Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

3ИНАПОЯ - ҚИСМИ ДУЮМ

САҲНАИ СЕЮМ



Манзараи саҳнаи аввала. Бобо Намоз, Савоб ва Нозбӯ дар саҳна. Ҳама дар тариқати истоди худ оҳ мекашанд. Савоб сар хам карда истодааст. Нозбӯ саволомез ба тарафи Бобо Намоз менигарад. Вай мехоҳад, ки бо ҳамин сабукие ба миён орад...

Нозбӯ

Роҳи оҳан... (оҳ мекашад.)

Бобо Намоз

(Оҳ кашида.) Роҳи оҳан... Он азоб
Мешавад, аз ростӣ, садҳо китоб!..

Нозбӯ (ба Савоб)

Ҷони момо, шоҳиди он даҳшатам,
Аз чунин рафтори ту дар ҳайратам.
Модари ту як зани шоиста буд,
Дар раҳи поки ҳақиқат кушта шуд.
Тири марговар ба ҷони вай расид,
Лекин аз пушти хиёнатгар давид.
Байни раҳ афтода, бар як мӯсафед
Гуфтааст аз он хиёнат...

Бобо Намоз

Бо умед
Ман калонаш карда будам, эй Савоб!..
Гуфтаҳои Нозбӯ бар ту ҷавоб.

Савоб (бурдборона)

Сад ташаккур!.. Кӯҳ аз дӯшам фитод,
Ин ҳикоят сафҳаи навро кушод.
Лек мехоҳам ба ман гӯед зуд,
Ки шумо "ҳамсоя" гуфтед, он кӣ буд?

Нозбӯ

Пирмуҳаммад буд... Фарзандони ӯ
Соҳиби ҷоҳу ҷалолу обрӯ.
Вай гуноҳашро ба кори худ харид,
Аз атои давлати мо бахт дид!

Бобо Намоз

Бесаводӣ карда будаш роҳгум,
Пас ғашаш меомад аз он рӯзи шум.
Бо сари хам доимо мегашт он,
Дод дар меҳнат худашро вай нишон.

Нозбӯ

Давлати мо – давлати одил, писар,
Ки бихоҳад аз ҳама ақлу ҳунар.

Бобо Намоз

Пирмуҳаммад роҳсози хуб шуд,
Бо фидокореш вай маҳбуб шуд.
Дар раҳи Помир номаш шуд баланд,
Сарфароз омад вай аз Ҷанги Ватан.
Ҳар қадар мегашт соҳибэҳтиром,
Он хатояш буд дар ёдаш мудом.
Хостам, ки вай биёяд назди ман,
Назди ту аз модарат гӯяд сухан,
Лек сад афсӯс...

Нозбӯ

Ҷони ман, Савоб,
Қиссаи бигзаштаро акнун накоб!

Ман ва бобоят касони хайрхоҳ,
Роҳи оҳанро бубар то худди моҳ!

Савоб

Сад ташаккур, умратон бодо дароз,
Ки маро кардед беҳад сарфароз.
Таънае дар синаи ман доғ буд,
Нақлатон дар ботини ман боғ шуд.

Бобо Намоз

Хӯш, моро назди дастархон бубар,
Як зиёфат кун!


Нозбӯ

Шавад ширушакар!

Савоб (табассум карда)

Марҳамат, момои ҷонам, марҳамат,
Марҳамат, бобои ҷонам, марҳамат!

Савоб бо даст тарафи хонаро нишон медиҳаду тахти равони бобояшро ба ҳаракат медарорад. Ҳама мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад... Нури чароғ дар пардаҳо бозӣ мекунад. Савсан ва Самандар дохили саҳна мешаванд. Нағмае навохта мешавад. Самандар оҳ мекашад. Савсан ба тарафи вай бо ноз нигоҳ карда, баъд ба сурудан медарояд...

Суруди Савсан

Аз баҳору аз муҳаббат ифтихоре доштам,
Дар сарам андешаҳои беғуборе доштам.
Зина мепиндоштам то роҳи оҳанро ба хеш,
Ман ба роҳи мақсади худ бурдборӣ доштам!
Ҳастии ман обутоби кӯҳсоронро гирифт,
Сарбаландӣ аз шукӯҳи кӯҳсоре доштам.
Қиссаи айёми пешин хондаам, донистаам,
Лек ишқи беҳубоби чашмасоре доштам.
Қиссаҳоеро шунидам, ҷони ман оташ гирифт,
Оташи фардои дилро дар каноре доштам.
Хоҳам аз ту, зй Самандар, узру маънӣ, аҳди худ
Дар вафою дар таманнои баҳоре доштам!

Самандар (бо шӯхӣ)

Ин суруде буд?.. Ҳайронам, чӣ буд...

Савсан (меранҷад).

Ҳасбу ҳоли ботини ман ин суруд!?

Самандар (орзуманд)

Роҳи оҳан то ба Ёвон мерасад,
Ғуссаи ман ҳам ба поён мерасад...
Пас, суруди тозае иншо кунем,
Хонадонро хурраму зебо кунем!

Савсан (бо хаёл)

Таънаи як рӯз бар ман кардаат,
Ҳам гули зарди ба ман овардаат,
Аз чӣ бошад, ки ба ёди ман расид...

Самандар

Оҳ Савсан!?..

Савсан

Соати гуфтан расид.

Овози Савоб

Духтарам, Савсаннисо!..

Савсан

Лаббай, падар!

Савсан тозон меравад. Самандар аз паи вай чизе гуфтанӣ мешаваду аммо худдорӣ мекунад. Бо андеша дар саҳна қадам мезанад. Дилаш мехоҳад, ки Савсан баргардаду вай вақти мулоқотро муайян намояд. Аммо аз Савсан дарак намешавад. Самандар худ ба худ гап мезанад.

Самандар (худ ба худ)

То кунун охир набудам бохабар...
Хуб, ман ҳам меравам... Аммо дилам
Чашмдори рӯзҳои мушкилам.
Ё каме истам? Барояд офтоб?..
Модараш ояд, шавад ҳолам хароб.
Беҳтараш бояд равам... Банд аст ӯ.
Меравам рӯзе ба назди Нозбӯ.
Қисса мепурсам зи бобоям, сипас
Ман ба ин даргоҳ оям бо ҳавас.
Лайлию Маҷнун ҳам охир аз ду қавм
Будаанду... Хайр, даври мост нав!
Хизмати ҳарбӣ намудам. Ман бадам?
Роҳи оҳан... бо умедаш омадам.
Маълумотам андаке паст аст, лек
Ҳа нагуфта, мерасад он рӯзи нек.
Вай намедонад, ки ғоибхон манам,
То ба пайташ хубтар ногуфтанам…
Баъди ин сон қиссаҳое аз ҳаёт
Чист акнун гуфтугӯ аз маълумот?!

Самандар рафтанӣ мешавад. Нозукнисо даромада меояд. Вай Самандарро дар ҳавлиашон дида, як дараҷа дигар мешавад. Самандар ӯро дида саросема шуда мемонад.

Нозук (бо писханд)

Рӯзатон хуш бод!

Самандар

Модар, ассалом!

Нозук

Ассалом!

Самандар

Дорам хаёле субҳу шом,
Ки ҳама кори шумо ёбад ривоҷ!

Нозук (бо пичинг)

Ту ба ман мебахшӣ рӯзе тахту тоҷ!?

Самандар

Рост ин гап. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест!
Модари ҷон, ин пичинг аз баҳри чист?

Нозук

Ҳавлии моён наё, эй гулписар,
Ҳам маро "модар" нагӯ бори дигар!
Духтари Саттор бурдаст аз ту дил,
Ту намебошӣ ҷавони мустақил...
Рав, зани Сатторро "модар" бихон,
Ки бароят мешавад вай меҳрубон!

Самандар (карахт шуда)

Чи-ӣ?.. Чиҳо гуфтед?!.

Нозук

Нестӣ, охир, ту кар,
Баҳри Савсан ҳаст домоди дигар!

Нозук рӯй гардонда, баромада меравад. Самандар дар ҷои истодааш шах шуда мемонад... Чашмаш ба тарафи Нозук рафтагӣ дӯхта шудааст.


П а р д а







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »