Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

3ИНАПОЯ - ҚИСМИ ЯКУМ

САҲНАИ ДУЮМ

Саҳнаи ёдоварӣ



Нури чароғ ҳар тарафро ба назари тамошобин нур андар нур метобонад. Дар қафои саҳна хатти роҳи оҳан намоён мешавад. Дар гӯшае хоначаи чӯбин намоён аст, ки вай истиқоматгоҳи назоратчиёни сохтмон мебошад. Он хона дар лавҳа кашида шудаасту нури чароғ онро шаҳоматнок нишон медиҳад. Дар як канор белу метину мисрону каланд хобидааст. Дар пардаи охир чӯбҳои зери роҳи оҳан (шпал)-ро раф зада мондаанд. Мардони либоси коргарӣ дошта аз тарафе ба тарафе мегузаранд. Ҳама ба назар саросема менамоянд. Анор дар хамгаште истода, сӯҳбати одамони паси пардаро гӯш мекунад. Аз паси парда овози нимғурмаи чанд нафаре шунида мешавад. Нури чароғ дар парда бозӣ мекунад. Як тарафро нимторику тарафи дигарро равшан нишон медиҳад. Дар нури чароғ роҳи оҳан гоҳ метобаду гоҳ аз назар пинҳон мешавад. Боз одамон аз тарафе ба тарафе мегузаранд. Як зане ҳам аз тарафе мегузараду дар гӯшае пинҳон мешавад. Анор мобайни саҳна меояд. Нури чароғ фақат чеҳраи ӯро равшан мекунад. Анор хотирмушавваш аст...

Анор

Кистанд ин одамони шубҳанок?
Ку падарҷонам?.. Дили ман чок-чок.
Қасди бад доранд инҳо, ё аҷаб,
Чун комиссарро намоям ман талаб?!
Шавҳари ман гашта бо онҳо шинос?
Менамуд аз сидқи дил вай пурсупос...
Бар дадоҷонам хабар бояд расонд,
То комиссар бохабар бошад аз он.
Метину мисрон фақат дар кор буд,
Дасти аҳли кор пуробила шуд.
Роҳро вайрон намудан даҳшатест,
Даҳшати ин рӯзҳои беғашест.
Аз Сибир ин чӯбҳо овардаанд,
Дар Урал оҳан муҳайё кардаанд...
Шавҳари ман ҳамраҳи ин нокасон?
Бар ман, эй Гурдофарид, қувват расон!
Давлати халқ аст ин Роҳи кабир,
Мурдани бадхоҳи ин раҳ ногузир!
Ман бигирам садди ҳар як кори бад,
Роҳи оҳан то Душанбе мерасад!
Дод бар дастам комиссар ин наган,
Кор андозам варо бар хасм ман.
Шавҳари ман рафта чун бо он гурӯҳ,
Тири ман афтонадаш аз тори кӯҳ!

Аз бағал таппончаро мебарораду мили онро мебӯсад. Ин ҳолатро Нозбӯи ҷавон ногоҳ мебинаду тозон ба назди Анор меояд...

Нозбӯ

Ҷони ширинам, чӣ нийят доштӣ,
Бар даҳон таппончаат бигузоштӣ?
Ихтиёри ин ба дасти ман гузор,
То нагардад шири кӯдак ногувор...

Анор (Таппончаро ба ҷояш гузошта)

Оҳ, момодоя рӯзи ман сиёҳ,
Ҳолати ман, ростӣ, бар ин гувоҳ.
Бар дадоям зуд расонед ин хабар,
Ки дар ин ҷо одамони пурхатар!
Зуд, момодоя!

Нозбӯ

Ҷонам, ғам нахӯр,
Ки ҳимоятгар одамҳои зӯр!

Нозбӯ меравад. Анор бо ҳарос атрофро аз пеши назар мегузаронад... Дар ҳамин фурсат ду марди саллабанди аслиҳанок ва шавҳари Анор – Мастур дохили саҳна мешаванд. Мардони саллабанд дар ду гӯша меистанду Мастур назди Анор меояд. Вай дар либоси одамони мост. Анор ба вай ҳатто нигоҳ намекунад...

Мастур

Шоҳиди ман ҳидояти оллоҳ, –
То Душанбе намерасад ин роҳ!
Пири якрав ба бахти мо зомин,
Лек мешуд ҳаётамон ширин...

Мир (Бо писханд)

Занатон духтари ҳамон пир аст.

Пир

Занашон одамест – шамшер аст!

Мир

Дами шамшер мо бигардонем,
Зидди оллаҳ қадам намемонем!..

Анор

Давлати халқ ончунон пок аст, –
Теғи вай зидди хасм бебок аст!

Мастур (ба занаш)

Бо алав баҳри бахти ту бозам...
Ман ба ту қасру қалъа месозам!
Кофиронро нашав ту пуштупаноҳ, –
То Душанбе намерасад ин роҳ!

Анор

Кофир он аст, ки нийяташ ифлос...

Мастур

Ин гапат рост, донаи алмос!
Нийяти ин гурӯҳ покиза нест...
Маънии хатти роҳ охир чист?!
Буду нобуди Тоҷикистонро
Мекашонанду мебаранд онҳо.
Ивазаш – маллабойҳо оянд,
Бар ману бар ту кор фармоянд!

Анор (Лаб газида)

Шубҳае доштам зи рафторат,
Бар касе ман нагуфтам аз корат.
То кунун ман накардам андеша,
Ки хиёнат намудаӣ пеша...

Мастур

Эй занак, ту нагӯй сафсатта,
Ки ба як риштаем пайваста.
Қадами худ зи роҳи ман бигзор,
Ки замоне шавӣ ту миннатдор!

Анор (Бо андеша)

Падарам бар ту меҳри беҳад дошт,
Комиссар ҳам ба ту муҳаббат дошт.
Шуд аёнам, ки одами пастӣ!..
Ба ҳамин нокасон ту дил бастӣ.

Мир

Ҳой, хоҳар, намой андеша,
Ту ба пои худат назан теша!
Зани Мастур агар намебудӣ..,

Пир

Дами шамшери мо ҳамебудӣ!

Мастур (ба шариконаш)

Ҳама гап бас! Бас аст гуфтушунуд,
Паи иҷрои нақша бояд шуд!

Мир

Хуб, рафтем мо паи он кор.

Пир

Зани худро ту бар ифоқа биёр!

Мир ва Пир ба Анор бо таҳдид нигоҳ мекунанду баромада мераванд. Анор бо тамасхур аз паи онҳо нигоҳ мекунаду ба тарафи дигар баромада рафтанӣ мешавад. Мастур сари роҳи ӯро мегирад.

Мастур

Ист!!!

Анор

Бегонаам ба ту акнун!


Мастур (бо илтиҷо)

Ҳурмати тифли бегунаҳро кун!
Чӣ набошад – барои вай падарам...

Анор

Гум шав, беҳаё, ту аз назарам.
Зидди икболи халқ мебошӣ,
То куҷо меравӣ ба авбошӣ?!
Чун муаллим ба деҳа омаданат
Ҳамаро шод карду...

Мастур

Пӯш ту даҳанат!

Анор

Назди мардум мусичае будӣ,
Ки диламро рабудӣ ба зудӣ.
Бехабар аз гузаштаат будам,
Ки хатои азим бинмудам.
Дар вуҷудат будаст номардӣ,
Сурати худ кунун аён кардӣ!..

Мастур

Ту ба ман, эй Анор, таъна назан,
Ки ба ту шавҳарам, ту бар ман зан!
Рӯи шавҳар давидани зан бад! –
Дар миёна талоқ меафтад...

Анор

Аллакай он талоқ афтода,
Қисматам хоине ба ман дода...
Рафта гардон ту хоҷаҳоятро,
Варна мебинӣ интиҳоятро!

Мастур

Сирри манро ту фош месозӣ?

Анор

Бо думи шер мекунӣ бозӣ?

Мастур (бо тамасхур)

Шер оё туӣ?

Анор

Бале, ман шер,
Ҳастам аз шерҳои рӯбаҳгир!

Мастур ғазабашро пинҳон карда наметавонад. Вай ба кадом қасде омода аст. Анор аз нийяти Мастур огоҳ аст, аммо сир намедиҳад. Дар ҳамин фурсат Мир тозон меояд.

Мир

Хоҷа, зудтар, ки кор расво шуд,
Пир дар банди болшевикҳо шуд!

Мастур (худро ба даст гирифта)

Мову ту ношинос, зудтар рав,
Дар ягон гӯша сахт пинҳон шав!

Мир тозон меравад.

Анор (ба шавҳараш)

Ҳой нокас, варо гурезондӣ,
Гӯиё бегуноҳ худ мондӣ?!

Анор аз паи Мир тохтанӣ мешавад, ки Мастур ӯро мепарронаду тираш хато мехӯрад. Анор рӯй гардонда, шавҳарашро мепарронад. Мастур меафтад, аммо илоҷе карда якпаҳлу мешаваду ба Анор тири дуюм холӣ мекунад ва худ рӯболо меафтад. Анор сари дилашро дошта, бо нафрат ба Мастур менигараду калавида-калавида аз саҳна хориҷ мешавад... Нозбӯ баргашта меояду ҷасади Мастурро дида метарсад ва даст ба даҳон бурда ақибнокӣ меравад. Иван Петрович, ки бо номи комиссар шӯҳрат дорад, Пирро пешандоз карда дохили саҳна мешавад. Нозбӯ вайро дида худро ба даст мегирад. Дасти Пирро дар пушташ бастаанд. Иван Петрович ҷасади Мастурро мебинаду ба ваҳм меафтад ва зуд гӯш ба сари синаи вай мебарад. Даст афшонда аз ҷо мехезад.

Иван Петрович (ба Пир)

Росташро гӯй, Мастурро кӣ кушт?
Кӣ ба ин иқболи мо бардошт мушт?

Пир (бо киноя)

Вай набуд он қадр иқболи шумо,
Вай ҳамехандид бар ҳоли шумо!

Шояд аз дасти занаш вай кушта шуд,
Чунки дар ин ҷой ӯ ҳамроҳ буд...

Иван Петрович

Росташро гӯй, ё ин кори туст,
Ин разолат ё ки аз ҳамкори туст?

Пир

Бесабаб аз ман гумонбар мешавӣ,
Беҳтараш бар кофиристонат равӣ!
Зарби шамшерат маро дар хотир аст,
Ин Намози бенамозат кофир аст...
Мастур, охир, як мусулмони расост,
Куштанӣ бошам, – туро куштан равост!
Лекин ин дам дасти ман дар банди туст,
Душмани ҷонии дигар Нозбӯст.
Ман намебинам дигар роҳи наҷот,
Дӯстонам мебаранд аз ту ҳаёт!

Нозбӯ

Мисли саг ҷак-ҷак накун, эй мурдадил,
Монд амирону вазиронат сабил.
Муттаҳам будию мондӣ муттаҳам,
Роҳи оҳан шуд қаламфур?..

Иван Петрович

Кард алам,
Ки зи ҳирсе чӯбҳоро сӯхтанд...
Бо ҳамин гӯё ки моро сӯхтанд.
Зери оҳан чӯбҳо оянд боз,
Бешаи рус дасти худ карда дароз.
Ленин аз мо хоста ёрӣ кунем,
Бар мусулмонон мададгорӣ кунем!
Ман ба ҳайрат монда аз ин саллабанд,
На мусулмон асту на кофир чанд...

Пир (бо таҳдид)

Ту намедонӣ куҷост авлоди ман?
Мерасанд онҳо яқин бар доди ман.
Чӯбҳотонро худи ман сӯхтам,
Дар шарори ҳар яке афрӯхтам.
Роҳи оҳан – роҳи кофирҳост ин,
Кофиронро маснади аълост ин.
(Ба Нозбӯ ишора карда)
Мочахар вақте мусулмонзода буд,
Ҳайратовар... кофиронро дода шуд...

Нозбӯ (бо қаҳру алам)

Ту баробар не ба кафши пои ман,
Мочахар ту – душмани бобои ман.
Обу нони халқ кӯрат мекунад,
Хуни ноҳақ дар танӯрат мекунад!
Роҳи оҳанро ту вайрон карданӣ?
Мур аз ин рӯзат, ки бадтар аз занӣ...

Иван Петрович

Нозбӯ, эй меҳрубон хоҳар, дам ист,
Садди роҳи мо ягон ноҷинс нест.
Ин сухан мегӯяд аз номи худо,
Лек бовар кун, худи вай бехудо!
Интизори қатли худ истодааст,
Чун асири дасти мо афтодааст.
Вай намефаҳмад, ки бедил нестем,
Мисли ин авлод қотил нестем...
(Оҳ мекашад.)

Пир

Ҳо, Иван, аз хоки моён зуд рав,
Хуни ноҳақ бар мусулмонон нашав!
Гар ту мехоҳӣ маро куштан, бикуш!
Одамони мо туро хоҳанд кушт...

Иван Петрович (бо андеша)

Андаке пӯшон даҳонат, қалтабон,
Ман намекӯбам туро, аммо, бидон,
Ки зани покиза аст ин Нозбӯ,
Бо фидокории вай дар дасти ту!
(Ба ҷасади Мастур имо карда)
Мо ба ин махлуқ бовар кардаем,
Нақшаи раҳро муқаррар кардаем.
Шубҳае ҳам доштем, аммо Анор
Буд дар мобайни мо...

Нозбӯ

Оламшумор
Духтари шоистаи халқ аст вай,
Ғуссааш афзуд акнун...

Пир

То ба кай
Соҳиби ин хоки моён мешавед?!..
Росташ, ки зуд аз ин ҷо равед!
Роҳатонро мо намехоҳем ҳеҷ...

Нозбӯ

Хоби худро дар миёнбандат бипеч!
Саллаатро ҳам ба зери хок соз!

Иван Петрович

Нозбӯҷон, дер монд аз чӣ Намоз?
Рафта ӯро зудтар ин ҷо биёр,
То нафаҳмад аз чунин даҳшат Анор!

Нозбӯ рафтанӣ мешавад. Аз пеш ҷасади Анорро бардошта Намоз меояд. Иван Петрович ва Нозбӯ шах шуда мемонанд. Пир ҳам якқад мепарад, аммо вонамуд мекунад, ки чизеро надидааст. Намоз ҷасадро бардошта меравад. Иван Петрович аз сар кулоҳашро мегираду ба Нозбӯ менигарад... Дар ҳамин фурсат Мирро ду нафар пешандоз карда меоянд... Чашми Мир ба Пир меафтад... Ҳама ба амри Иван Петрович ннтизор...

Нозбӯ

Ин чӣ рӯзи сиёҳ, эй саркор?
Бар Намоз омад аз чӣ ин озор?!

Иван Петрович

Мову ту шоҳид ба ин сон рӯзи бад...
(Хаёл карда)
Роҳи оҳан то Душанбе мерасад!

Иван Петрович имо мекунаду бандиҳоро мебаранд. Нозбӯ ба Иван Петрович менигарад. Саҳна торик мешавад.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »