Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ЯК ЛИБОС АТЛАС - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ ЧОРУМ




Доманаи кӯҳу канори дарёи кӯҳӣ. Аз дур зану марде ба назар метобанду гапзанон зуд паноҳ мешаванд. Аз як тараф Райҳон ба саҳна дохил мешаваду он ду нафарро мебинад. Лаҳзае дар ҷояш ором мемонад. Пас болои санге нишаста, сарашро байни ду каф мефишорад...

Райҳон

Ман ба чашмам намекунам бовар...
Ба гумонам, ки вай каси дигар.
Саҳнае аз барои ман бозанд,
Ки суруди маро дигар созанд?!

Аз ҷо мехезаду ду қадам мегузорад ва рӯй ба дохили саҳна чун ҳайкал рост меистад.

Асаби ман шудаст лиққонак,
Шубҳа дорам ба ҳар гапи андак...
Ман ба Паймон-ку боварӣ дорам!
Рашки худро ба хок биспорам...
Оҳ, иғвогарон чӣ номарданд, –
Бардурӯғ ин тараф равон карданд.
Рост аст, он ҷавон ба вай монанд,
Лек меъмори ман ба кораш банд.
Вай надорад барои худ фурсат,
Ки биёяд ба ин тараф... Одат
Кардаам ман ба инчунин иғво...
Лекин ин омадам бувад беҷо.
Хайр, оҳе кашам ва пас гардам,
Ки чӣ бовар ба Мӯҳтарам кардам.
Аз куҷо рашк дар дилам ҷо шуд?
Ману Паймону зиндагӣ хушнуд!..

Рафтанӣ мешавад. Аммо назараш ба дохили саҳна меафтаду дар ҷои худ таваққуф карда мемонад. Он ду нафар даст дар бағали ҳамдигар гузошта мераванд. Райҳон карахтона ба он тараф қадам мегузораду аз сараш афтодани нимрӯмолашро ҳис намекунад. Чашмонашро бори дигар пок карда, назар мекунаду оҳи ҷонсӯзе мекашад.


Ё худованди ман, чӣ рӯз аст ин?
Духтари ношиносу Паймон бин!
Ман магар хоб, ё ки бедорам?
Шубҳае дар ҳамин миён дорам...
Саҳнае аз барои ман бозанд,
Ки ҳаёти маро нагун созанд?..
Офтоби баҳор дар сари ман,
Ҳастии рӯзгор дар бари ман.
Лекин ин рӯзро кӣ медонист,
Он ҷавон кисту духтари он кист?
Агар ӯ ростӣ, ки Паймон аст,
Доғи ин рӯз дар дилу ҷон аст.
Он касе, ки барои ман ин гуфт,
Хотири нозуки маро ошуфт.
Одами хайрхоҳи комил нест,
Ғайри Паймон даруни ин дил нест...

Райҳон даст рӯи дил мегузораду қадам мезанад. Ҳолаташ хуб нест. Ҳатто пай намебарад, ки дар сараш нимрӯмолаш нест. Хаёл карда, дар гӯшае нишаста мемонад. Боз он ду нафар, ки якаш Паймон аст, ӯро надида гузашта мераванд, Райҳон яке ба худ омада, аз ҷояш барҷаста мехезад. Рашк вуҷуди ӯро фаро гирифтааст...

Сари сахти маро кӣ медонад?
Осмони ҳаёт мемонад...
Он гапе, ки шунида омадаам,
Рост будаст... Дил ба ғам задаам.
Модари ҷон, маро ту бахшоӣ,
Кӣ ба умед назди ман оӣ.
Шавҳари ман, ки бевафоӣ кард,
Бар сарам ғуссаи ҷаҳон овард.
Оҳ, даҳ соли ғуссаву хорӣ,
Ба манат "илтифоти" нав дорӣ?!?
Рафтам... Аз ин миёна ман рафтам...
Ростӣ ҳам, зи хона ман рафтам!

Райҳон аз саҳна баромада меравад. Як муддат касе пайдо намешавад. Фақат нимрӯмоли Райҳон аз шамоли кӯҳӣ алвонҷ мехӯрад. Сабо меояд. Вай хушҳол аст. Ба роҳи омадаш хандон паи ҳам нигоҳ карда мегирад. Баъд, ба атроф чашм давонда, нимрӯмолро мебинад ва рафта онро ба даст мегираду дар як гӯшаи он хатеро мехонад.



Сабо

Ман фитодам чаро ба ин аҳвол?!
Номи Райҳон ба гӯшаи рӯмол?!
Аз куҷое шунидаам ин ном...
Соҳибаш будааст одами хом.
Аз худ ин ҷо нишонае мондаст,
Ки худашро ба даст афтондаст!
Ҳама атроф ғарқи хомӯшӣ...
Оҳ, ин духтари фаромӯшӣ!..

Сабо бори дигар ба нимрӯмол нигоҳ мекунаду баъд қадамзанон ба тарафи омадагиаш чашм медӯзад.

Ин қадар ҳам ҳаял барои чист?
Як дақиқа?.. Барои ман солест.
Зуд ояд, ки бинад ин рӯмол...
Ё бимонам ба ҷои худ алҳол?!
Не!.. Чаро монам? Ин насиби ман аст.
Толеи худ намедиҳанд аз даст!

