Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

3ИНАПОЯ - ҚИСМИ ЯКУМ

САҲНАИ ЯКУМ



Як гӯшаи саҳна равшан. Савоб рост истодааст. Вай ғарқи хаёли ботинист... Андешаҳои вай дар дилаш аст. Хаёл мекунаду ба касе чизе намегӯяд...

Савоб

Хайр!.. Бобо ҳам падар, ҳам модар аст,
Шукри он ки зинда вай андар сар аст!
Бояд ӯ бар ман бигӯяд: кистам?
Сирри ӯро кош медонистам...
Инженери роҳи оҳан то шудам,
Розфаҳми мақсади бобо шудам.
Вай чаро аз ман ниҳон розе намуд?
Аз падар, аз модарам гӯяд суруд...
Дар ҷаҳони кор дорам имтиёз, –
Имтиёзи ман ҳамин бобо Намоз!
Бар чилу чор аст синну соли ман,
Бохабар бобо Намоз аз ҳоли ман.
Як саволам ҳаст умре беҷавоб:
Аз куҷо шуд, аз чӣ шуд номам Савоб?

Чароғ хомӯш мешавад. Боз равшан мешавад. Дар курсии равон Бобо Намоз нишастааст. Савоб назди вай бо андешае рост меистад. Бобо Намоз ба Савоб нигоҳ накарда гап мезанад. Маълум аст, ки дар миён баҳсу талоше омадааст...

Бобо Намоз

Рав, ҷигарбанд, аз паи корат бишав!
Ист андак... Ист!.. Арзамро шунав.
Назди ман бархон ту момодояро,
Бо худаш орад ҳамон ҳамсояро.
Ман барояш чанд ҳарфе гуфтанӣ,
Бо хаёли давраҳо бишкуфтанӣ.
Ту ҳанӯз ин ҷоӣ?.. Рав! Зудтар биё,
Ки набархезад дар ин ҷо моҷаро.
Не, нарав!.. Андак таҳаммул мекунам,
Бо хаёли субҳи нав гул мекунам...
(Андешаманд)
Ту маро дар сад зиёфат дидаӣ,
Ҳар куҷо бо ҳар қиёфат дидаӣ.
Лек ҳайронам ба момодояат,
Ҳам бар он шахсе, ки бошад сояат!..

Савоб (дар ташвиш)

Аз чӣ беробита гапҳо мезанед,
Тешаи бедаста бар по мезанед?!

Бобо Намоз

Ман ҳазорон боргоҳе дидаам,
Ҳам сафедӣ, ҳам сиёҳӣ дидаам.
Зери ҳар як косае нимкоса ҳаст,
Рӯи ҳар нимкоса ҳам як коса ҳаст.
Чун зимистон ҳаст пеш аз ҳар баҳор,
Ту зи ҳар як кор маъное барор!
Аз зимистону баҳорест умри кас,
Зистан бояд ҳамеша бо ҳавас!
Мешаванд албатта ҳар ҷо садди роҳ,
Ҳам бигӯяндат сафедатро сиёҳ…
Лек бо ҷаҳду талоше пеш рав, –
Пеш бо идроку ақли хеш рав!
Пора кун бо азм садди роҳро,
Ҳам бидон ҳар ҷой ҳадди роҳро!

Савоб (мутаассир)

Оҳ, бобоҷон...

Бобо Намоз (давом медиҳад)
Шунав ҳарфи маро,
Назди бобоят накун ту моҷаро...
Ман бигӯям бар ту чун бар кӯдаке
Бо забони шеърҳои Рӯдакӣ:
"Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!"
Шод ҳастам: – Роҳсозат дидаам,
Чеҳраи аз бахт бозат дидаам.

Ҳар чанд ба Савоб ин гапҳо намефоранд, аммо қадам зада гӯш мекунад.

Духтарат ҳам рафт бо роҳи худат,
Мекунад вай кор ҳамроҳи худат.
Дода будам бар ту ман номи "Савоб",
Нест ин номи ту дар дигар китоб...
Кӯдаки аҳле ба дунё омадӣ,
Ки ту дар ин давр соҳибмаснадӣ!
Роҳи оҳан – буд ин матлуби ман,
Буд ин аз орзуи хуби ман...
Рав, ту ин ҷо гӯй момодояро,
Одами дар зиндагӣ ҳампояро!
Ман ду-се ҳарфе барояш гуфтанӣ,
Баъди он – ором, ҷонам, хуфтанӣ!..

Савоб

Не, намехоҳам шунидан!..

Бобо Намоз

Рав, Савоб,
То ба ҳар як пурсишат гирӣ ҷавоб.
Инак, омад соати бархуфтанам,
Шарт акнун росташро гуфтанам.
То намонад андаруни ман ғубор,
Рафтаву он пиразанро ту биёр!

Савоб (ба хаёл рафта)

Хуб, ман рафтам...

Бобо Намоз

Куҷо шуд духтарат?

Савсан (баромада)

Ман ҳамин ҷоям!..

Савоб ба духтараш бо муҳаббат менигараду ишораи бобоятро наранҷонро намуда, баромада меравад.

Бобо Намоз

Бигардам аз сарат,
Як нафас дар назди бобоят нишин!

Савсан (бо меҳрубонӣ)

Ман биёвардам баротон ангубин!
Аз чӣ худро медиҳед озор?!

Бобо Намоз

Ист! –
Ғуссаву озорро медонӣ – чист?
Кору рафтори шумоён бас аҷиб, –
Олами беғаш шуморо шуд насиб!
Қадри ҳар як рӯз донистан хуш аст,
Бо ҷадал дар корҳо зистан хуш аст!
Савсани ман, ҷони бобо, шод бош,
Нури идрокат ба ҳар манзил бипош!

Савсан

Саъю кӯшиш мекунам...

Бобо Намоз

Сад офарин,
Лаззати имрӯзу фардоро бубин!
Чун гирифтӣ бар худат касби падар, –
Роҳро то қуллаҳои кӯҳ бар!..

Савсан (гапро ба дигар тараф гардонда)

Шарбат орам?

Бобо Намоз

Не, ташаккур, ҷони ман,
Шодии ту – шарбати даврони ман.

Савсан

Ростӣ, гӯед бобоҷон, чаро
Ин падарҷонам ба фикре мубтало?
Чанд рӯзе бо хаёл овораанд,
Дар назар чун одами дилпораанд...
Ё ягон иғвои нав бишнидаанд,
Ё ки бӯҳтон аз ягон кас дидаанд?

Бобо Намоз

Одами пок аст ин додои ту,
Вай намегӯяд чӣ бошад дарди ӯ!?
Савсани ширин, маро берун бубар!

Савсан

Амратон болои дида, тоҷи сар!

Савсан тахти равони бобояшро пешандоз карда меравад. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Самандар меояд. Касеро надида, худ ба худ гап мезанад...

Самандар

Некбахтам, синаам аз ишқ пур,
Қалбам аз имдоди Савсан ғарқи нур!
Ман барои вай баҳоре сохтам,
Бо умедаш тори дил бинвохтам!
Ман на он мардам, ки нолам аз ҳаёт,
Ман ҳамон мардам, ки дорам ҳиссиёт.

Дар ҳамин фурсат Савоб ҳамроҳи пиразан Нозбӯ дохили саҳна мешавад. Самандар худро гум мекунад. Бо илоҷе гурехтанӣ мешавад, аммо Савоб бо табассуме ӯро бозмедорад.

Савоб (ба Самандар)

Дар куҷо бобоятон, бобои ман? Зудтар гӯед!..

Самандар

Ку ҷои сухан?! Омадам, ин кӯй холӣ будааст.

Савоб

Нозбардори аҳолӣ будааст...

Самандар

Ман ба ин даргоҳ оям чун писар,
Лутфатону меҳратон пеши назар...

Савоб

Боғро, бинед!

Самандар

Бо сар медавам!.. (Меравад).

Савоб

Марҳамат, андак нишинед, илтимос!

Нозбӯ

Оҳ, фарзанди азизам... (менишинад)

Савоб

Дил куҷост,
Ман азият додам андак...

Нозбӯ

Нест бок!
Ҳаст бобои ту хело марди пок!
Дӯст медорад маро вай...

Савоб

Рост, рост!
Бар шумо бовар накардан як хатост!

Нозбӯ (Андешаманд)

Касбу корат роҳи оҳан шуд, Савоб,
Савсанат ҳам карда ин касб интихоб!
Халқ мегӯяд, ки "хун"... Ин рост.

