НАМОИШИ СЕЮМ
Ҳамон ҳавлӣ. Саҳари бармаҳал. Маълум бояд шавад, ки ҳама хобанд. Саҳна ҳоло торик. Фақат сурати Райҳон дар доираи чароғ ба назар метобад. Вай ғарқи хаёлу андешаҳост. Саҳна оҳиста-оҳиста равшан мешавад. Баъди фурсате ба саҳна Фарида дохил мегардад...
Райҳон (худ ба худ)
Рангу бӯи баҳорро бинам,
Лек бо дарду ғусса биншинам.
Оҳ аз ин рӯзгори рангранг,
Ки намудаст ҳоли манро танг.
Таънаҳо наштаре ба ҷонам дод,
Кай расам ман ба мақсаду ба мурод?!
Алакай он дугонаҳои ман
Соҳиби якта не, ду-се фарзанд.
Шармам ояд, ки шахси бенаслам,
Зочабози қадима дар аслам...
Духтур айби маро намеёбад,
Тифлаке дар вуҷуд кай тобад?
Ё бигирам, бидуни фикру хаёл,
Кӯдакеро зи хона атфол?!
Фарида
Хандаи тифлакат шавад рӯзе, –
Бод хуррам ҷаҳони фирӯзӣ!..
Райҳон (модарашро мебинад)
Модари меҳрубонакам, ҷонам,
Аз буду аз шудам пушаймонам...
Фарида
Айб дар шавҳарат...
Райҳон
Надонам ман,
Дар гулӯям дили...
Фарида
Ҷаҳони ман,
Дами пирӣ ғамат адо созад,
Кӯдакатро сипас кӣ бинвозад?
Падарат ҳам тамом обу адост,
Як набера чаро ки нопайдост?!
Ҳар қадар ман муҳаббатат донам,
Рав зи меъмори худ, фидо ҷонам...
Падарат розӣ нест... Аммо ту
Рав зи Паймон! Намой дигар шӯ...
Дар табиат зиёд ҳодисаҳост.
Ман ба ҳар таъна мекунам бардошт!..
Райҳон
Модари ҷон, бузург инсонед,
Мантиқи зиндагӣ намедонед.
Мезанад... Мезанад ба по теша
Роҳи дурударози андеша.
Меравам... Лек вай намемонад,
Мекушад хешро, агар донад...
Ғайр аз ин, баъди ин қадар гирудор,
Росташ ин, ки ман ба кӣ даркор?
Фарида
Ин чӣ дилмурдагист?!
Райҳон (ба боло нигариста)
Оҳ, сипеҳр!!!
Фарида
Як ҷавонмард бар ту дорад меҳр...
Гар ту аз шавҳарат ҷудо бишавӣ,
Сад хушомад зи ҳар ҷавон шунавӣ.
Ҳусни солим табиатат додаст,
Бар сарат мурғи бахт истодаст.
Дар бағал кӯдаки туро гирам,
Лек дар акси ҳол – мемирам!..
Райҳон
Чун кунам азм бар чунин раҳи паст,
Домани орзу равад аз даст...
Паст гардад сари баландам ҳам...
Фарида
Насл бояд барои ҳар одам!
На ако дорию на хоҳар ту,
Дар бисотам ягона духтар ту.
Ин сари сахт бар куҷо бубарам,
К-аз табиат барот зоча харам?!
Райҳон
Ман мураббия ҳастаму шодам,
Фикри зодан бирафта аз ёдам.
Ин табиат маро чунин зодаст,
Тифлзоӣ ба дигарон додаст...
Хайр, илоҷи дигар набошад, ман
Чӣ кунам, хонадон шавад равшан?!
Кӯдакони зиёд дар бари ман,
Ки баланд аст аз ин сабаб сари ман.
Фарида
Духтари меҳрубонакам, ҷонам,
Ман ба андешаи ту ҳайронам.
Шавҳаратро ба хонадонаш мон,
Аз дигар ҷой бахти худ хандон!
Райҳон
Оҳ, модар, магар ин осон аст?
Фарида
Ғами тифли ту дар дилу ҷон аст...
Рав ту аз шавҳарат ба хоҳиши худ,
Қисмат ин будааст... буду набуд.
Шавҳарат ҳам каси дигар ёбад,
Бахти ҳарду, равад, ки хуш тобад!..
Райҳон
Оҳ, модар, магар ин осон аст?
Фарида
Хоҳиши зиндагонӣ ин бошад,
Роҳи ояндаат ҳамин бошад!
Баъди андак, зи насл мемонӣ,
Фикр кун... пеш аз пушаймонӣ!
