НАМОИШИ ШАШУМ
Парда ҳанӯз кушода нашудааст. Мусиқӣ навохта мешавад. Вай бояд ҳолати Давронбеку Фаридаро ифода кунад. Аз байн як сол ё ду сод вақт гузаштааст. Аз пеши парда Фарида бо тӯрхалтаву чизу чора гузашта меравад. Аз паи вай кулоҳ дар даст Давронбек тозон мегузарад. Вай вақти гузаштан ҳар замон ба қафояш нигоҳ карда мегирад. Саҳна чун холӣ шавад, овози муаллиф ба тавасгути радио ба гӯши тамошобинон мерасад...
Овози муаллиф:
Рӯзҳо мегузаранд аз паи ҳам,
Моҳҳо мегузаранд аз паи ҳам,
Солҳо мегузаранд аз паи ҳам,
Ҳама хурсанд дар ин давронанд!
Сохтмонҳои азиме ҳама сӯй,
Мевазад пок насиме ҳама сӯй,
Гуфтугӯҳои қадимӣ ҳама сӯй,
Ки навоҳои Ватан дар ҷонанд!
Рафт аз кӯи падар Райҳон ҳам,
Монд бо ҳоли худаш Паймон ҳам,
Гузарад ҳастии гирумон ҳам,
Ҳама ҷо дар талаби Инсонанд!
Сари сабзу дили пурфайз накӯст,
Ҳеҷ гаҳ дард набинад сари дӯст,
Он саре, ки хирад-идрок дар ӯст,
Нақши по то ба Зуҳал мемонанд...
Парда кушода мешавад...
Ҳавлии падару модари Райҳон. Он ба тарзи дигар ҷиҳозонида шудааст. Соҳибони ҳавлӣ ҳанӯз нестанд. Зани солхӯрдае бо корубори хона овора аст. Сарулибоси вай мувофиқи синну солаш шинам дӯхта шудагӣ. Вай пешдоман дорад. Ба назари тамошобин чунин менамояд, ки дар ин манзил ид доранд. Он зан, ки минбаъд бо номи Сафаргул маълум мешавад, як замон шахси ба ин хонадон наздик будааст. Вай ҳоло пухтупази ин рӯзро ба зиммаи худ гирифтааст. Сафаргул даробарои зиёда дорад. Вай баъди фурсате аз як гӯша кафгир дар даст мебарояду бо орзуву хаёли ширини худ дар мобайни хавлӣ рост мемонад.
Сафаргул
Хонаи дӯст босафо бодо,
Буду нобуди ман фидо бодо!..
Дами пирӣ шудам саодатёр,
Ки ба худ ёфтам каси ғамхор.
Як замоне ду кас дугона будем,
Мо ду мағзи ягона дона будем...
Пас қудову фидо шудем... Акнун
Боз оҳанги як тарона шудем!..
Ҳо, Фарида, Фаридаҷони ман,
Розиям пеши пот афтодан!!!
(Чизе ба хаёлаш мерасаду бо дасти кафгирдор
ба сараш мезанад.)
Деги ман сӯхт!.. Вой бар ҳолам...
Сафаргул тозон меравад. Аз берун Фаридаву Давронбек даромада меоянд. Фарида саҳни ҳавлиро аз пеши назар гузаронда, ба ҷониби шавҳараш бо табассум нигоҳ мекунад.
Фарида
Гул барин рӯи ҳавлӣ... Меболам,
Ки қудоӣ пас аз ҷудоӣ шуд,
Хонадон ғарқи рӯшноӣ шуд!
Давронбек
Ҳама аз қисмат асту аз тақдир,
Ки Сафаргул қудо бишуд охир.
Фарида (табассум карда)
Ҳеҷ дар гӯшаи хаёл набуд,
Ки ягон рӯз инчунин мешуд...
Давронбек
Ту расидӣ ба мақсадат акнун,
Дили ман аз дигар ҷиҳатҳо хун.
Кош ин кор мешуд аз аввал...
Фарида
Буд равшан ба хона даҳ машъал...
Аз дару остонаи моён
Омад ин нури бахти бепоён!
Сад ҳазор офарин ба духтари ман,
Ки зи азмаш баланд ин сари ман!
Давронбек (ислоҳ дароварда)
Сари ман ҳам баланд... Инро гӯй,
Ки зи гулхор барнаояд бӯй.
Дар ин фурсат Сафаргул мебарояд ва се нафар ба ҳамдигар табассум мекунанд.
Ҳо, Сафаргул, ба меҳнат устодед,
Ҳусни ҷаннат ба ин макон додед!
Сарбаландем аз Шумо моён...
Фарида
Шодии ман, дугона, бепоён!
Сафаргул
Шодии ман дугона, садчандон...
Дар бисотам набера пайдо шуд,
Ки надонам зи шавқ ҷои худ.
Давронбек
Шукри ин рӯз!
Фарида
Рӯзи беҳамто,
Ки табиат шунид оҳи мо,
Ҳақ ба ҷояш қарор гирифт.
Давронбек
Ҷои дайро баҳор гирифт!
Сафаргул
Дер омад барои ман ин рӯз,
Лек ҳастам зи ҳастиам фирӯз.
Фарида
Қисмати ҳарду аз азал будааст.
Давронбек
Як хатое дар ин миён шудааст...
Мо ба шаҳр омадему шуд ин хел,
Хост духтар дигар касе бар дил.
Модараш зиддият намуд... Аммо...
Фарида
Падараш буд марди бепарво.
Гуфт: "Ин давр – даври зӯрӣ нест,
Ин қадар зиддият барои чист?"
Ана, дидӣ, накард вай тоқат?!
Давронбек бо ханда ба занаш ва Сафаргул нигоҳ карда, ба хона даромада меравад.
Сафаргул
Писарам будааст пуртоқат.
Духтарони зиёди он манзил
Дода буданд аз барояш дил.
Ҳеҷ касро барои хеш нахост...
"Меҳр аз баччагист!" – ин гап рост!
Сад ҳунарро ба хеш касб намуд,
Хонааш буду коргоҳаш буд,
Модарон дарди модарон донанд, –
Аз ғамаш ман шудам ба мӯ монанд.
Соли бигзашта хандааш дидам,
Росташ, ки дугона, болидам.
Омаду гуфт: "Очаи ҷонам,
Баъди ин якка ман намемонам!"
Бо мураббияе ба гап шудааст...
Қисмат, алҳақ, ки боз ин будааст!
Фарида (хаёл карда)
Ҷонам, он рӯзҳо гузашту рафт,
Шашпари мо гирифт аз пари ҳафт.
Писарат аз барои ман писар аст!
Падари бачча – шахси мӯътабар аст.
Рӯзҳои гузашта ёд накун,
Завқи имрӯзаро ба бод накун.
Мо – қудо, баъди он ҷудоиҳо,
Раҳмати рӯзи ҷонфидоиҳо!
...Духтари мост дар таввалудгоҳ,
Писари туст маҷнуни он ҷоҳ.
Гилаву ҷингила бас аст акнун,
Хонадони ману ту шуд мамнун!..
Сафаргул
Аз сарат гардам, эй дугонаи ман,
Духтарат шуд сафои хонаи ман.
Вай мураббии кӯдакон бошад,
Садқааш сад ҳазор ҷон бошад!
Мекунам ман сари набера сила,
Рост гуфтӣ, ки нест ҷои гила!
Фарида
Ҷон Сафаргул, шавем аз паи кор,
Ки биёранд тифли оташбор...
Сафаргул
Ғуссаро ман дигар намедонам,
Номи ӯро "Умеда" мемонам...
Фарида (орзуманд)
Гулу гулдастаҳо қатор шуданд...
Сафаргул
Хонаи мову ту баҳор шуданд!
Фарида
Мо ҳам акнун мисоли чашма шудем...
Сафаргул
Роздори висоли чашма шудем.
Сад ниҳоли дигар қад афрозад,
Чашмаи меҳри хеш бинвозад.
Ту дар ин пайт аҷоиб омадаӣ,
Гапи мардум ба пушти сар задаӣ.
Шавҳарат – марди нек Давронбек
Шод аз духтари нави тоҷик.
Фарида
Духтари ман даме, ки духтар зод, –
Мешавад хонадон басо обод.
Бо умеди Умеда биншинем,
Росташ, ки абера мебинем!..
Духтари ман надошт нуқсоне,
Ки шавам боғбони бӯстоне!..
Сафаргул
Синни ҳаждаҳ расад Умедаи мо,
Тӯй бояд кунем мо ӯро.
Баъди он мову ту наменолем...
Фарида
Баъди он аз абера меболем!
Сафаргулу Фарида ҳамдигарро ба оғӯш мекашанду баланд механданд. Ба китфи якдигар тап-тап мезананд. Аз хурсандӣ чӣ кор карданашонро намедонанд. Дар ҳамин лаҳза Мӯҳтарам бо духтараш Зевар даромада меояд. Дар дасти 3евар тугунпече ҳасту онро ҳамроҳи худ нигоҳ медорад. Яке чашми Сафаргул, баъд чашми Фарида ба онҳо меафтад. Фарида ба истиқболи меҳмонон меравад. Аз чеҳраи Мӯҳтарам табассум лаб задааст. Зевар ором дар гӯшае истодааст... Сафаргул онҳоро намешиносад.
Мӯҳтарам
Ассалом, эй дӯстони беғараз,
Бо шумо ҳастем моён "нону ҷаз".
Як ҷаҳон табрик овардем мо,
Шавқатон тақсими ҳам кардем мо!
Фарида
Мӯҳтарамҷон, гардам аз табрики ту,
Шодам аз ҳар як каломи неки ту!
Хонаи мо шуд мунаввар, ростӣ,
Ончуноне, ки худат мехостӣ!..
Мӯҳтарам (ба Сафаргул ишора карда)
Кист ин одам?
Фарида
Бибии тифли мост!
Мӯҳтарам (ба Сафаргул)
Сад муборак, сад муборак бар Шумост!
Сафаргул (ба Мӯҳтарам)
Духтарам, бар пеши потон садқаам,
Бар суханҳои баҷотон садқаам!
Ман каси қишлоқии нохондаам,
Ки аз ин иқболи худ шах мондаам.
Фарида (ба Зевар)
Ҷони ширинам, ту зеботар шудӣ,
Лоиқи номат – худат зевар шудӣ!
Зевар (ба Фарида)
Хонадони янгаам обод бод!..
Ман Шуморо дӯст медорам зиёд...
Мӯҳтарам
Духтари ман, – Зевари ман бо умед
Омад ин ҷо...
Фарида
Марҳамат, роҳи сафед!
Янгааш аз диданаш хуррам шавад,
Нозбардори дили одам шавад!
Бар Шумо дорам саволе, Мӯҳтарам,
Аз кӣ фаҳмидӣ?
Мӯҳтарам
Шунидам...
Сафаргул
Нест ғам,
Ки ҳама бишнида шодӣ мекунанд,
Насли навро дида, – шодӣ мекунанд!
Мӯҳтарам
Ман намонам то қиёмат дар шигифт,
Урфиятро ҳаст як "додугирифт"...
(Тугунпечро аз дасти духтараш мегираду ба
Фарида дароз мекунад)
Як либос атлас биёвардам.
Фарида
Шумо
Аз чӣ ин заҳмат кашидед?.. Ин чаро?!
Мӯҳтарам
Аз қадим ин гуна мақсад доштам,
Рӯ нагардонед!... Нийят доштам...
Фарида
Сад ташаккур!..
(Тугунпечро мегирад)
Нийяти неки шумо
То абад монад даруни қалби мо.
Мешавад Райҳон аз ин албатта шод!..
Сафаргул
Хайрхоҳонро саодат ёр бод!
(Яке ба сараш зада)
Вой!? Он ҷо ошдони ман чӣ шуд?
Сафаргул тозон меравад. Ҳама аз паи вай нигоҳ мекунанд.
Фарида
Мову ин кас ошнои баччагӣ,
Дӯстони бовафои баччагӣ.
Як замон аз ҳамдигар гаштем дур,
Лекин акнун риштае пайваст зӯр.
Мӯҳтарам
Риштае, ки он насиби мо нашуд,
Инчунин шуд, ҳар чӣ ҳам буду набуд.
Дар ин дам аз хона Давронбек мебарояду Зевар ва Мӯҳтарамро дида, андак дар тааҷҷуб мемонад. Аммо ҳайрати худро пинҳон дошта наздик меояд ва мулоқот мекунад.
Давронбек
Ассалом, эй Мӯҳтарам!
Зевар, салом!
Мӯҳтарам
Рӯзи хуш бодо муборак!
Давронбек
Эҳтиром
Менамоям одамони некро,
Мардуми бар ҷону дил наздикро!
Мӯҳтарам
Меҳрубонии шумо дар ёди мост,
Шавқи мо аз шодмонии шумост.
Доимо бошед фирӯзу саид,
Бод дар ин хонадон ҳар рӯз ид!
Бо ҳамин нийят аз ин ҷо меравем,
Менахоҳам, ки ғами Райҳон шавем.
Духтарам, хатро барор!
3евар хат бароварда ба модараш медиҳад. Мӯҳтарам онро ба Давронбек бо ҳурмат дароз мекунад. Вай мактубро гирифта, ин тарафу он тарафашро нигоҳ мекунад. Фарида дар ташвиш...
Фарида
Ин хат зи кист?
Давронбек (бурдборона)
Ин зи домоди нахустин будагист!?
3евар
Номаи Паймон-тағо..
Мӯҳтарам
Вай ҳамин хатро саҳар оварда дод,
Ки расонем... ҳаст беандоза шод.
Чун насиби вай нашуд ин гуна бахт,
Монд бо ҳоли худаш зору карахт!..
Мӯҳтарам ба Зевар имо мекунаду ҳамроҳ баромада мераванд. Давронбек дар даст мактубро бозӣ доронда, саволомез ба Фарида менигарад. Сафаргул шодона дохили саҳна мешавад.
Сафаргул
Шуд муҳайё зиёфати шоҳӣ,
Ҳаст он ҷо, чизе, ки мехоҳӣ!
(Вазъияти Давронбеку Фаридаро дида, ба
ташвиш меафтад)
Меҳмонҳо канӣ?.. Чаро гаранг шумо?
Ин хат аз кист?
Фарида
Ин зи меҳмонҳо... Мардак!
Онро кушодаву хонем,
Ки чӣ бинвиштааст, то донем.
Сухани бад агар бувад онро,
Мо нагӯем Нури чашмонро...
Моҷарое ба сар набардорад?!
Ташвиш акнун ба вай зарар дорад.
Сафаргул чизе нафаҳмида, дар як гӯшае нишаста мемонад. Давронбек хомӯшона хатро мекушояду ба занаш имо мекунад, ки нишинад. Фарида дар гӯшаи дигар мешинад. Давронбек ба хат чашм медӯзад. Сафаргулу Фарида бо изтироб ба вай нигоҳ доранд. Овози Паймон аз хат шунида мешавад...
Овози Паймон:
Буттаи гул! Салом мегӯям,
Бар ту сад эҳтиром, мегӯям!
Домани ғуссаам, ки нопайдост,
Домани дил ба домани саҳрост.
Бар ту хоҳони бахтаму шодам,
Ман туро бар ҳаёти нав додам.
Рафт аз хотират парешонӣ,
Ту кунун бӯй дорӣ, райҳонӣ!
Ба падар-модарат ҳазор аҳсант,
Ки намуданд тоқате бар ман.
Ту гули беғубори давронӣ,
Амалат нест ғайри инсонӣ.
Шаттаи додаат ба ёдам ҳаст, –
Косаи ҳастии маро бишкаст.
Ту басо одами накӯ будаӣ,
Сархати неки орзу будаӣ.
Ҳар гуноҳе, ки ман намудам, бахш,
Меҳрубон будаму набудам, бахш!
Духтаратро Умеда ном гузор,
Ки шавад бар умеди ман дилдор!
Шавҳари нав туро насиб кунад,
Роҳи бахти туро сафед кунад.
Ин қадар сол вай барои ту
Ҷон бикоҳондааст. Аз ҳар сӯ
Ман бароят гул оварам, донӣ,
Ки маро ҳаст сад пушаймонӣ?!
Кордро ман раво намебинам,
Бо хаёлат ҳамеша биншинам.
Ақрабои маро бубахш акнун,
Ки намуданд ғуссаат афзун...
Шояд он рӯз бо Сабо қасдан
Ба ту имконият бидодам ман?!
Тую бахти ту рӯ ба рӯ бошад,
Ману домони орзу бошад!
Сари роҳи туро кунам сила,
Аз худам мекунам ҳамеша гила.
Як либос атласат фиристодам,
Гоҳ гирёнаму гаҳе шодам.
Буттаи тул, ба ном райҳонӣ,
Бӯй дорӣ, ҳамеша инсонӣ!..
Бешу кам – бо ту будаам даҳ сол,
Рафт аз ман мисоли хобу хаёл!
Ту фаромӯш кун маро, ҷонам,
Бо хаёлат ҳамеша мемонам!..
Сафаргулу Фарида аз ҷо мехезанд. Давронбек хатро ба Фарида дароз мекунад.
Давронбек
Гир инро, ба сандуқат бигзор,
Ки ба таърих мешавад осор.
Хондам ин номаро, ба ҷон хондам,
Лек чун ҳайкале ба ҷо мондам!
Фарида
Аз бибиҳо мапурс ҳарфи беш,
Ки бибием дар остони хеш.
Сад зиёфат кунем, – меарзад,
Кист он, ки зи мову ту тарсад?
Оҳанги суруди "алла", ки дар ибтидои асар буд, оҳиста-оҳиста баланд мешавад...
Давронбек
Омаданд?!
Сафаргул
Омаданд!
Фарида
Аҷаб бахте,
Ки бирафт он азобу он сахтӣ!.. (Оҳ мекашад.)
Ҳама ба тарафи даромадгоҳи ҳавлӣ мешитобанд. Аз берун Райҳон бо як бағал гулдаста ва шавҳари наваш кӯдаки навзод дар канор даромада меоянд. Пешвозгирии саодатмандона... Оҳанги "алла"-ро оҳиста-оҳиста мусиқии пуртантана иваз мекунад... Кӯдакро Фарида мегирад, баъд Давронбек мегираду навозиш мекунад. Чашмони ҳама ба сӯи ӯ дӯхта шудаанд...
Давронбек
Дар раҳат буд чашми моён чор,
Оқибат омадӣ, сафои баҳор?!
Ҷони бобо фидо шавад бар ту!
Бибиатро намудӣ хандонрӯ...
Дар дилаш як ҷаҳон вафо бар туст.
Фарида
Шодии худ намекунам ман руст.
Ба умеди дилам Умеда шудӣ,
Нур бар ҷон, ба дил...
Сафаргул
Ба дида шудӣ!
Марҳамат, ҷонакам, ба дастурхон!
Давронбек
Меравем, офтобаки тобон!
Давронбек бо кӯдак гапзанон карда, ба хона медарояд. Аз паи вай Фарида, Сафаргул ва писараш низ мераванд... Дар саҳна Райҳон таваққуф карда мемонад ва дар лабонаш табассуми сеҳрноке пайдо мегардад. Боз оҳанги "алла" садо медиҳад...
Райҳон
Кӯдак омад ба хонадони падар,
Нест, гӯё, маро ғами дигар...
Ҳаст як ғам... азоби ман бошад,
Он ҳама дар китоби ман бошад...
Дили ман ғаш, хаёли ман ҳам ғаш,
Мондаам дар миёнаи оташ!
Буттаи гул, бас ин парешонӣ,
Бӯй дорӣ кунун... Ту райҳонӣ!
Аз дохили саҳна "Райҳон, Райҳон" гуфтани Фаридаву Давронбек ба гӯш мерасад...
Суруди "алла"-ро замзама карда, ба хона медарояд...
Тоқу равзани хона,
Боғу гулшани хона,
Субҳи равшани хона.
Алла гӯям, алла-ё!
П а р д а