Паймон як даста гул гирифта меояд ва онро бо ҳурмат ба дасти Сабо месупорад. Сабо нозу итоб карда гулдастаро мегираду дар навбати худ ба Паймон нимрӯмолро нишон медиҳад. Паймон нимрӯмолро мебинаду ба воҳима меафтад. Аммо ҳолати ӯро Сабо пай намебарад.

Ана, бинед, ин чӣ рӯмол аст?..
Пеши роҳам ҳамеша иқбол аст!

Паймон (рӯмолро ба даст гирифта)

Ин ба дасти ту аз куҷо афтод?

Сабо

Ёфтам ман... Чаро Шумо ношод?!
Магар инро шинохтед?

Паймон

Оре,
Ин магар хоб ё ки бедорӣ?!
Ана, ин номи ӯст... Вай ин ҷост.
Ин на рӯмолакест... доми мост!

Сабо (Хавотир)

Ман чӣ кардам, ки дом партоянд?

Паймон

Зудтар меравем, то н-оянд.
Инчунин ман гумон намекардам,
Лекин аз Мӯҳтарам бувад дардам.
Шавлае пухта, шармсор намуд,
Ман надонам, ки вай чӣ кор намуд?!

Сабо

Ман худам аҳмақам!.. Ҳавои кушод
Дам надоду азияту ғам дод.
Ман надонам, ки аз чӣ ин рӯмол
Шуд ғамеву фитонд дар ин ҳол...
Мӯҳтарам – хоҳари азизи Шумо
Аламе доштаст... Аҷаб савдо!..
Архитектори мӯҳтарам, рафтам,
Ҷониби шаҳри боҳашам рафтам.
Шуд аёнам, зани Шумо Райҳон
Дӯст медорад аз дилу аз ҷон.

Паймон

Ман ҳикоят накардаам бар ту,
Ки ситода дилам ба тори мӯ.
Мӯҳтарам хоҳари ман аст, ин рост,
Лек бар ман чӣ саҳнае орост?!
Бохабар будаӣ, ки зан дорам,
Кош, донӣ, ки ғусса ман дорам.
Ҳама аз он сабаб, ки тифлам нест...
Як нафар дар ту ҳасту ин олист!..

Сабо

Падари вай, фалокате шуд, мурд,
Ғаму андӯҳи ман ба гӯраш бурд.
Чанд соле шудаст танҳоям,
Роҳи иқболи хеш мепоям.
Мӯҳтарам аз Шумо ҳикоят кард,
Ки ба ҷонам муҳаббате овард...


Паймон

Меравем!.. Илтимос дорам ман...
Дом дар пои мост...

Сабо

Ин равшан.
Домҳои зиёд ман дидам, –
Сирри ин домро нафаҳмидам...
Мард ҳастеду тарсатон афзун,
Ки ба чашмонатон давида хун.
Бо Шумо ман ба сайр омадаам,
Гапи мардум ба пушти по задаам...
Занатонро, ки дӯст медоред,
Дигаронро чунин наозоред!..

Паймон

Як хатое намудаам, афсус,
Ки тамоми дилам ба дасти туст.
Аз куҷо рӯймолаки зани ман
Бар кафи ту фитод?..

Сабо

Норавшан?
Бо ягон навҷавони хандонрӯй
Занатон омадаст бар ин сӯй.
Занатонро намуда саргардон
Бӯсаҳову канори гарми ҷавон!
Вай дар ин ҷой монда рӯмолаш
Рафтааст... Офарин ба аъмолаш!..

Паймон (Асабӣ шуда)

Ҳамаро чун худат надон ту, Сабо,
Зани ман омада зи пушти мо.
Роҳи моро ба вай нишон дода,
Мӯҳтарам – хоҳарам фиристода!..

Дар ин фурсат Райҳон бо хавоси парешон аз як гӯша пайдо мешаваду охири гапи Паймонро мешунавад. Омадани Райҳонро онҳо пай намебаранд. Райҳон лаҳзае аз канор гӯш карда меистад...


Сабо

Будаед одами басо буздил,
Бо касони шумо барин мушкил...
Меравему валек бори дигар...

Паймон

Ту наранҷ!.. Аз гуноҳи ман бигзар,
Бо ту осудаам, дилам шод аст!
Бахти ман дар кафи ту истодаст!..

Сабо аз шунидани ин сухан табассум мекунад. Паймон ӯро дар оғӯш кашида, бӯсиданӣ мешавад. Онҳо бо нозу итоб кашокашӣ мекунанд. Райҳон ин ҳолатро дида, тоқат намекунаду пеш баромада як тарсакии обдор ба рӯи Паймон мезанад. Вай аз ин зарбаи ногаҳонӣ калавида меравад. Аз ин воқеа Сабо ҳам гаранг шуда мемонад. Райҳон рӯймолашро кашида мегираду тозон аз саҳна мебарояд. Паймон рӯи шаттахӯрдаашро дошта, аз паи Райҳон нигоҳ карда мемонад.

Ана дасту чӣ қуввате дар даст!
Риштаи ҳастии маро бугсаст...
Ин қадар сол ман надонистам,
Ки ба як хона ҳамсари кистам?!

Охири намоиш





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »