Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

3ИНАПОЯ - ҚИСМИ ДУЮМ

САҲНАИ ЧОРУМ



Як гӯшаи сохтмони роҳи оҳан дар водии Вахш, қарибиҳои кӯпруки болои дарё... Тақ-тақи роҳсозон ва фаш-фаши поезди роҳсоз ба гӯш мерасад. Бояд маълум шавад, ки қисматҳои роҳро ба ҳам мепайванданд... Пас аз фурсате Саттор ва Самандар гапзанои дохили саҳна мешаванд. Саттор аз Самандар гап дуздиданист. Аммо Самандар худро ба гӯлӣ зада, мехоҳад, ки аз Саттор гап гирад...

Саттор

Дар ҷаҳони ишқ нусрат ҳаст?

Самандар

Нест.

Саттор

Сад ҳазор афсӯс...

Самандар

Афсӯс?... Баҳри чист?!

Саттор

Хонданат як сӯву корат як тараф,
Ҳам ба тири ишқ мебошӣ ҳадаф.
Лек... Гӯям ё нагӯям?!

Самандар

Зудтар!

Саттор

Бурд ҳасту бохтан ҳаст, эй писар!
Дар ҷавонӣ орзу – хушдоман аст,
Ҳосили он гоҳ марду гаҳ зан аст!



Самандар

Рамзатонро ман нафаҳмидам, тағо,
Оддитар гӯед бар ман муддао...
"Орзу – хушдоман"?

Саттор

Оре... Гӯл, ту,
Бо хаёли хуш ба ҷунбуҷӯл ту.
Ҳайратовар... Чун ба ҳарбӣ будаӣ?!
Ту ба ақлу фаҳм як хастӯдаӣ!..
Як шарор ояд туро – хокистарӣ,
Як шамол ояд – ба ҳар сӯ мепарӣ!?

Самандар

Вақти хизмат буд "зирак" номи ман,
Пухта кард охир командир хоми ман!
"Гӯл" чисту "ҷунбуҷӯл"-аш чӣ, тағо?

Саттор

Ин сифоти одамони норасо...
Эй Самандар, додари нофаҳми ман,
Росташ, ояд ба ҳолат раҳми ман.
Синни ман дар пояи панҷоҳ рафт,
Нисфи ин синнам барои роҳ рафт.
Ман накардам дар ҳаёт иғвогарӣ,
Боварӣ бояд ба инсон, боварӣ!

Самандар

Фатҳи минбар дар суханҳои Шумост!
Шубҳае доред дар дил?

Саттор

Бовафост
Он касе, ки устуворӣ мекунад,
Пас, хаёли номдорӣ мекунад...
Роҳи оҳан сохтан фахри дил аст,
Лек то Помир бурдан мушкил аст.



Самандар

Лозим ояд – роҳ он ҷо мерасад,
Лозим ояд – то Сурайё мерасад!

Саттор

Шояд... Аммо роҳи оҳан нест об,
Ки кунад маҷрои худро интихоб...

Аз паси саҳна овози кормандони роҳ ба гӯш мерасад. Самандар ғарқи хаёл аст. Саттор ба он тараф менигарад. Дар даст нақшаҳое Савсан саросема аз саҳна мегузарад. Самандар ӯро намебинад. Саттор аз паи вай нигоҳ карда мемонад.

Самандар

Фикратон ногуфта монд...

Саттор (оҳ кашида)

Эй гулписар, ҳастӣ аз кирдори олам бехабар.
Боз мегӯям, ки ҳастӣ марди гӯл...

Самандар

"Бо хаёли хеш дорӣ ҷунбуҷӯл"...
Домани гуфторатон ин буд?

Саттор (хандида)

Рост, Гуфтугӯи рамзӣ байни мо хатост.

Самандар

Дар чунин маврид назебад ҳарфи пуч,
Пас, суханро дар миён оред луч!

Саттор (чашмонашро калон кушода)

Баччаи нағзат ҳамепиндоштам,
Маслиҳат додан ба нийят доштам.
Чун саволат додам аз дунёи ишқ,
Хостам гӯям гапи савдои ишқ!
Мақсадамро ту нафаҳмидӣ, аҷаб,
Ҳам ғараз дар гуфти ман дидӣ, аҷаб...

Самандар

Андаке ором бошед, эй тағо,
Хостам донам чӣ бошад муддао!?

Саттор (асабонӣ)

Савсани ту бо Иван ҳамроҳ буд,
Аз муҳаббат доштанд онҳо суруд.
Баччаи бефаҳм!

Саттор баромада меравад. Самандар баъди суханони охирини Саттор шах шуда мондааст. Савоб гузашта меравад, Самандар ӯро намебинад. Нозук гузашта меравад, Самандар ӯро ҳам намебинад. Саринженер Иван ҳам гузашта меравад. Самандар ӯро ҳам намебинад. Аз дур овозҳо ба гӯш мерасанд, Самандар намешунавад... Фақат гудоки поезди роҳсоз ӯро ногаҳонӣ ба ҳуш меорад...

Самандар

Ин даъвои ӯст...
Лек ҳоло ман намеғунҷам ба пӯст...
Пӯст каҳро мепарастад дар вуҷуд,
Ҳам намакро меписандад вай ба худ.
Буду нобуди ҳамин Саттор кист?
Инчунин гуфтор бо ман баҳри чист?
Модараш гуфто ба ман дар он сафар,
Ки бирав ту... Ҳаст домоди дигар.
Шояд, он домод бошад ин Иван,
Ки накардам шубҳа аз вай ҳеҷ ман?

Самандар баромада меравад. Савобу Ивану Савсан дохили саҳна мешаванд. Савоб ба Иван бо иддао гап мезанад. Аммо Савсан аз дур хайрхоҳона ба Иван менигарад. Аз гӯшае сари Самандар пайдо мешаваду зуд ғайб мезанад.

Иван

Се нафар як қувваи беҳад кабир,
Се нафар моем ин ҷо инжинер!..
(механдад)

Савоб

Хандаатро ман нафаҳмидам, Иван,
Ё хатое кардаам дар кор ман?

Иван

Не, тамоми корамон аз нақша аст!

Савоб

Ханда?!

Иван

Пуду торамон аз нақша аст!

Савоб

Хуб, Иван, ҳарфи ту дар гӯши ман аст,
Шӯълаи ёди фаромӯши ман аст!

Иван (ба Савоб бо ғамхорӣ)

Оҳ, Намозович, азизам, хастаед,
Бар кадоме ё магар дил бастаед?

Савоб (табассум карда)

Сохтмонро бар ту мебахшам, Иван,
Назди фарзандам ҳамин гапро назан!

Савоб баромада меравад. Иван Фомич ва Савсан дар саҳна мемонанд. Самандар боз сарашро бароварда, зуд ғайб мезанад.

Савсан

Эҳ, Иван Фомич, аҷоиб одамӣ,
Росташ, ки сарварию беғамӣ.
Ман ба курси пасту ту боло будӣ,
Дар суханварзӣ аҷаб аъло будӣ.
Нутқи ту аз духтарон мебурд дил,
Эҳ, Иван Фомич... каси номустақил!

Иван

Мустақил... Номустақил... Бишнидаам,
Рӯзҳои сахтро ҳам дидаам!
Лек бобоям парасторӣ намуд,
Ки зи истиқбол мехонам суруд.
Номи бобоям Иван, ман ҳам Иван,
Меҳр аз ӯ дар тамоми кори ман...

Савсан

Гӯй Иван Фомич!

Иван

Намегӯям...

Савсан

Чаро?

Иван

Ту надеҳ озор, Савсанҷон, маро.
Вақташ ояд, ман ҳикоят мекунам,
Аз ҳаётам ошноят мекунам…

Савсан

Ҳо, Иван Фомич, марди роҳсоз,
Тори истиқболи моёнро навоз!
Мо ҷавононем дар ин коргоҳ,
Ки барои дигарон созем роҳ.

Иван

Дигарон ҳам одамони мову ту,
Савсани ҷон, инчунин гапро нагӯ!

Савсан (бепарво)

Роҳи мо як зина бар оянда аст,
Пояи ин зина бас поянда аст!
Дониши худро бар он созем сарф,
То наёбад он газанд аз боду барф!

Иван

Рӯҳи Фирдавсӣ аз ин гап шод шуд!


Савсан

Шод, оре!.. Хонааш обод шуд!
Хонаи авлоди вай дар ин замон
Фатҳ бинмудаст Роҳи каҳкашон!

Иван

Халқи тоҷик он қадар ҳам шеърдӯст,
Ки сухан гӯяд, бигӯӣ, шеър ӯст.
Сад ҳазорон офарин бобомро,
Ки шиносонд Анварӣ, Хайёмро.
Рӯдакиро ҳам аз он омӯхтам,
Шеъри Шарқ аз вай ба дил андӯхтам...

Савсан

Кай намоӣ нақл аз бобои худ?

Иван

Фикри кор алҳол мебояд намуд!..

Иван пешу Савсан аз қафо баромада мераванд. Самандар аз гӯшаи пинҳоншудааш баромада, мобайни саҳна меояд.

Самандар

Гуфтаи Саттор-тағо аз рост аст?
Ин Иван Фомич чиҳо мехостаст!?
Ё аҷаб, ки боз омад моҷаро,
Ман магар осуда мемонам варо?!

Самандар ба тарафи Ивану Савсан рафтагӣ баромада меравад. Саҳна холӣ мемонад. Аммо Саттор бо хавоси парешон даромада меояд.

Саттор (худ ба худ)

Ҳеҷ ҷирме нест дар тору пудам,
Ман чӣ мехоҳам – намедонам худам...
Савсани ӯро писандидаст вай,
Ин муаммо... ин муаммо то ба кай?
Гар Самандарҷон шавад домоди ман,
Шод мегаштанд аз ин авлоди ман.
Лекин ӯ аз пушти Савсан шуд кашол,
Ки аз ин раҳ гаштанаш амри маҳол.
Гар намеомад ба ҷои ман Савоб,
Медаромад аз дари ман офтоб!
Ҳам Самандар медавид аз пушти ман,
Медавид аз пушти ман ҳатто Иван!
Хайр, агар аз бахт имдоде шавад,
Матлаби ман ҳам муҳайё мешавад...

Саттор баромада рафтанӣ мешавад. Аз пеш Самандари хастарӯҳ меояду Сатторро дида, даст меафшонаду ба як нуқта чашм дӯхта меистад. Саттор саропои ӯро аз пеши назар мегузаронад. Вай гумон мекунад, ки ягон кори ислоҳнопазире ба амал омадааст...

Самандар

Ман задам як мушт...

Саттор (тарсида)

Ҳай, ҳай... Ин чӣ гап?!

Самандар

Вазъият аз ман намуд инро талаб...
Мушти сахте ман задам...

Саттор

Ҳай, беҳаё,
Мондӣ акнун хешро ту дар бало.
То ду поят ҳаст – аз ин ҷо гурез,
Обрӯи дӯстонатро нарез!
Хайрхоҳат будаам ман, баччаҷон,
Дар балои кори худ манро намон!

Самандар

Э, тағо Саттор, иғворо кӣ кард,
Кӣ даруни синаам овард дард?
Он Шумо будед! Дар ин моҷаро
Мондаед акнун Шумо ҳам дар бало...

Саттор

Баччаи бефаҳму ноинсоф!

Самандар (бепарво)

Мушт,
Ман намедонам, кадомеро бикушт...

Саттор

Тавба кардам... Кушт мегӯӣ?

Самандар

Аҷаб
Будаанд онҳо касони хушадаб!..
Соддалавҳӣ кардаам дар ин замон –
Бар сари худ ман задам мушти гарон.

Саттор

Бар сари худ?

Самандар

Бар сари худ, эй тағо,
Ки сари ман боиси ин моҷаро...
(Сар меҷунбонад).

Саттор чизе нагуфта, ба Самандар ало нигоҳ мекунаду баромада меравад. Овози роҳсозон ва паровози роҳсоз ба гӯш мерасад. Самандар сарашро дошта мемонад.
Саҳна торик мешавад.
Охири намоиш





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »