошад ҷавони хубкор,
Лекин авлодаш басо ноустувор.
Меписандам ман қудои бегуноҳ,
Ман намехоҳам қудои зиштроҳ!..

Савоб

Духтари мову ту хело босавод,
Ишқ, албатта, намепурсад нажод.
Рав, азизам, аз паи корат бишав,
Бегаҳӣ дар хона фикрамро шунав!
Ман шариконро хабар бинмудам...

Нозук

Ман муаллим... Ғайри мақбул будаам?

Савоб

Сӯҳбати мо меравад аз корубор,
Ки надорад дахл он бар ту...

Нозук (орзу намуда)

Баҳор
Зинда мегардад табиат... Ман яке,
Ту яке... Гулшан яке... Савсан яке...
"Рав!" бигуфтӣ ту маро бо расмият...
Меравам!.. Хоҳам бароят офият.
Як замони гирудори судманд –
Меҳрубонам, модаратро куштаанд.
Пирмуҳаммад буда аз он нокасон,
Ки бидида модарат чун дода ҷон.
Ман намебахшам худамро, эй Савоб,
Ки ту ҳастӣ ин қадар олиҷаноб!

Нозук баромада меравад. Савоб аз паи вай ду-се қадам мемонаду аз роҳаш бармегардад. Аз дур гудоки паровози роҳсоз шунида мешавад... Самандар меояд. Вай андаке хотирмушавваш аст. Савоб ӯро дида хурсанд мешавад.

Самандар (ба тарафи Нозук рафтагӣ ишора карда)

Ман салом додам, вале шуд беҷавоб,
Модари мо одами фархундатоб!

Савоб

Ҷони ман, қаҳре аз он кас ту насоз,
Қиссаи буду набуди мо дароз!..
Хайр, аз кору зи рафторат бигӯй,
Ки чиҳо кардӣ?..

Самандар

Аҷаб шуд гуфтугӯй...
Ман Шуморо мекунам ҳурмат аҷаб,
Одами шоён Шумо, чӣ ҷои гап?.. Лекин, охир...

Савоб

Ту чӣ мегӯӣ?

Самандар

Амак,
Аз ман охир ранҷатон шуд бедарак!

Савоб

Рав, бипурс аз янгаат, эй роздон,
Ки чаро вай мекунад кори ҷаҳон?

Самандар баромада меравад. Аз як канор Саттор пайдо мешаваду Самандари рафтаистодаро мебинад. Баъди он нигоҳаш ба Савоб меафтаду ба вай салом дода, барои сӯҳбат меистад.

Саттор

Ассалом, эй марди комил!

Савоб

Ассалом!

Саттор

Бо Самандар сӯҳбате дорӣ мудом...
Вай чаро аз назди ту тозон бирафт?
Ё ки дар сӯҳбат бишуд афтударафт?

Савоб (бурдборона)

Дӯстам Саттор!

Саттор

Лаббай!

Савоб

Гӯш кун,
Ки чаро накшоӣ ту рози дарун?
Ман накардам ҳеҷ бар ту кори бад,
Лекин аз ту таънаҳо бар ман расад.
Доимо ҳурмат намоям ман туро,
Охир, ин сон таънаҳои ту чаро?

Саттор

Рӯ ба рӯят таънае нанмудаам,
Пеш аз ту дар амал ман будаам.
Хешро боре ба ҷои ман гузор,
Пас худат фаҳмӣ асоси корубор.
Гар бигуфтам дар дами мастӣ сухан,
Ҳеҷ гаҳ шоиста не гуфтори ман!

Савоб (табассум намуда)

Кинае дорӣ даруни синаат,
Ки бизад рӯ кинаи деринаат.
Ҷои коратро ба ман доданду ту
Ҳарфи ношоям бигӯӣ

Саттор

Обрӯ
Баҳри ҳар инсон муқаддас будааст,
Баҳри баъзе дастнорас будааст,
Ғайри ин, мо ҳарду соҳибдухтарем,
Ки ҳасад аз ҳамдигар мо мебарем!
Он ҷавонмард ошиқи кӯи шумост,
Андаруни синаи ман моҷарост!

Савоб

Дил ба дилбардор мезебад, вале
Инчунин ранҷи ту беҷо шуд!..

Саттор
Бале,
Муддаову мақсадат шуд ошкор,
Мекунам аз духтари худ ифтихор!
Гуфта будам "босмачизод" аз алам,
Ман худамро мешуморам аз ту кам!
Меравам, осуда бошу шод мон!

Савоб

Тоҷиконро ҳаст як одат...

Саттор
Чӣ он?

Савоб (хандида)

Дӯсташро дар амал монанд агар,
Вай наёбад баҳри худ ҷои дигар!

Саттор

Меҳрубони ман Савоб, ман меравам,
Бар ҳама ҳастии ту ҷон мешавам!
Лекин аз ман рӯ нагардон ҳеҷ гоҳ,
Бо ту ҳастам ҳамсафар, ҳастам ба роҳ!
Ман парастори ҷаҳони неки ту,
Қоили будат, – дили тоҷики ту!
Ман дигар ҳарфе надорам, шод бош,
Бар сари ёрони худ нуре бипош!

Саттор баромада меравад. Савоб бо андешаи худ мемонад. Нозук бо кадом коре дохили саҳна мешавад. Савоб ӯро намебинад.

Савоб

Дар хаёли ман набуд ин хел азоб...
Аз чӣ будам, аз чӣ ҳастам ман Савоб?

Нозук

Маънии номат кушоем баъдтар,
Аз Самандар бош доим бохабар!
Пирмуҳаммад ҳаст чун бобои ӯ,
Ман намедонам чӣ гӯям назди ту!?

Савоб

Пирмуҳаммад... Пир... Бобои ҳамин,
Ки бирезад аз даҳонаш ангубин?
Ё дили ман мекафад аз тарсу ваҳм,
Ё дили ту мекафад дар боби раҳм!?

Нозук

Назди бобо меравам...

Савоб

Не!.. Сабр кун,
Мешавам ҳамроҳ ман...

Нозук

Корат фузун!

Савоб

Меравем албатта моён баъди кор,
Рав ту ҳолову маро шав интизор!
Ин шаби мо бигзарад дар роҳи шаҳр,
Ҷони ман, аз ман накун як бор қаҳр!

Нозук

Савсани мо бехабар монад!..

Савоб
Аҷаб,
Мезанӣ бар шавҳарат ин гуна гап...



Нозук

Назди бобо мо равонем, эй Савоб,
То ҳамон ҷо рафтани мо гап накоб!

Нозук баромада меравад. Савоб аз паи вай дер нигоҳ карда мемонаду баъд аз паяш меравад. Саҳна торик мешавад...

Охири намоиш





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »