Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

3ИНАПОЯ - ҚИСМИ ДУЮМ

САҲНАИ ШАШУМ


Манзараи намоиши якум. Бобо Намоз дар аробаи худаш нишастааст. Кадом як китоберо даруни дил мехонад. Нури чароғ дар пардаҳо бозӣ мекунад. Бобо Намоз ҳар замон сар бардошта, боз ба китоб менигарад... Баъди фурсате аз китоб дилгир шуда, онро мегузораду газетеро ба даст мегирад. Онро варақ мегардонаду чашмаш ба нуқтае дӯхта мешавад. Бобо Намоз шодмон мешаваду ба ваҷд меояд. Гӯё, ба наздаш одаме аз ҷаҳаннам омада бошад.

Бобо Намоз (худ ба худ)

Офарин!.. Вай зинда... Ман ҳам зиндаам,
Бо хаёли вай чунин пояндаам!
Роҳи оҳанро ману вай сохтем,
Дар дили даврон бино андохтем.
Петрович зинда будаст, офарин!
Бозию рақси маро акнун бубин!
Дӯстон, бахшед, ҳарфи ман дурушт, –
Зарби теғи душманон ӯро накушт!
Зиндаву поянда бошад ин Иван,
Ки умеди тоза овард ӯ ба ман!
(хаёл карда)
Сад ҳазор афсӯс.. пои ман ба банд,
Баччаҳоям ҳам дар ин ҷо нестанд.
Медавидам ман худам баҳри қабул,
Ки расонам бар Иван сад дастагул!

Бобо Намоз аробаашро ба ҳар сӯ медавонад. Мехоҳад, ки Иван Петровичро худаш пешвоз гирад. Аммо наметавонаду афсӯс мехӯрад. Дар ҳамин фурсат Нозбӯ даромада меояд.


Нозбӯ

... Ассалом, рӯзат бахайр, эй некрӯ!..
Мӯсафед, акнун зи ҷо бархез ту!..

Бобо Намоз

Нозбӯҷон, Нозбӯ, хуш омадӣ,
Эй зани покизарӯ, хуш омадӣ!
Қалбам аз ин ташрифат огоҳ буд,
Ки ду чашмам доимо дар роҳ буд!
Дар газета хушхабар гаштаст чоп
Петрович зинда!

Нозбӯ

Аз баҳри савоб,
Ман ҳамин пайғом овардам ба ту,
Лекин аз ман пештар...

Бобо Намоз

Ҳо, Нозбӯ!..
Дар газета хондаму шодон шудам,
Пеши чашмонам туро ҷӯён шудам!..

Нозбӯ

Бар Карамов буд ноиб ин сахӣ...

Бобо Намоз

Решакан шуд аз дамаш ҳар дӯзахӣ!

Нозбӯ

Рӯфтем аз роҳ мо ҳар хору хас,
Ёди он айём хело хуш ба кас!..

Бобо Намоз

Бар касе хуш, бар касе нохуш, валек
Роҳи мо дар хидмати халқ аст нек!
Духтари ман кушта шуд, ёдаш бахайр,
Кушта шуд аз дасти шӯ, на шахси ғайр.
Чун савол овард назди ман Савоб,
Ман туро дархостам баҳри ҷавоб!
Сад ташаккур!.. Петрович зинда аст,
Аз вафою меҳри мо поянда аст!..


Нозбӯ

Мӯсафед, монанди зан гап мезанӣ,
Қаҳрамонпирӣ ту, охир, на занӣ!?
Зеби чашми номдорон нест ашк,
Ҳусни рӯи қаҳрамонон нест ашк!

Бобо Намоз

Ашки шодӣ ашки ман, зеро Иван
Зиндаву солим бувад. Ин бахти ман!
Ман агар медоштам пои равон,
Пешвозаш мешитобидам ба ҷон!

Дар ҳамин фурсат овози мошине ба гӯш мерасад, ки вай наздик омада меистаду садои кушодаву пӯшида шудани дари он шунида мешавад. Лаҳзае хомӯшӣ. Нозбӯ ба тарафи овози мошин меравад. Бобо Намоз тахти равонашро ба он тараф ҳаракат мекунонад. Аз пеш Нозук, Савоб ва Савсан даромада меоянд. Савсан Нозбӯро оғӯш карда меояд. Ҳама ба сари Бобо Намоз меоянду ӯро ба навбат меҳрубонӣ намуда мебӯсанд. Мӯсафед аз ин ташриф бениҳоят сарбаланд аст. Тарафи Нозбӯ чашмакӣ мезанад. Нозбӯ бо қаноат сар меҷунбонад...

Савсан

Ассалом, бобо, шудам пазмонатон!

Савоб

Шодам аз рухсораи хандонатон...

Нозук

Мо Шуморо ёд кардем, эй падар,
Навҷавон дидем дар пеши назар!

Бобо Намоз

Навҷавонам... Ин ҷавонии шумост,
Буди ман аз меҳрубонии шумост!
Ёд кардам Савсани бебокро,
Духтари шоистаи дилпокро...

Нозук (гӯё рашк бурда)

Мо набудем он қадар дар ёдатон?

Бобо Намоз (ҳамаро аз пеши назар гузаронид)

Орзуям – хонаи ободатон!
Лек Савсан баҳри бобо беш азиз,
Ман дареғ аз вай надорам ҳеҷ чиз!

Савсан (бобояшро бӯсида)

Сад ташаккур, меҳрубон бобои ман,
Ки Шумо ҳастед!

Савоб

Ҷон бобои ман,
Духтари мо бар Шумо рафтасту лек
Модараш аз ишқи вай бар ғам шарик.
Ман миёни роҳ мондам...

Нозбӯ

Духтарат,
Фахр бинмо, ки бувад тоҷи сарат.
Меҳрубонам, духтарам, Нозукнисо,
Садди роҳи вай нашав ту ҳеҷ гоҳ,
Духтари ту аз Самандар бурда дил!

Савоб

Духтари ман ҳаст шахси мустақил,
Ҳар касеро хоҳад – он ёри вай аст,
Кӯҳнафаҳмиҳои моён то кай аст?!

Нозук (ба шӯр омада)

Ин чӣ гуфторест?!

Бобо Намоз (бурдборона)

Гуфтори ҳаёт,
Вақти шӯридан шав андак эҳтиёт!
Бо касе, ки меҳрубонӣ мекунад –
Духтари ту зиндагонӣ мекунад...

Нозук

Ман намехоҳам!.. Шумо бовар кунед,
Ки ман аз Савсан басо дорам умед.
Ҳарфи модар зери по созад агар,
Мешавад рӯзе пушаймон...

Нозбӯ

Дар назар
Одами шоистаи зебо худат.

Бобо Намоз

Нозбардори вуҷуди мо худат,
Инчунин гуфторат аз одоб нест,
Офтоби бахти вай дар хоб нест,
Вай падар дорад!

Нозук

Бале!.. Ман модарам,
Ки азобаш мебиёяд бар сарам.
Ҳозир ин ҷо будани вай хуб нест!

Савсан (хиҷолатманд)

Хуб, ман рафтам...

Савсан ба хона даромада меравад. Ҳама аз паи вай менигаранд. Бобо Намоз ба арӯсаш рӯ меорад. Нозбӯ ва Савоб гӯш мекунанду гоҳо ба ҳамдигар нигоҳ карда мегиранд...

Бобо Намоз

Азобат баҳри чист? Вай падар дорад-ку...
Ман ҳам зиндаам, Дар ҳавои меҳратон пояндаам.
Маслиҳат шояд раво бошад, арӯс?!
Ҳеҷ кор иҷро нашуд бо "дӯст, дӯст!"



Нозбӯ

Мардуми ин хонадон соҳибсавод,
Моҷаро дар ин макон бояд набод!

Савоб

Ман ҳаминро гуфтанӣ...

Нозук (бо пичинг ба шавҳараш)

Сад офарин,
Гуфтаи занро надон як ҷав барин!

Нозбӯ

Нозуки ман, рафта андак дам бигир,
Маслиҳат дорад басо роҳи мунир!
Ҷомаи бомаслиҳат кӯтаҳ мабод,
Мешавӣ рӯзе худат бисёр шод!

Бобо Намоз

Духтарам, рав, андаке осуда шав,
Пас биёву гуфтаи моро шунав...

Нозук ҳозиронро аз пеши назар норозиёна мегузаронаду дигар гап назада, тарафи Савсан рафтагӣ баромада меравад. Ҳама ӯро бо нигоҳ мегуселонанд. Бобо Намоз даст ба сару рӯяш мебараду пас ба Савоб менигарад...

Дар гумонам, байнатон ҷанҷол ҳаст?!

Нозбӯ

Дар миёни шӯву зан ин ҳол ҳаст.
Ҳар якаш хоҳад – гапи вай бигзарад,
Ки аз ин рӯ моҷароро мехарад...
Ман ба ҳайрат мешавам аз корашон,
"Ман зиёду ту камӣ!" – гуфторашон...

Бобо Намоз (ба Савоб)

Хӯш, гап зан, меҳрубонам, гап ба туст,
Бохабар соз аз дурусту нодуруст!
Ман агар аз по намемондам, худам
Аз тамоми кор огаҳ мешудам.
Ҳаст муаммое, ки се тан омадед,
Бо хаёлоте бари ман омадед...

Савоб (бурдборона)

Ҳаст, оре, як муаммо дар миён,
Ибтидояш бар Шумо гардид аён.

Нозбӯ

Ман равам?

Савоб

Не, не...
Шумо ҳатман зарур,
Бе шумо ҳарфам нагирад ҳеҷ нур.

Нозбӯ (хаёл карда)

Ҳарфи ту дар боби ишқи Савсан аст?

Савоб

Ростӣ ҳам, ин муаммои ман аст.
О, Самандар як ҷавони гапдарост,
Кору рафтораш ҳам айни муддаост.
Модари Савсан намехоҳад...

Бобо Намоз

Чаро
Ту азият медиҳӣ рӯҳи варо?
Ман дар он айём дар коре будам,
Пой аз ман рафта барҷое шудам...
Нозбӯ оинаи рӯзи шумост,
Рӯи пирон гап заданҳо норавост!

Савоб (шарм дошта)

Ман надонам, аз куҷо фаҳмида аст:
Пир бобои Самандар будааст!..



Бобо Намоз (якқад парида)

Ту чиҳо мегӯӣ?!.
Ин фикрат хатост...
Ё ту кун исбот – ин гуфтор рост!

Нозбӯ

Рост, бобояш...

Бобо Намоз

Ту будӣ бохабар?
Пас, чаро бар ман нагуфтӣ?

Нозбӯ

Мухтасар,
Ман туро пиндоштам соҳибдиле,
Ки кушояд ҳар гираҳ бо оқилӣ!
Мамлакат бахшид кирдори варо,
Мову ту дидем, о, кори варо!
Баччаҳояш дар амал, хизматрасон,
Вай худаш ҷангид зидди душманон...
Одамеро, ки Ватан бахшидааст,
Имтиёзе дораду рахшидааст!

Бобо Намоз

Пас, чаро боре наомад назди ман?

Нозбӯ (худро ба нодонӣ зада)
Кӣ наёмад?

Бобо Намоз

Пирмуҳаммад...

Нозбӯ

Ин сухан
Нашнавам дар ҷои дигар аз ту ман!
Духтаратро шавҳараш кушту валек
Вай шуморад хешро бар он шарик...

Лаҳзае дар саҳна хомӯшӣ ҳукмфармо мешавад. Ҳозирон ба рӯи ҳамдигар санҷишкорона нигоҳ мекунанд. Бобо Намоз ба хаёл фурӯ меравад. Савоб дар гӯшае бо сари хам андеша меронад...

Бобо Намоз (ёди гузаштаро ёд оварда)

Шавҳарашро духтарам паррондагӣ,
Аз хиёнат роҳ эмин мондагӣ...
Дар задухӯрди ҳаёту роҳи нав
Буд зисти ҳар яки моён гарав!
Хотирот аз он замон дар ёди мост,
Роҳи оҳан зинаи бунёди мост!
Нозбӯҷон, назди келин меравем,
Ки тарозу байни инҳо то шавем.
Ҳал кунем ин кор дар ғайби Савоб...

Бобо Намоз андешаманд аробаашро ба ҳаракат медарорад. Нозбӯ мадад мерасонад. Онҳо баромада мераванд. Савоб аз ибораи "дар ғайби Савоб" истиҳола намуда, дар ҷояш карахт шуда мемонад... Баъди лаҳзае ба андеша фурӯ меравад.

Савоб (худ ба худ)

Ман наям Гамлет...
Ман як инжинер,
Ки бисозам зинаи роҳи кабир. Аҷаб,
Кӯпрукро сохт Иван Фомич...
Ки фитода дигарон дар тобу таб?!
Ман ва мисли ман касон дар сояем,
Ҳар қадар дар кӯпрук мо пояем...
...Ҳар касеро ҳаст фарзанди зиёд,
Ки маро ҷуз духтаре олам надод...
Ман, ки аз модар фақат якто шудам,
Як нишони духтари бобо шудам!
Як нишон аз ман ба олам Савсан аст,
Ки барояш дар гарав буди ман аст!
Ман падар, ман розӣ... Розӣ духтарам,
Модараш норозию дарди сарам...

Савоб ба тарафи онҳо рафтагӣ баромада меравад. Иван Фомич даромада меояд. Вай мебинад, ки дар атроф касе нест, овоз мебарорад...

Иван Фомич

Ҳой, ин ҷо одаме бошад магар?
Ё фитодам ман ба адреси дигар?!

Бо хавотирӣ қадам мезанаду дар гӯшае ҳаросон меистад. Савсан худ ба худ гап зада мебарояд. Вай Иванро намебинад...

Савсан (худ ба худ)

Аз тамоми ҷой меронанд... Аҷаб,
Ки намеронанд бар дашти ҳалаб!..
(Нохост Иванро дида мемонад)
Ҳо, Иван Фомич, чун ин ҷо омадӣ?
Бо супориш аз паи мо омадӣ?!

Иван

Духтари гулрӯй, аввал – ассалом...

Савсан (худро гум карда)

Ассалом!..

Иван Фомич

Акнун бигӯям ман калом:
Бо супориш, бе супориш... Ку дадет?
Корҳоро монда, ҳар се омадед.
Як саволе ҳам надодетон ба худ,
Ки Иван Фомич куҷо бошад?...

Савсан (тарсида)

Чӣ шуд?

Иван (бепарво)

Он қадар ҳам ман дару кӯ кофтам, –
Мулкатонро бо азобе ёфтам...

Савсан (дар ташвиш)

Хуб кардӣ – ёфтӣ... Аммо чӣ шуд?

Иван (бепарво)

Осмонро Вахш дар ҳукмаш рабуд,
Чунки аз болош мо Пул сохтем,
Кӯпрукро дастаи гул сохтем!

Савсан

Ҷони ман, Фомич. Натарсон, рост гӯй,
Ки чаро ту омадӣ?

Иван Фомич

Фардост тӯй...
Мову ту хондем дар як институт,
Ёди устодонамон тобем бурут!

Самандар як пайдо мешаваду паси парда пинҳон мегардад. Вай бештар ба муносибати Савсану Иван аҳамият медиҳад. Аммо бурдборона мепояд, ки ягон ҳарфи муҳаббат байни онҳо мешавад ё не...

Савсан

Ваняҷон, ман...

Иван Фомич

Ҳа, ту ҳастӣ бебурут,
Лек мо хондем дар як институт!
Обрӯи он макони илму фан,
Орзу дорам, ки медорӣ баланд!

Савсан

Росташ, ки ҳай суханпардоз ту,
Нуктадону нуктафаҳми соз ту.

Иван Фомич

Таърифат бисёр шуд...

Савсан

Корат ба кист?
Бар дадоям ё ки бобоям?

Иван (хандида)

Ба туст!

Савсан бо ҳайрат ба Иван менигарад. Иван Фомич санҷишкорона ба Савсан нигоҳ мекунаду табассум карда меистад... Самандар аз гӯшаи пинҳон шудааш мебарояд.
Вай ба назар хело асабӣ метобад. Савсану Иван Фомич ӯро намебинанд. Дар ин лаҳза Савоб баргашта меояду аввал чашмаш ба Самандар меафтад ва баъд Иван Фомич, инчунин Савсанро мебинад...

Савоб

Ҳо, Самандарҷон, ту ҳам дар шаҳр-ку...
Ё биёвардӣ ба ман пайғом ту?!

Самандар (аз роҳбараш ваҳмида)

Истироҳат буду бар шаҳр омадам,
Дидани Бобо Намозам – мақсадам!

Савоб (дида)

Э, Иван Фомич ҳам ин ҷо!?

Иван

Ассалом!

Савоб

Ассалом, эй марди хуби некном!
Ташрифи мардони неки комкор
Шуд барои ман асоси ифтихор...
Гап занетон, дӯстон!

Иван

Бобо Намоз,
Гуфта будандам: Каси меҳмоннавоз,
Баҳри санҷиш омадам...

Савоб

Хуб кардаед,
Ки Самандарро ба худ овардаед!



Самандар

Не, амакҷон, ман... худи ман омадам,
Дидани Бобо Намозам – мақсадам!
Бо Иван Фомич шудам ин ҷо дучор,
Ки ба Савсан доштанд гуфтугузор...

Иван Фомич

Рост ин гап!.. Кӯ ба кӯ ман кофтам,
Мулкатонро оқибат дарёфтам...

Савсан (шубҳаомез)

Дар чунин гапҳо ягон розе ниҳон,
Ки хабар бояд намоям дигарон!..

Савсан тозон меравад.

Иван Фомич (андешаманд)

Субҳи дигар мо ҳама дорем тӯй,
Пул ба рӯи Вахш ояд хубрӯй.
Ин на аз он кӯпрукҳои дигар,
Сад қатора гардад аз вай дар гузар!
Одамон оянд аз ҳар як канор,
То кунанд аз синфи коргар ифтихор.
Лек мебинам – Савоби меҳрубон
Бо хаёли хеш дорад гирумон.
Петровичро кӣ гирад пешвоз
Ҷуз касони наздики Бобо Намоз?

Савоб (хаёл намуда)

Петрович... Ман ба вай хат кардаам,
Ки биёяд!..

Иван Фомич

Муждааш овардаам,
Ки шавад имрӯз вай дар шаҳри мо,
То бубинад дӯстони бовафо!

Аз тарафи хона Нозбӯ Бобо Намозро гирифта ба саҳна меорад. Савсан бо сари хам аз паи онҳо меояд. Аз дур овози мошин шунида мешавад. Ҳама ба он тараф нигоҳ мекунанд... Аз берун Иван Петрович ва Пирмуҳаммад даромада меоянд. Чеҳраҳои пур аз табассум ба ҳамдигар бармехӯранд.

Петрович (ба Намоз)

Марди барҷомондаи ман, ассалом!
Хез аз ҷоят, маро кун эҳтиром!
Ман гумон дорам, маро нашнохтӣ?
Шартбозиро ба ман мебохтӣ...

Бобо Намоз (Ҳайрати дигаронро дониста)

Эҳ, Иван... Эҳ Петрович, ҷони ман,
Ман намеёбам барои ту сухан!
Манзили ман равшан аз рухсори туст,
Рӯзгорам босафо аз кори туст!

Петрович (Нозбӯро дида)

Ё худои ман!.. Баҳори орзу
Дар шукуфтан буд бо ин Нозбӯ...
Ин туӣ?

Нозбӯ

Оре, манам...

Бобо Намоз

Марди наҷиб,
Пешкаш ин Тоҷикистони аҷиб...
Ин сари моён нишастангоҳи туст!

Петрович

Нозбӯ тоҷи сари моён...

Бобо Намоз

Дуруст,
Ки вай аз маргат халосӣ дода буд,
Баҳри ҳифзат ҳамчу кӯҳ истода буд.

Петрович

Ман ба чашмонам надорам боварӣ,
Ё худои ман!..

Нозбӯ

Иван, тоҷи сарӣ,
Аз қудумат дӯстонат шодмон,
Ин "худо"-гӯии худ як сӯ бимон!
Хоҷаи Хизрат магар роҳӣ намуд,
Ки зи дидорат дили мо шод шуд?!

Петрович

Бо хаёли дӯстонам омадам,
Бар диёри бӯстонам омадам.
Чун хабар аз Вахш бар номам расид,
Ман ба парвоз омадам бо сад умед.
(ба Бобо Намоз)
Лек дар ин шаҳр кардам ёди ту,
Омадам бар хонаи ободи ту!

Бобо Намоз

Сад ташаккур!..

Петрович

Бар Савоб ин ҳарф гӯй,
Ки маро даъват намуда вай ба тӯй.
Номаашро ман гирифтам... Аз Иван
Номаи дигар расид бар номи ман...
Омадам!

Бобо Намоз

Хуш омадӣ, ҷону ҷигар,
Мо шудем аз ту баринҳо мӯътабар.

Петрович

Ин ҷавонон аз чӣ дам истодаанд?
Ё ҳуқуқи гап ба моён додаанд?

Савоб

Одами некед!

Иван

Ҷонам Савоб,
Лентаро ин кас бибурранд...

Савоб

Фикри боб!

Пирмуҳаммад

Мо касони хосаи даврон шудем,
Баҳри фарзандони худ мо ҷон шудем.
Ман гурезонам ҳамеша аз Намоз,
Ки шудам як шоҳиди он сӯзу соз!
Ҳар гуноҳе доштам – бахшид Иван,
Ҳар гуноҳе кардаам – бахшид Ватан!
Ман кунун як одами шоистадил,
Ки насозетон Самандарро хиҷил...
Ҳар гуноҳе кард – бобояш бикард,
Ин набинад аз гуноҳам ҳеҷ дард.
Модари Савсан намехоҳад, ки мо
То бигардем дар ҳамин даврон қудо!..

Иван

Дӯстиву ошиқӣ бошад ду чиз,
Бар Самандар лутф, бобои азиз!

Самандар (ба Иван)

Марди соҳибдил, зи ту болам!

Иван (хандида)

Аҷаб,
Ки насозӣ кордро акнун талаб?!

Самандар

Сад ҳазор афсӯс... Кардам ман хато,
Ошиқи Савсан бидонистам туро.

Петрович

Ваня дорад зан... Яке фарзанд ҳам,
Ки нагардад назди мардум муттаҳам.
Меҳрубонам, хотиратро ҷамъ дор,
Баҳри Савсанҷони худ гулдаста ор!
Хоҳише дорам ман аз Бобо Намоз,
Ки бигардонад туро вай сарфароз!..

Савоб (ба Самандар)

Бехабар мондем аз ин рафтори ту
Моҷароҷӯӣ магар шуд кори ту?

Иван

Вай ба наздам омаду як ҳазл кард
Ҷони ошиқ доимо бошад ба дард.
Дар гумонам буд як иғвогаре,
Ки Самандарро намуд ӯ раҳбарӣ!

Бобо Намоз

Кист он марди касофат?

Петрович

Рост гӯй,
Ки намоемаш ҳама беобрӯй...

Нозбӯ

Ман тасаввур мекунам он мардро,
Одами ноодами бедардро.
Вай Савобамро надорад дӯст ҳеҷ,
Ки диҳад озор ӯро пардапеч!..

Савоб

Одами шоиста вай!

Иван

Аммо ҳасад?!

Петрович

Бо ҳасад одам ба ҷое мерасад?

Нозбӯ

Дар гумони вай ҳамин кораш накӯст...


Бобо Намоз

Мешуморад вай худашро дӯст...

Петрович

Дӯст?

Иван

Ман фақат як шарҳ мебояд диҳам,
Дӯстон, Саттор шахси мӯҳтарам.
Вай каме дорад ҳасад... Аммо Савоб
Одами шоистаи олиҷаноб.
Ин суханҳоро ба ҷое ҳам нагуфт,
Чунки аз кори рафиқаш мешукуфт.
Вай намедонист – гап ҷои дигар:
Ҳардуро ҳам ҳаст духтар...

Нозбӯ

Эй писар,
Одами хубеду аммо...

Петрович

Дӯстон,
Инчунин сӯҳбат набуд андар гумон.
Ку, бародар, модари Савсан?.. Бигӯ,
Ки Савобашро бидорад дӯст ӯ!?

Нозбӯ

Петрович, дӯст медорад!.. Валек
Вай фақат норозӣ бар як роҳи нек...

Пирмуҳаммад

Петрович, узру маънӣ хостам,
Ман ҳаётамро басо ҳам костам.

Як замоне будаам ман роҳгум,
Мулки ман бахшид...

Петрович

Он даврони шум
Мебаровард одамонро аз раҳе,
Ки давомаш буд ин як гумраҳӣ...

Иван Фомич ба тарафи Нозбӯ, Бобо Намоз ва Савсану Самандар чашм медӯзад. Самандар сар хам намуда, назди бобояш истодаст. Дар ҳамин фурсат Нозук аз хона мебарояду рост ба назди Иван Петрович меравад. Даст ба салом медиҳад. Ҳама ба вай менигаранд...

Нозук

Ассалом, хуш омадед, ҷон пешкаш,
Хонадони мо баротон пешкаш!
Мо шуморо бениҳоят дӯстдор,
Мекунем аз номатон бас ифтихор!
Роҳи оҳан то Душанбе аз Шумост...

Нозбӯ

Духтари ман дар ҷаҳони корҳост...

Петрович (табассум намуда)

Ҳар яке бо рамз ин ҷо гап зананд,
Ҳар яке, аз ростӣ, ҷони мананд!
Лек ҳайронам ба ин Бобо Намоз,
Ки ба ҳар кас дода бисёр имтиёз!

Бобо Намоз

Пой, ҷонам, пой, дар роҳи мунир
Дар ҳамин ҳолат бимондам!..

Петрович

Муқтадир
Одамони соядори пок буд,
Мардуми аз баҳри дил бебок буд!
Як хабар бар ман фиристонӣ агар,
Мешудам ин ҷой...

Бобо Намоз

Эй ҷону ҷигар,
Ман Савобамро бигуфтам болу пар,
Кӯдакашрову занашро тоҷи сар!
Лек ҳайронам...

Петрович

Нашав, ҳайрон, шарик,
Мову ту дидем рӯзи бад ва нек...
Аввалин раҳ бар Душанбе сохтем,
Духтаратро дар ҳамин раҳ бохтем...
Аз барои ту набуд осон, Намоз,
Аз абера, аз Савобат шукр соз!
Пул ба ҳар ҷо, ҳар касе созад, валек
Пул ба рӯи Вахш беандоза нек!
Роҳи оҳан бигзарад аз рӯи он,
Ки бувад ин шодии ҳар як ҷавон!

Иван

Хуб мегӯед, бобоҷони ман,
Ки маро ҳам нийяте буд ин сухан!

Савоб

Ман басо миннатпазирам аз шумо,
Аз Шумо, Фомич, ҷавони бовафо,
Аз Шумо, момои ҷонам, Нозбӯ,
Ки маро бахшидаед ин сон шукӯҳ!
Ман ба ҳар як гӯшаи мулки азиз
Кор кардам... Кор кардам ботамиз.
Лек бобоям ки дар ин мулк буд,
Мавзеи корам ҳамин ҷоҳо бишуд.
Кӯпрукро ман наям сарвар, вале
Ман ба ин Фомич бигӯям: сад бале!
Духтари ман ҳаст дар ҳукми худаш,
Ҳар касеро хост – ин буду шудаш!..
Ҳарфи дигар гуфтанӣ ҳам нестам,
Ишқро – як давра медонистам...
"Нею нестон" кардани Нозук хатост,
Пирмуҳаммад ҳам яке бобои мост...

Савоб баромада меравад. Ҳама дар ҳайрат. Савсан ҳамаро аз пеши назар мегузаронаду "Дадаҷон"! – гӯён аз паи Савоб баромада меравад. Самандар ҳам ба он тараф метозад. Нозук ба китфи Бобо Намоз дармеафтад...

Петрович (хомӯширо пароканда карданист)

Дӯстон, субҳи дигар дар назди Пул
Одамон оянд чун як дастагул.
Ин шаб он ҷо меравам бо ин Иван,
Ки биёмад вай бар истиқболи ман!
Нозбӯҷон, меҳрубони ман Намоз,
Мо ҳама бошем дар он тӯй – соз!

Бобо Намоз

По надорам...

Иван

Поятон ҳастем мо!
Мебарем дар мошина.

Бобо Намоз

Ташвиш чаро?
Дар телевизор мебинам варо!
Чунки бо келин напухта ҳарфи ман...

Петрович

Пухт акнун!..

Нозбӯ

Вай намегӯяд сухан!?

Иван (андаке бо тамасхур)

Як ҳамин зан шахси духтардор нест,
Инчунин рафтори ӯ аз баҳри чист?..

Нозук (каме хаёл карда)

Ман намедонам... Дили модар-дия...
Ҳарфи бобояш... агар хоҳад кӣ-я!


Петрович

Нозуки ҷон, дорам аз ту илтимос,
Ки насоз аз духтари худ лӯттабоз!

Нозук сар хам мекунаду гап намезанад. Саттор даромада меояд, ҳама ба вай менигаранд, Саттор касеро меҷӯяд...

Саттор

Ассалом, ёрон, расидам ман аз он-к,
Узр хоҳам аз Савоби меҳрубон...

Нозук

Дар сари коранд он кас...

Саттор (узрхоҳона)

Хуб, ман
Рафта мегӯям дар он ҷо сухан!

Ба ҳама таъзим мекунаду баромада меравад. Ҳозирон ғолибона ба ҳамдигар менигаранд ва бо имову ишора чизеро фаҳмонданӣ мешаванд... Петрович Иван ва Пирмуҳаммад сӯи одамони дар саҳна бозмонда дастафшон баромада мераванд.

Бобо Намоз (аз паи онҳо чашм дӯхта)

Роҳатон бодо муборак, дӯстон,
Зина месозед сӯи осмон!..
Дил агар дорем – он ҳам Маскав аст,
Зинаи нав сӯяш – ин роҳи нав аст!!!

Акси чароғ дар парда бозӣ мекунад. Дар саҳна бо нури чароғ роҳи оҳанро нишон медиҳанд. Аз як тараф Нозбӯ, аз тарафи дигар Нозук тахти равони Бобо Намозро ба тарафи нур ҳаракат медиҳанд. Акси чароғ бори дигар дар пардаҳо равшантар бозӣ мекунаду одамони мо ҳаракаташонро давом медиҳанд!

Парда


« Бозгашт | МУНДАРИҶА