Райҳон
Оҳ, модар, магар ин осон аст,
Ки ҳама меҳри ман ба Паймон аст?!
Хоҳараш, ростӣ, ки бадҷаҳл аст,
Лек Паймони ман худаш аҳл аст.
Мепарастад маро ба ҷону дил,
Рафтан аз вай барои ман мушкил!
Модараш ҳам каме дағал, аммо
Худи вай нағз, нағзи беҳамто.
Гар шикоят кунам зи вай, – сӯзам!..
Фарида
Хоҳам аз рӯи тифлат афрӯзам!
Падарат – мӯсафеди дарёдил,
Бо ҳамин ҳам шудаст ҳамчун қил.
На шабаш хобу на ба рӯз ором,
Кай расад аз наберааш пайғом?!
Фарида оҳ кашида, дар саҳни ҳавлӣ бо коре машғул мешавад. Райҳон дар ҷояш истода ба як нуқтае чашм медӯзаду ғарқи фикру андешаҳост... Дар ҳамин фурсат Давронбек аз хона мебарояд. Касе ӯро намебинад. Вай як ба тарафи занаш ва як ба тарафи духтараш нигоҳ мекунаду оҳиста месулфад. Фарида ва Райҳон ба тарафи ӯ нигоҳ мекунанд. Давронбек сар меҷунбонад.
Райҳон
Субҳатон хуш, падар!
Давронбек
Саломат бош!
Фарида
Аз чӣ ин қадр бармаҳал, ҷонам?
То наҳорӣ чаро нашуд бардошт?!
Давронбек
Хоб дидам... Чӣ гуна фаҳмонам...
Райҳон
Қиблагоҳ, он чӣ гуна хоб будаст?
Фарида
Гуфтани хоб аҷаб савоб будаст...
Давронбек ба зану духтараш санҷишкорона нигоҳ карда, баланд механдад...
Падараш, ин чӣ хандаи ноҷост?
Райҳон
Дадаҷони азизи ман, гӯед,
Ки чаро, айби модарам ҷӯед?!
Давронбек
Модарат бегуноҳ, духтари ман,
Ғами ту... Як ғами ту дар сари ман!
Хандаам аз дигар сабаб бошад,
Хоби ман нури бахт мепошад.
Духтарам! Яктаву ягонаи ман,
Зочае ор ту ба хонаи ман!
Шавҳаратро бару табобат кун,
Ғаму андӯҳ меравад берун...
Духтари поки ман, дилогоҳам,
Аз ту ман як набера мехоҳам!
Давронбек кисаҳояшро мекобад, Фарида аз хонаи дарун сигорет бароварда медиҳад. Давронбек онро мегиронаду ду дуд мекашад ва зуд хомӯш мекунад...
Ин ҳама аз барои таскин аст,
Ғами Паймони мо на ширин аст.
Назди духтур равед ҳардуятон,
То шавад тифлаке ба мо меҳмон!
Фарида
Падараш, меҳрубонакаш, дилакаш,
Мо гирифтем як раҳи беғаш.
Нест духтар ба фикри ман розӣ,
Ин – нахоҳад ба мо сарафрозӣ...
Райҳон
Оҳ, модар!
Фарида (ба духтараш)
Чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?
Сари моро бигир ту аз пастӣ!
То ки озод мо нафас бикашем,
Ғаму андӯҳ дар қафас бикашем...
Давронбек (ба занаш)
Мантиқи гап куҷост?
Райҳон
Модарҷон,
Ману умреву домани Паймон!
Падарам ҳолати маро донанд,
Ки маро нури дида мехонанд.
Чун дар олам ҳамеша покӣ ҳаст,
Аз гапи дигарон чӣ боке ҳаст?
Хайр, агар хонае набера надид?!
Фарида
Аз дигар хона мекунем умед!
Зани бебачча – одами кулл нест,
Дасти вай ҳеҷ лоиқи гул нест.
Ҳаст умеде... Бирав зи Паймонат!
Давронбек хомӯш гӯш мекунад. Райҳон ба тарафи падараш менигарад. Вай таъсири суханони модарашро аз чашму рӯи падараш санҷиданист.
Баъди чил зан зи насл мемонад...
Давронбек (Оҳ мекашад)
Ҳар чӣ дорем мо – зи тақдир аст,
Хулқи домодамон ҷаҳонгир аст.
Вай занашро зиёда дорад дӯст,
Меъмори баландмартаба ӯст.
Корҳояш басо сафобахшанд,
Дидаҳояш ба кор мерахшанд.
Ҳоли Паймони хастадил чӣ шавад
Духтари мо агар аз ӯ биравад?..
Дар хаёли Шумо магар ин нест?!
Фарида (ҷиддӣ)
Як набера барои мо кофист...
Хонаҳои базеби ӯро ман
Ба сарам мезанам?..
Давронбек
Ҳо, зан,
Андак андешае ба мо даркор!
(ба духтараш)
Шавҳаратро намой ту бедор!!!
Райҳон ба хона даромада меравад.
Меҳрубонам, тамоми ин гапҳо
Берун аз мантиқанд, ҳам беҷо.
Канӣ, домодамон киро ранҷонд?
Дина бо раъйи мо дар ин ҷо монд.
Аз писар ҳам зиёдтар бошад...
Фарида (гӯё чизе нашунидааст)
Як набера ба мо зиё пошад...
Худатон ҳам ҳамина хоҳонед,
Лек азми маро намемонед.
Даври таърих... Агар чу пир шавем,
Баъди он, – бар хаёл ғӯтта равем.
Мешавад он замон басо ҳам дер,
Ки бимонанд ин ду – бе дастгир!?
Мана, мову Шумо чиҳо кардем?
Якта фарзанду ҳарду пурдардем...
Дар бари ин ягон писар мебуд,
Ғамамон ҳам сабуктар мебуд!..
Давронбек (андешаманд)
Мо дар он рӯзҳои пурташвиш
Рафта будем бо мубориза пеш.
Ёфт тавлид духтари мо худ
Ҷони ман, дар миёни оташу дуд.
Шояд, ин ҳам давоми он рӯз аст,
Ки барои набераҳо дар баст?!
Тоҷикон мардуми фузуннасланд,
Мардуми баччадӯст дар асланд!
Як ману як Шумо чунин ҳастем,
Ки фақат якта шуд...
Фарида
Ки сарпастем.
Ман чӣ дидам дар умри кӯтоҳам?
Аз табиат қасос мехоҳам!
Нест лозим бинои садтабақа,
Мерасад... мерасад ба мо нафақа.
Лек лозим бибию бобогӯй, –
Мисли мардум кунем мо ҳам тӯй...
Давронбек
Меҳрубонам, Фаридаҷони ман,
Умри ман, ҳастию ҷаҳони ман,
Матлаби баччаҳост – матлаби мо,
Ҳар чӣ хоҳанд – он ба мо аъло!
Ишқ дорад барои худ қонун –
Дахли мо ҳаст аз хирад берун.
Доим ором будани мо нағз...
Фарида
Вой бар ҳоли пистаи бемағз!?
Давронбек
Духтари Шоҳалим ду шавҳар кард.
Боз омад ба хонаи модар.
Шавҳари аввалаш муҳаббат дошт,
Дуввумин – мошиневу давлат дошт.
Рафт аз аввала худи духтар...
Дуввумин – ронд аз остонаи дар.
Сари хешутабор паст аз ин,
Ҳоли модар-падар басо вазнин.
Ман чунин рӯзро намехоҳам!
Андак андешае, дилогоҳам!?
Давронбек баъди ин суханон ба хона даромада меравад. Вай аз хона бояд чизе гирифтанӣ бошад... Фарида бо ҳайрат аз паи шавҳараш нигоҳ карда мемонад, Худ ба худ сатрҳоро такрор мекунад.
Фарида
"Доим ором будани мо нағз...",
"Вой бар ҳоли пистаи бемағз!..".
Фарида аз паи шавҳараш меравад. Вай хавотир шудааст... Саҳна лаҳзае холист. Оҳиста мусиқӣ сар мешавад. Паймон мебарояд. Вай парешонҳол аст. Ҳар лаҳза ба ҷониби хона нигоҳ мекунад. Маълум аст, ки сурудаш ба он тараф равона шудааст. Аммо аз хона то хотима ёфтани суруд касе намебарояд...
Суруди Паймон
Ибтидои умри ширини маро ором нест,
Интиҳои умри худро, ман намедонам, ки чист?!
Сурати Райҳони худро то кашидам дар дилам,
Лек аз рафтори вай имрӯз мебояд гирист.
Вай ҷудо хоҳад шудан аз ман, магар ин ҷоиз аст
Хонавайронии ду дил дар вуҷуди асри бист?
Эй табиат, як иноят кун барои хотирам,
Ҳоли моро дида, шафқатҳо намову дам наист!
Як нафарро аз барои хонаи мо дон раво,
Ибтидои умри ширини маро ором нест!
Дар ин лаҳза Мӯҳтарам даромада меояд. Вай мушавваш аст. Паймон хоҳарашро дида, дар ҳайрат мемонад. Мӯҳтарам, гӯё, дар байн гапе нагузашта бошад, лӯлигӣ мекунад ва ҳарфҳои як вақт гуфтаашро такрор менамояд...
Мӯҳтарам
Ассалом!.. Тағои ҷонаш, ассалом!
Як либос атлас ба Зевар!.. Вассалом...
Паймон
Хоҳарам, ин ҷо чаро ту омадӣ?
Омадӣ ту бо кадомин мақсаде?
Мӯҳтарам
Модарам дар интизоранд он қадар,
Ки шуморо гум намуда то саҳар!..
Ё шумо соҳиб ба манзил нестед?...
Ташвиши модар намедонистед?!
Паймон (Оҳ кашида)
Кош, андӯҳи маро донистӣ...
Модари ӯгай ту... хоҳар нестӣ...
Як либос атлас туро бошад, – бас аст...
Мӯҳтарам (хашмолуд)
Ҳо?! Зани бенаслатон оё кас аст?...
Модарам дархост карду омадам,
Аҳди худро ҳам ба пушти по задам...
Духтаре ман ёфтам аз баҳратон–
Фарқ дар ин ҷо: – Замину осмон!
Паймон
Хоҳарам, аз ту вафое хостам,
Зиндагӣ, умри бақое хостам.
Мӯҳтарам (тамаъкорона)
Як либос атлас?
Паймон
Ба Зевар мерасад!...
Гар зи ман не, он зи модар мерасад.
Лек дар ин хонадон ором бош,
Омадӣ? Хуш омадӣ!.. Хушном бош!
Мӯҳтарам
Аз Шумо умеди хоҳар ин набуд...
Паймон (ҳайрон)
Рост гуфтӣ?.. Фикри модар ин набуд.
Хӯш, чист умеди ту?..
Мӯҳтарам
Ҷонон ако,
Як зани дигар шуморо муддао...
Ҳар касе бе насл бошад – дӯзахист...
Ёфтам ман духтари ҳамчун биҳишт...
Паймон (оташин шуда)
Кӣ туро пурсид, охир?
Мӯҳтарам
Модарам!
Ман Шуморо назди он кас мебарам...
Паймон
Рав, худат рав!
Мон маро бо ҳоли худ...
Як ҳамин даллолагиат монда буд!..
Омадат Райҳон нафаҳмад...
Мӯҳтарам
Эҳ, ако,
Ман намехоҳам дар ин ҷо моҷаро!..
(Райҳон аз гӯшае мепояд.)
Як либос атлас бароям ваъда шуд,
Росташ, ки аз Шумо не, аз қудо!..
Паймон (қаҳролуд)
Инчунин рафтори ту – шармандагист,
Рав аз ин ҷо зудтар, эй беҳаё!
Мӯҳтарам (мешӯрад)
Бо зани бенаслатон осудаед...
Ман намедонистам ин ҷо будаед!
Ҳам падар, ҳам модари Райҳонатон –
Одамони қадрдону меҳрубон...
Як либос атлас бароям доданӣ...
Ман ба онҳо рози дил бикшоданӣ.
Аввал он атлас ба каф меоварам...
Паймон (бетоқат шуда)
Рав аз ин ҷо ту!..
Худи ман мебарам.
Мӯҳтарам
Ман қудоҳоро бубинам, баъди он
Меравам... Монед бо Райҳонатон!
Лекин он духтар кирои заншавист,
Ки мисолаш дар ду олам нест... Нест!
Вай таваллуд мекунад фарзандҳо,
Аз хиҷолат мебароед, эй ако!?
Паймон (ғазабнок)
Гум шав аз ин ҷо!.. Маро як ёр ҳаст,
Ки ба ёдаш дидаи бедор ҳаст!..
Мебарам ҳар сӯ, табобат мекунам,
Хона маъвои саодат мекунам!..
Давронбек ва Фарида ба саҳна дохил мешаванд. Райҳоне, ки дар як гӯша пинҳон буду ин гапҳоро гӯш мекард, – аз тарафи дигар ба саҳна дохил мешавад... Мӯҳтарам аз суханони акояш як дараҷа ранҷида аст...
Мӯҳтарам (ба акояш)
Мешавад рӯзе, – пушаймон мешавед!
(Баромада рафтанист)
Фарида
Баъди андак бо акотон меравед.
Давронбек
Сабр андак, эй қудоча!
Мӯҳтарам (онҳоро дида)
Ассалом! Омадам бар ҷустуҷӯи ин аком.
Ҳолу аҳволи шумоён хуб-мӣ?
Янгаи ҷонона Райҳон хуб-мӣ?
Давронбек
Шодмон бошед!..
Фарида
Бахти будагӣ...
Паймон (ба хоҳараш)
Рав ту!.. Моро мон ту дар осудагӣ!..
Гапи Паймонро шунида, Давронбеку Фарида ба ҳамдигар менигаранд. Райҳон дар гӯшае хомӯш истодааст. Аммо равшан аст, ки вай ба Мӯҳтарам нафрат дорад, Мӯҳтарам дар назди ҳозирон чизе гуфта наметавонаду бо ду даст рӯяшро дошта, тозон аз саҳна баромада меравад...
Давронбек (ба занаш)
Ин чӣ кори кардаи Паймони мост?
Фарида (ба Паймон)
Инчунин рафторатон оё равост?!
Паймон
Узр мехоҳам!.. Яке шӯридаам...
Хешро дар ҳавлии худ дидаам.
Паймон тозон баромада меравад. Ҳайрати Фаридаву Давронбек зиёдтар мешавад.
Давронбек
Ин чӣ рӯзест?!
Фарида
Ман намедонам,
Ки аз ин гуна рӯз ҳайронам...
Давронбек (духура)
Гар биёяд саҳар ба файзи саҳар, –
Бод бар ҷон ҳаловати дигар.
Лекин ин субҳ тиратар омад,
Ки ба ҷон ғуссаи дигар омад.
Буд умедам зиёд аз Паймон, –
Бо чунин кори худ маро ранҷонд,
Хоҳарашро зи ҳавлии мо ронд!..
Фарида
Ман чӣ гуфтам?.. Ба чашматон дидед?
Буди домодатон чӣ? Санҷидед?!
Вай чу бо хоҳараш чунин созад,
Духтари мо чӣ гуна бинвозад???
Давронбек (хаёл карда)
Гарчӣ розӣ набудаам ман дӯш,
Ман кунун розӣ! Вай равад аз шӯш!
Давронбек ба хона даромаданӣ мешавад. Райҳон сари роҳи ӯро медорад.
Райҳон
Дадаҷон! Аз Шумо умеди ман
Нест ин...
Давронбек
Гӯй баҳри ман равшан!
Ту чаро ин қадар...
Фарида
Ба ӯ бандӣ?
Вай ба моён надод хурсандӣ.
Райҳон (каме ранҷидааст)
Дар ҷаҳон одамон чаро ин хел,
Ки нафаҳманд ҳиссиёти дил?!
Мақсади хоҳараш, ки омада буд –
Баҳри Паймон нагашт мақбул... Зуд
Хоҳарашро биронд аз ин манзил...
Ҳама аз рӯи ҳиссиёти дил...
Шавҳари ман ягона инсон аст,
Тобу тоқат ба вай фаровон аст.
Тифл агар нест...
Фарида
Ин гуноҳи кист?
Давронбек (ба занаш)
Месазад ҳадди ҳарфи худ донист!..
Райҳон
Айб дар ман... Гуноҳ ҳам дар ман...
Ман зи Паймон ҷудо шавам?
Давронбек (мушавваш)
Не, не!
Райҳон
Бар дигар кас фидо шавам?
Давронбек
Не!.. Не!!!
Райҳон (рӯҳафтода)
Баъди даҳ соли зиндагӣ?.. Афсӯс
Ки расидем бар ҷаҳони хусус.
Бандагӣ нест ин, аё модар...
Ман шикоят надорам аз шавҳар.
Лекин имрӯзҳо...
(Райҳон хомӯш мемонад).
Давронбек (дар ташвиш)
Канӣ, гап зан!
Райҳон (бо андешаҳои худ)
Аз чӣ бошад, дар изтиробам ман...
Хоҳараш Мӯҳтарам барои он
Духтаре ёфта...
Фарида (ба хаёлоташ)
Ҷудо шав мон!
Ана ин як баҳонаи хуб аст...
Бар ту хоҳон ҷавони матлуб аст!
Давронбек ба занаш теғ кашида, нигоҳ мекунаду ба тарафи Паймон рафтагӣ баромада меравад. Райҳон ба модараш норозиёна чашм дӯхтааст. Модараш ба вай аҳамият надода, аз паи шавҳараш саросема мебарояд. Райҳон дар саҳна танҳо мемонад.
Райҳон (худ ба худ)
Ман надонам, ки оташам?.. Дудам?..
Сад пушаймонам аз чунин будам...
(Оҳ мекашад)
Буттаи гул, аҷаб парешонӣ...
Бӯ надорӣ... Чӣ гуна райҳонӣ?!
Райҳон аз паи падару модараш равон мешавад. Вай хомӯшонаву сархам қадам мемонад.
П а р д а