Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ЯК ЛИБОС АТЛАС - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ ПАНҶУМ



Ҳавлии падару модари Райҳон. Дар саҳна касе нест. Баъди лаҳзае Давронбек роҳравон пиджакашро пӯшида ба саҳна мебарояду атрофро аз пеши назар гузаронида, ба кӯча баромада меравад. Аз паи вай Фарида ба саҳна дохил мешавад ва ба ғундоштани гирду атроф машғул шуда, худ ба худ фикрашро баён мекунад.

Фарида

Оқибат, гуфтаи худи ман шуд,
Лекин аз як ҷиҳат наям хушнуд...
Ҳарфу гуфтори печ андар печ,
Ки нарафтам ба фаҳми онҳо ҳеҷ.
Мӯсафедам басо ба ташвиш аст,
Ҳар каломаш барои ман неш аст.
Лекин имрӯзи ман пагоҳ нашуд,
Ҳастии ман ҷуз иштибоҳ нашуд.
Баъди ман дар замона номам ҳаст?
Шубҳа дорам... Магар давомам ҳаст?!
Чанд рӯзест духтарам нотоб,
Надиҳад бар саволи оча ҷавоб.
Шавҳарашро нахост дидан ҳам,
Узру маънии вай шунидан ҳам.
Мондаам дар миёни оташу об,
Ба саволи дилам куҷост ҷавоб???

Давронбек дар тӯрхалта чизу чора бардошта меояду онро хомӯшона ба дасти занаш месупорад ва худаш ба хона медарояд. Фарида аз қафои ӯ меравад. Ғарқи фикру андеша Райҳон ба саҳна мебарояд. Чанд рӯзест, ки вай дар ин манзил зиндагонӣ мекунаду аён аст, ки аз озурдахотирии падару модараш вай озурдааст...

Райҳон (худ ба худ)

Бахти худро наёфтам, ҳайҳот!
Аз чӣ модар маро ба олам зод?
Зиндаам, лек ноумедам ман, –
Ғами ҷони ду мӯсафедам ман...
Аз чунин буданам ва нобудам,
Кош, санги мазор мебудам!..
(Қатъӣ)
Хайр, акнун бас аст оҳу воҳ!..
Чун бигирам хати талоқамро,
Ман аз ин шаҳр меравам берун,
Мешавам дар ягон макон маскун.
Ҳама ҷо касбу кори ман даркор,
Ҳама ҷо ҳаст кӯдаки бисёр.
Фарқаш ин ки худам надорам ман,
Варна Райҳони беғуборам ман.
Буттаи гул, аҷаб парешонӣ,
Бӯ надорӣ, чӣ гуна райҳонӣ?!

Мехоҳад, ки ба хона дарояд, аммо дар ин лаҳза аз берун 3евар даромада меояд ва тозон рафта Райҳонро мебӯсад. Райҳон ин ҳолатро дида, дар ҷавобаш 3еварро навозиш карда мемонад...

3евар

Янгаҷони меҳрубонам, ассалом!..

Райҳон

Ассалом, эй Зевари шоистаном,
Ман набудам интизор...

3евар

Аз ростӣ?

Райҳон (Оҳ мекашад)

Ин қадар ҳам духтари зебостӣ!..
Интизорат ман набудам... Модарат
Шӯру ғавғо менамояд бар сарат,
Чунки акнун янгаат ман нестам...

3евар

Гаштам огоҳу басо бигристам...
Янгаҷонам, янгаҷони бовафо,
Ман намехоҳам чунин азми Шумо!..
Дӯст медорам Шуморо, янгаҷон,
Рӯй гардонед аз ин азматон...

Райҳон

Духтари маҳбубу беозор ту...
Лекин ин гапро дигар бар ман нагӯ!
Бехабар ҳастӣ ту аз кори ҷаҳон...

3евар

Як хат овардам Шуморо, янгаҷон,
Марҳамат, хонед...

Зевар хатро бароварда медиҳад. Райҳон онро гирифта, болояшро мехонаду авзоъаш дигар мешавад. Хатро баргардонда ба 3евар медиҳад.
Райҳон

Не, не! Гашта бар!
Худ биё, бо хат наё бори дигар!
Ту маро мебахшӣ, Зеварҷони ман,
Ки надорам бо тағоят ман сухан.
Омад... Аз ин дар намондам чанд бор,
Бо ғазаб ӯро бирондам чанд бор...

3евар

Ман чӣ мегӯям?..

Райҳон

Ягон чизе нагӯй!
Ҳа, бигӯ, ки янгаам гардонд рӯй.

3евар

Янгаҷон!!!

Райҳон

Ҷон!

