Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Зиндагинома

Файзулло Ансорӣ 20 марти соли 1931 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1951 факултаи омӯзгории Душанберо хатм ва дар ҳамон ҷо муаллимӣ кард.
Соли 1953 корманди шӯъбаи мусиқии радиои тоҷик, соли 1956 мудири шӯъбаи нашриёти давлатии Тоҷикистон, соли 1959 сармуҳаррири адабии телевизиони тоҷик буд.
Соли 1962 курси дусолаи Донишгоҳи ада¬бии Маскавро хатм кард. Узви ҳайати филмноманависони «Тоҷикфилм», узви ҳайати барномасозии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мудири қисми адабии Театри давлатии Лоҳутӣ, муҳаррири калони Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон буд.

Шеърҳои аввалинаш соли 1948 пайдо шуданд. Маҷмӯаҳои «Калхот ва кабӯтар» (1954), «Гулдастаи дӯстӣ» (1956), «Офтоб дар роҳ» (1957), «Гулшан» (1958), «Шарофат» (1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Сарвати дил» (1982), «Китоби Ватан» (1991) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Соли 1957 маҷмӯаи русиаш бо номи «Солнце в пути» ва соли 1967 маҷмӯаи «Звезда любви» чоп шуд.

Бисёр шеърҳояш ба сурудҳои дӯстдоштаи мардум мубаддал шудаанд. Аз охири солҳои 50 чун дромнавис ном баровард. Дромҳои «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Иҷорашин» (1961), «Ҳукми модар» (1962), «Борони баҳор» (1967) дар Театри дав¬латии Лоҳутӣ рӯи саҳнаро дидаанд.

Пйесаҳои «Баъди имтиҳон» (1971), «Модар нигарон буд» (1972), «Мактубро ман навишта будам» (1973), «Духтари ҳунарпеша» (1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978) ва ғ. асарҳои пешазмаргии ӯ буданд. Дромҳои беҳтаринаш дар китобҳои «Им¬тиҳон» (1961), «Тори илҳом» (1963), «Зинапоя» (1974) гирд омадаанд. Аз соли 1954 узви Иттифоки нависандагони СССР мебошад.

28 апрели соли 1980 даргузаштааст.