Савоб

Рост...

Нозбӯ

Оҳ, бобои ту... Як марди расост.
Ман гиребонгир не... Як давраҳо
Ишқ меварзид бобоят... Чаро
Вай маро даъват намудаст?

Савоб

Эҳтимол
Бар шумо бобои ман дорад савол.
Ҳар чӣ мепурсанд, мегӯед рост,
Эътибору эҳтиромам бар шумост.

Нозбӯ

Мӯсафед аз ту ягон ҳарфе шунид,
Ки фиристодат бароям?

Савоб

Барги бед
Шуд баҳона...

Нозбӯ

Вай лақаб "ҳамсоя" дошт,
Он замонҳо пой беҷо мегузошт.
Ростӣ ҳам марди ноҳанвор буд,
Шӯрапуште буд ё айёр буд.
Аз Намоз ӯро фақат имдод буд,
Бохабар аз сирри вай бобот буд!..

Савоб

Модари ман кист, момодояҷон?
Духтари бобом... Ин бошад аён...
Зудтар гӯед ҳарфе аз падар,
Ки набошам баъди ин хуни ҷигар!..

Нозбӯ

Пурс ин гапро зи бобои худат,
Аз ҳамон бобои "тилло"-и худат.
Дода буд азбаски вай бар ман "қасам",
Ман намехоҳам, ки бошам муттаҳам!

Савоб (Бо андеша)
Роҳи оҳан...

Нозбӯ

Корубори рӯзгор
Дур кард аз синаи моён ғубор.
Лек чандин ҳарф буд аз ту ниҳон,
Хурд будӣ... Гаштаӣ акнун калон...

Рав, зи бобоят бипурс ин розро,
Вай бигӯяд ҷӯрии ҳар созро!

Савоб

То Душанбе роҳи оҳан сохтед,
Шӯру шар бар душманон андохтед!
Чунки он раҳ шуд мисоли нордбон
То ба Маскав, – бар дили Боми Ҷаҳон,
То ба Ёвон мерасад ин роҳи нав,
Бо усули нав!..

Нозбӯ

Ҷаҳон шуд пешрав!

Савоб

Пешрав, оре!... Ҳаёти мо банур,
Халқи мо – халқи тавоно асту зӯр!
Нордбоне роҳи мо то Маскав аст,
Корубори мо ба услуби нав аст!..
Дер карданд аз чӣ ин бобои ман?

Нозбӯ

Ҷони момо, рав, Савоби ман...

Савоб

Куҷо?

Нозбӯ

Назди бобоят... Чаро даъват намуд
Гар надорад тоқати меҳмони худ?!

Савоб

Марҳамат, ҳамроҳ он ҷо меравем,
Аз дили он пир огаҳ мешавем!

Самандар меояд.



Самандар

Мӯсафед он ҷо шуморо интизор,
Қисса мегӯянд бар Савсан зи кор.
Гӯш кардам андаку гуфтанд: Гӯй,
Наздам оянд он Савобу Нозбӯй!

Савоб (Ба Нозбӯ)
Марҳамат, бобоям он ҷо хостаст,
Дар чунин гуфтор сирре ҳаст...

Нозбӯ

Ҳаст!..

Савоб ва Нозбӯ мераванд. Самандар танҳо мемонад. Қадам мезанаду хаёл мекунад ва беихтиёр ба гап медарояд.

Самандар

Савсани ман духтари олиҷаноб!..
Бар саволи дил чаро надҳад ҷавоб?
"Сонӣ... Сонӣ!.." гуфтани вай то ба кай?
Кай шавад аз сӯзи ман воқиф вай?
Дӯсташ медорам аз ҷону дилам,
"Сонӣ-сонӣ"-ҳош рӯзи мушкилам.

Савсан аз як канор мепояду гӯш мекунад.

То ба кай ин банда саргардон шавад,
Тӯямон шояд ки дар Ёвон шавад?!
Интизорӣ интиҳо, меёфт кош,
Наҷми иқболам накӯ метофт кош!..

Савсан (Пушти Самандар омада, бо ноз)

Хоби худ бар об гӯед, эй ҷавон,
Наҷми иқболи шумо, ҳоло ниҳон.
Орзу кардан басо хуб асту лек...

Самандар

Бо Шумо хоҳам, ки бинам рӯзи нек!



Савсан (Орзуманд)

Роҳи оҳан то ба Ёвон мерасад...

Самандар

Ошиқи бечора бар ҷон мерасад!

Савсан

Мерасад!

Самандар

Осуда дорӣ хотирам,
Ман ба ҳар як имтиҳонат ҳозирам...

Савсан (бо хаёл)

Аз чӣ бошад, ки падарҷонам чунин
Ғарқаи фикранду аз чизе ҳазин?
Аз чӣ бобоям ба момо монд кас?

Самандар

Ёди даври рафта бинмоянду бас...

Савсан

Не, Самандар... Ҳаст розе дар миён,
"Рав ту!" – гуфтандам чаро бобокалон?

Самандар

Ман намедидам дар ин ҳолат туро,
Ё ки омад дар миён як моҷаро?

Савсан

Моҷарое дар ҳузури ман набуд...
Лек ҳайронам... Ба бобоям чӣ шуд?
Ё дадоям сирри нав бикшоданӣ,
Ё ки бобоям насиҳат доданӣ...
Ин тараф оянд онҳо... Меравем,
Дар ягон хамгӯша пинҳон мешавем.
То чӣ мегӯянд онҳо – бишнавем!

Самандар

Рост мегӯӣ, биё, зудтар равем!..

Савсан ва Самандар мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Нозбӯ дар курсии равон Бобо Намозро гирифта меорад. Дар паҳлӯяш Савоб аст.

Нозбӯ

Бояд, охир, фахр бинмоӣ!

Бобо Намоз

Равост!

Савоб (Хаёл карда)

Ёдам овардед ин ҷо духтарам,
Фикри фардо, бахти Савсан дар сарам.
Вай агар фаҳмад, ки бобояш кӣ буд,
Ғам хӯрад бисёрҳо ҳам худ ба худ.
Роҳ то Ёвон нарафта то ҳанӯз
Духтари ман мешавад торикрӯз.
Инчунин андеша бошад дар сарам,
Рашк аз имрӯзу фардо мебарам...

Бобо Намоз

Сахт дар ҷое туро ранҷондаанд,
Ё каси "ноустуворат" хондаанд?..
Бо ҳамин мақсад дар ин ҷо Нозбӯст,
Шоҳиди афтударафти беш ӯст...
Босмачӣ не, марди хоин шуд дадот,
Ки надид аз модари ту вай наҷот.
Модарат як қаҳрамони рӯз буд,
Рафт аз дунёву монд андар суруд.
Шоҳиди он давра бошад Нозбӯй...
Нозбӯҷон, қиссаро бар ин бигӯй!

Нозбӯ
Шарт оё?

Бобо Намоз
Шарт!

Нозбӯ

Майлаш, гӯш кун,
Ман даҳон накшодам аз ин то кунун...
Ман агар донам чунин гуфтугузор,
Худ "касал" мебудаму...

Бобо Намоз

Гӯш дор,
Бистарӣ ҳастам, ки ин мулло Савоб
Бар саволи ботинаш ҷӯяд ҷавоб.
Ин аз он тарсон, ки бобояш равад,
Кӣ барояш сиркушое мешавад...

Савоб

Оҳ, бобо!!! Нийяти бад баҳри чист...
То кунун ман бехабар додом кист...
Як замон Савсан агар пурсад зи ман
Аз куҷо ёбам барои вай сухан?
Таънаеро ман шунидам беасос...
Ё асосаш ҳаст?.. Гӯед, илтимос!?

Бобо Намоз (Рӯй турш карда)

Боз такрори ҳамон гап...

Нозбӯ

Таънаро
Аз кӣ бишнидӣ?..

Бобо Намоз

Бигӯй, охир ба мо!
Панҷумин даҳсолаи умри ту шуд,
Таънае то ҳол аз ҷое набуд...
Ман ба Партия, ба халқам содиқам,
Ҳам ба мадҳи навҷавонон лоиқам.
Ту нишони духтарам ҳастӣ, Савоб,
Кардӣ бар худ роҳи олӣ интихоб.
Байни раҳсозон ту дорӣ обрӯ,
Фахри ман, ҳастии ман бошад зи ту!
Духтарат ҳам бо худат дар корҳост...

Саҳна торик мешаваду то сухани Савоб давом мекунад. Нозбӯ давоми гапашро бурдборона мебарад.

Амри бобои ту иҷро кардаам,
Баски меҳраш дар дилам парвардаам.
Маслиҳат кардему номат шуд "Савоб",
Ту ба олам омадӣ чун офтоб. –
Офтоби хонаи бобот – Намоз...
Давлати нав дод бар ту имтиёз.

Савоб

Аз падар, аз модарам гӯед сухан!

Нозбӯ

Гап назан бо иддаое ту ба ман!
Хотири бобоят ин ҷо омадам,
Бо худи ту ман магар гап мезадам?!

Бобо Намоз

Асли мо аз Бойсун, ҷонам Савоб,
Нозбӯ дар деҳи мо буд офтоб.
Дертар аз нури вай огаҳ шудам...

Нозбӯ (бо ишва)

Пештар бар ту натобидам худам.

Бобо Намоз

Бар Савоб ин ҳарфҳо нофорам аст,
Бо хаёли модараш вай пурғам аст.

Нозбӯ (оҳ кашида)

Модараш як қаҳрамони рӯз буд,
Рафт аз дунёву монд андар суруд.

Бобо Намоз

Роҳи оҳан то Душанбе ҳам расид,
Духтарам рӯзи муборакро надид...
Духтари фарзанди вай шуд инженер,
Соҳиби ояндаи беҳад кабир...
Бар абера ман шудам лоиқ, Анор
Кушта шуд аз тири шӯи нобакор.
Ман ниҳон кардам зи фарзандаш, кунун
Вай талаб дорад зи ман рози дарун!..

Савоб

Ман – Намозов... Тарбият кардед хуб,
Одамам ман... Одамӣ ҳастам, на чӯб.
Ман фақат пурсидам...

Бобо Намоз

Оре... Дар гапат,
Ман гумон кардам, ки буд оҳанги бад.
Ман чу бобои ту ҳастам – коммунист,
О, худат ҳам коммунистӣ!..

Савоб

Коммунист!
Бо тамоми ҳастии худ коммунист!
Дар ҳама дилбастии худ коммунист.
Лек як номард мегӯяд, ки ман
Босмачизодам... Аҷоиб ин сухан.
Беамал будам, касе инро нагуфт,
Боамал гаштам, ки гӯш инро, шунуфт.
Наздатон пас омадам ман бо савол,
То нагардад духтарам ошуфтаҳол.
Вай барояш нек нисбат ёфтаст,
Роҳсози боматонат ёфтаст.
Лек фаҳмад бо кӣ дорад карубор,–
Мегурезад аз чунин хешутабор...

Нозбӯ

Кош, ин хешутабори ҷонфидо
Бар ҳама гардад муяссар...

Бобо Намоз

Бахти мо
Бо задухӯрде муяссар гаштааст,
Ту надеҳ ҳаргиз матонатро зи даст.

Зодаи ин давраи обод ту,
Ҷони бобо, қаҳрамонавлод ту!

Савоб

Сад ташаккур!.. "Қаҳрамонавлод" ман,
Зодаи ин давраи обод ман!
Панҷумин даҳсолаи умри ман аст,
Рози бобоҷон ба ман норавшан аст.
Дар тамоми ҳуҷҷати аҳволи ман
Будааст охир дурӯғе...

Бобо Намоз

Иқболи ман,
Ту гузаштӣ аз ҳазорон имтиҳон,
Шарҳи ҳолатро дурӯғе нест, дон!
Лохудоям, гарчӣ номи ман Намоз,
Шарҳи ҳоли ман басо дурудароз!

Нозбӯ

Дӯстон, бар ҷониби ман як назар!..
Баҳси бобову набера?.. Алҳазар!..
Эй Савоби инженер, андеша кун,
Ки ҳамин бобо туро шуд раҳнамун!
Солҳои сахтро бар ёд ор, –
Сохт бобоят барои ту баҳор!
Қиссаи он рӯзро аз ман шунав,
Ҳақ надорӣ... Рӯи бобоят надав!

Саҳна торик мешавад. Нури чароғ ба ҳар тараф медавад. Мусиқии марш баланд садо медиҳад. Саҳнаи ёдоварии Нозбӯ баъди фосилае сар мешавад.
Охири намоиш.





МУНДАРИҶА | Идома »