3евар

Гаштаву оед, хайр?
Ҷаҳлатонро паст бинмоед, хайр?!!

Райҳон

Оҳ, ҷонам, об чун аз сар гузашт,
Хоҳ бошад як ваҷаб вай, хоҳ ҳашт...

3евар

Хайр, ман рафтам...

Райҳон

Биё, танҳо биё,
Бе хату бе нома, бепарво биё!
Ҳеҷ фикре ҳам накун дар ин хусус...
Ҷовидонӣ мову ту ҳастем дӯст!
Чун биёй, – аз тағоят гап назан!
Ту каси шоистаӣ аз баҳри ман...

3евар (кунҷкобона)

Гар каси шоиста бошам, янгаҷон,
Ончуноне омадам, гардам равон?
Ман хат овардам, валекин мебарам,
Ғуссаҳо бошад ғуборе бар сарам!
Хайр, ман рафтам...

Зевар бо сари хам баромада меравад. Райҳон ӯро то дар гуселонида, ба қафо бармегардад. Вай хело дар ташвиш мондааст. Вай бо хаёлу андеша қадам мезанаду дар як нуқтае таваққуф мекунад. Оҳ мекашад...

Райҳон

Доштам ман боварии беҳисоб –
Вай маро бинмуда умрӣ интихоб.
Гуфта буд ӯ: "Ту агар аз ман равӣ,
Боиси маргам ҳамоно мешавӣ!"
Он қадар ҳам соддалавҳе будаам,
Ки ба ҳарфаш боварӣ бинмудаам...
Бо зани бегона вақте дидамаш,
Тоқатам шуд тоқ, хуб фаҳмидамаш.
Хайр, акнун "ҳар чӣ бодобод" шуд,
Дил шикасту хотирам ношод шуд...
Боз бо кӯдак равон кардаст хат,
Раҳ набояд дод дигар бар ғалат!!!

Райҳон ба тарафи хона моил мешавад. Падараш аз пеши роҳ мебарояд. Дар лабони ӯ заҳрхандае ҳувайдо аст.

Давронбек (ба духтараш)

Андак исто, каме нишин бо ман,
Бишнавам мақсади туро то ман!

Райҳон

Падари меҳрубон!?

Давронбек

Бале, ҷонам, ғами ту, ғуссаи ту медонам...
Лекин ин кори ту писандам нест!

Райҳон (ғамгинона)

Ҳоҷат акнун ба ҳеҷ пандам нест.
Баъди он рӯз ман каси дигарам,
Узр мехоҳам аз Шумо, падарам...
Каси дигар ба ҷои ман мебуд...
Давронбек

Гар пушаймон шавӣ – бидон аз худ...
Ман дигар гап надорамат, Райҳон,
Ҳамаашро ба модарат фаҳмон.
Ба ману модарат ту яктоӣ,
Ки писандем ҳар чӣ фармоӣ...

Дар ҳамин фурсат Паймон мактуб дар даст меояд. Райҳон ӯро мебинаду ба хона даромада меравад. Паймон ӯро намебинад. Давронбек дар ҳайрат монда, хомӯш меистад. Аз хона Фарида шитобон мебарояд. Вай ҷангталаб аст. Аммо ҳолати шавҳарашро дида, худдорӣ мекунад. Паймон ҳам ягон ҳарфе зада наметавонад. Вай ба тарафи омадагиаш нигоҳ мекунад. Гӯё аз он тараф мадад меомада бошад. Фарида ва Давронбек бо ҳамдигар гӯшакӣ карда мегиранд. Дар ҳамин фурсат Мӯҳтарам ва Сабо даромада меоянд. Соҳибони хона аз ин ҳолат дар тааҷҷуб мондаанд. Паймон сигорет гиронда, ба гӯшае баромада меистад.

Сабо

Мо барои узрпурсӣ омадем!

Фарида

Омадед, хуш омадед!

Давронбек

Хуш омадед,
Лекин аз мо узр пурсидан чарост?

Мӯҳтарам

Мо ба назди янга Райҳон омадем,
Ки ҳамон кас боиси ин моҷарост.

Сабо (ба Мӯҳтарам)

Боиси ин моҷаро моем, мо,
Лекин он ҳам буд бо раъйи Шумо...

Мӯҳтарам

Раъйи ман?

Паймон (нигоҳ накарда)

Худро ба нодонӣ назан!
То ҳаётам, аз ту домангир ман...
Ман дар ин хат як ба як бинвиштаам,
Ҳурмати нону намак бинвиштаам.
Лек Зевар гаштаву онро бибурд,
Гиряҳо бинмуда, бар дастам супурд,
Ки сабаб ин буду...

Сабо (ба Паймон)

Бовар мекунам,
Ки Шуморо шамъи ховар мекунам!

Мӯҳтарам (ғазабнок шуда)

Ту, Сабо, шоиста одам нестӣ...
Дар куҷоӣ?.. Кош медонистӣ!

Фарида (ҷиддӣ)

Дӯстонам, зуд аз ин ҷо равед!

Давронбек (саросема шуда)

Ин чӣ тарзи гапзанӣ?.. Меҳмон шавед!

Паймон

Нест Райҳон...
Пас чӣ ҷои гуфтугӯст?..

Фарида

Ҳаст вай... Аммо тамомаш айби туст,
Ки чунин коре намудӣ... Баъди он
Боз ин ҷо омадӣ? Ҳайфи ҷавон!
Рафтанат лозим... Бирав ту зудтар,
Ки вабинам афту андомат дигар!!!

Давронбек (ба занаш)

Андаке андеша бинмо, ҷони ман,
Сахтгӯӣ аз чӣ бар меҳмони ман?

Фарида (ба шавҳараш)

Ту маро мекардӣ доим муттаҳам:
"Як либос атлас" барои Мӯҳтарам...
Вай магар қадри туро донист? Не.
Меҳри моро аз вафо доиист? Не!
Духтари мо дар сари раҳ мондааст?
Ё ягон касро ба дом афтондааст?!..
(ба Сабо)
Ҳо, ҷалабча, шарм дар рӯи ту нест,
Хонаи мо омадӣ... Маънош чист?

Сабо чизе гуфта наметавонаду дасту по хӯрда мемонад. Мӯҳтарам айёрона ба Фаридаву Давронбек чашм медӯзад. Давронбек дилтанг мешаваду ба хона даромада меравад... Ҳозирон аз паи ӯ нигоҳ карда мемонанд. Паймон, аз ҳолаташ равшан, ки дар болои сӯзан истодааст. Вай ба Мӯҳтарам нигоҳ карда мегирад.

Мӯҳтарам (ба Фарида)

Модари маҳбуб, бо сулҳ омадем,
Сулҳ мехоҳем, – ҳарчанде бадем.
Мо тамоми умр мегӯем шод:
Дар тамоми хонадон фарзанд бод!

Фарида (ба Мӯҳтарам)

Духтари ман гар ба ҷонат ғам ниҳод,
Ту наханд аз баҳри вай, некӯнажод!..
Чун биёвардед доғеро ба дил,
Ман тамоми умри худ ҳастам хиҷил.
Рост, гӯям сӯи Паймон "Ҳайфи ту!"
Ҳайфи ту, охир, Сабоҷон, ҳайфи ту!
Гум шавед аз пеши чашмонам шумо,
Теғи қаттолед дар ҷонам шумо!

Паймону Сабову Мӯҳтарам ба тарафи ҳамдигар нигоҳ карда мегиранд. Худро онҳо дар ҳолати ноқулай пиндоштаанд. Фарида ба хона даромада меравад. Се нафар дар саҳна мемонанд.

Паймон

Мӯҳтарам!



Мӯҳтарам

Лаббай, ако!

Паймон

Аз чашми ман
Гум шаву андеша кун аз хашми ман!
Ту, Сабо, беҳтар, ки аз ин ҷо равӣ...
Боиси сад гуна ғавғо мешавӣ.

Сабо

Меравам, ҳаргиз нафрӯхтам бадан...
Бӯса бинмудӣ маро ту дар чаман...
Ёди он рӯзе ба ҷон бардоштам,
Ҳам туро чун мардаке пиндоштам...

Сабо дар каноре ашк мерезад. Паймон ва Мӯҳтарам дар ташвиш меафтанд. Дар ҳамин фурсат Райҳон аз хона мебарояд. Вай ҳозиронро аз пеши назар мегузаронад. Ғазабнок аст.

Райҳон

Гум шавед, эй касони олуда,
Бо шумо будаеву нобуда.
Лекин имрӯз тахт мехоҳам,
Тахти иқболи бахт мехоҳам!
Рафт аз рафтаҳо басо роҳам,
Ишқбози ҳаёт мехоҳам!!!

Сабо баромада меравад. Аз паи вай Мӯҳтарам ва Паймон низ баромада мераванд. Дар ин вақт Райҳон ба касе нигоҳ намекунаду худ ба худ гап мезанад.

Ман каси мӯътабар наям дигар,
Одамам, зиндагӣ расида ба сар...
Насли навро ба ҷон парасторам,
Аз табиат умеди нав дорам!

Охири намоиш






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »