НАМОИШИ ДУЮМ
Ҳавлӣ. Дар саҳна падар ва модари Райҳон. Яке чой мерезад, дигаре хаёл мекунад. Яке андешаҳои дигареро ботинан ҳис мекунад ва хомӯш меистад...
Давронбек
Дар суруду таронаҳои зиёд,
Ки бароянд аз дили обод,
Номи Райҳон ҳамеша зебо аст...
Бо ҳамин ном духтари мо аст!
Оқилу хушзабону хушрафтор,
Мекунад ӯҳда вай тамоми кор.
Зочабоз асту зочаҳо дорад,
Кӯдакон тори сар бубардорад.
Касбу кораш барои вай дилҷӯст,
Лек бе зочаи худӣ як ӯст...
Аз табиат ҳамеша хоҳонам,
Ки кунад шод духтари ҷонам:
Як набера насиби мо бишавад,
Як набера ҳабиби мо бишавад.
Чунки Райҳон барои мо яктост,
Ғами дил аз ҳамин сабаб пайдост.
Вай агар якка не, ду-се мебуд,
Ғамбарори дилам яке мешуд...
Умри ман бо Шумо гузашт, аммо
Якамон ду нашуд... Сару савдо!..
Фарида
Якамон ду нашуд... Бале... Ин дард
Хонадонро ҷаҳони торе кард...
Кӯи Райҳон зи бачча пур мешуд,
Ғаму андӯҳу ғусса дур мешуд...
Лекин ин ҳам нашуд насиби мо,
Ки намоем доду вовайло...
Чӣ илоҷ? (Оҳ мекашад.)
Давронбек
Ин саволи ноҷоя,
Ки надорад ба худ ягон поя,
Медиҳад он қадар ғам озорам...
Фарида
Росташ, нийяте ба сар дорам,
Лекин аз гуфтанаш... ҳазар дорам.
Чанд муддат, ки ман ба ташвишам...
Банд бо фикри нийяти хешам.
Чун бигӯям, ки то Шумо фаҳмед?!
Давронбек
Зуд гӯед!
Фарида
Сахту бераҳмед,
Ки ба гуфтан забон надорам ман!...
Давронбек
Хӯш?!
Фарида
Тобу тавон надорам ман...
Гапи мардум намоям андеша.
Хуб буд, хуб инчунин пеша.
Ман надонам, Шумо чӣ мегӯед,
Марди овозадори хушгӯед...
Давронбек
Савти булбул шунидаам боре,
Ки ҳамехонд ишқи дилдоре...
Бо Шумо кӯҳна ёри ҷон ҳастем,
Роз дорему безабон ҳастем.
Насламон якта шуд... аҷаб кам шуд,
Ки дар ин лаҳза боиси ғам шуд.
Бо Шумо буда, бо Шумо ҳастам,
Чашми худро зи дигарон бастам.
Варна як марди сернасл будам,
Кас намедид оҳаму дудам...
Давлатам ҳасту молу мулкам ҳаст,
Нийяти поку тоза хулқам ҳаст.
Аз атои табиати саркаш
Шуд ба ман якта духтари беғаш.
Нест аммо ягонта бобо-гӯй,
Ки диҳам баҳри мардумон ман тӯй!
Фарида
Домани мову домани пирӣ,
Ки надорем ҳеҷ дастгирӣ.
Ҳаст оё касе "бибӣ!" гӯяд?
Гули айёми хонадон бӯяд?..
Нийяти ман...
Давронбек
Чӣ нийяте?
Фарида
Боре
Ман бигӯям зи кори даркорӣ...
Аз чӣ бошад, забон намегардад...
Давронбек
Росташ, ин тақал ба ҷонам зад...
Зуд бигӯед, то кай ин "шаф-шаф"?
Фарида
Тири ғам синаам намуда ҳадаф...
Гӯям, оё Шумо намеранҷед?!
Давронбек
Нийяти худ бигуфтаву санҷед!
Фарида
Дадаҷонаш, азоби мост зиёд,
Духтари якка ҳаст безурёт!..
Нийяти ман: ҷудо шаванд онҳо!
Давронбек
Ин чӣ фикру чӣ нийяти беҷо?
Аз забони Шумо чунин гуфтор?!
Ҳар кӣ дорад ба хеш номусу ор... Одамон...
Одамон чӣ мегӯянд? Ин ду тан хонадони хушрӯянд!
Фарида
Дар асоси мисолҳо гуфтам,
Ҳаққу ҳамсоя гуфту бишнуфтам.
Ман-ку аз гуфтаам пушаймонам,
Лек илоҷи дигар намедонам...
Илми тиб карда борҳо исбот,
Ки бувад ин ягона роҳи наҷот!
Шавҳараш зан бигирад аз сари нав...
Давронбек (худ ба худ)
Падари зор, ин сухан бишнав!
Одамон... Одамон чӣ мегӯянд?...
Ин ду тан хонадони хушрӯянд!..
Мо дахолат намекунем асло,
Нестам ман ба фикратон... Эй воҳ!
Фарида
Рӯзу шабҳо набера мехоҳед,
Рӯзу шабҳо ба нолаву оҳед...
Хоҳад ӯ, ин бувад дурустии кор,
Мешавад баҳри мо набера қатор...
Давронбек
Марди хело наҷиб Паймон аст,
Ошиқи мубтало ба Райҳон аст.
Ин хаёлу ақида нохуб аст,
Ҳарду дар хона ёри матлуб аст...
Мо дахолат кунем, шоён нест,
Роҳи иқбол – роҳи осон нест!..
Фарида
Ҳама гапҳоятон тамоман ҳақ,
Гапи ман, ҳарфи ман бувад ноҳақ.
Лекин умеду орзу дорем:
Сари худро каме бубардорем!
Давронбек
Ҳо, Фарида, азизи ман, дили ман,
Ту кушоӣ гиреҳи мушкили ман!..
Лек дар ин хусус забонат банд,
Ки нагардем "лӯтта"-ро монанд!
Оҳи мо, роҳи мо – ҳамин духтар,
Буду нобудро бувад сарвар...
Шавҳарашро чу дӯст медорад,
Ҳама гап пушти пой бигзорад!..
Дар ҳамин фурсат Мӯҳтарам даромада меояд. Вай хело асабист. Соҳибони хона ӯро сулҳпарварона пешвоз мегиранд.
Мӯҳтарам
Ассалом, эй соҳибони иззу ҷоҳ!
Бо Шумо ҳастем шоду хайрхоҳ...
Додари худ бар шумоён додаем,
Баҳри лутфе дар канор истодаем!..
Лек мехоҳам: Олам гул кунад,
Хорасанге "чаҳ-чаҳи" булбул кунад...
Давронбек
Мӯҳтарамҷони қудоча, ассалом,
Доимо бошед шоду некном!
Фарида
Зевари мо, духтари мо хуб-мӣ?
Давронбек
Бар акоҳо ҳамдилу маҳбуб-мӣ?..
Аз дари мо чун қадам бигзоштед,
Шавқамон то осмон бардоштед!
Марҳамат, ин хонаву ҷо пешкаш!
Фарида
Бар қудоча ҳастии мо пешкаш...
Аз кадомин сӯ вазидаст ин шамол,
Ки расонидаст моро бар висол?
Мӯҳтарам
Он шамоли меҳри хешу ақрабост!..
Давронбек
Эҳтироми ҷони мо баҳри Шумост.
Манзили мо бар қудоҳо чун худист,
Лутфи хоҳаршӯ барои беҳбудист!..
Фарида (ба Мӯҳтарам)
Ташвише аз чашму рӯтон ҳаст аён!?
Кош мекардед зуд онро баён!
Мӯҳтарам
Раҳгузар як омадам...
Давронбек
Не, духтарам...
Чаҳ-чаҳи булбул канӣ?... Пай мебарам.
Чашму рӯтон – раҳгузармонанд нест,
Маънии ташвиш?
Фарида
Шумо гӯед, чист?
Мӯҳтарам (нохост)
Як либос атлас...
Давронбек
Ҳамин ҳам гап магар?
Сад либосаш кам барои тоҷи сар!
Рӯзи дигар ман муҳайё мекунам,
Баҳри Райҳон якта пайдо мекунам.
Аз барои хоҳари Паймони мо –
Мо фидо бинмуданӣ сад ҷони мо!
Мӯҳтарам (мутаассир)
Сад ташаккур... Лек гап ҷои дигар,
Баҳри гуфтан ман биёям ин сафар...
Шод бошетон!..
(Меравад.)
Фарида
Истед, Мӯҳтарам!
Фарида аз қафои Мӯҳтарам мебарояд. Давронбек китф дарҳам мекашаду ғарқи хаёл мешавад.
Давронбек
То ба кай бошад дили ман кӯҳи ғам?
"Сад ташаккур, лек гап ҷои дигар,
Баҳри гуфтан ман биёям ин сафар!"
Буд ӯ ҳарфи дигарро гуфтанӣ...
Ҷон набера!.. Ту муаммои манӣ".
Давронбек қадам мезанад, албатта, бо хаёлу андеша... Фарида бармегардад. Вай дар назар одами аз чизе хавотиршударо монанд аст. Давронбек ӯро мебинаду ба тарафаш саволомез чашм медӯзад...
Фарида
Меравам ман ба назди Райҳонҷон!..
То бубинам чӣ ҳол дорад он.
Бесабаб нест ин чунин омад...
Духтарам монда ё ба ҳоли бад?!
Давронбек
Раҳгузар омадааст... Боке нест,
Маънии изтиробу ташвиш чист?
Фарида
Ҷон дадояш, Шумо намедонед,
Ки ба он фикри хеш мемонед?!
Мӯҳтарам хелаҳо наомада буд,
Омаду рафт он қадар ҳам зуд.
"Як либос атлас"? Ин баҳона бувад...
Давронбек
Оре,
Ҷони ману Шумо ягона бувад.
Атлас имрӯзҳо чу кампайдост,
Ёфтанро вай омад аз ман хост.
Ҳеҷ боке... Пагоҳ меорам,
Дар мағоза як ошно дорам.
Фарида
Ихтиёри Шумо... Валекин ман...
Давронбек
...Назди Райҳон равона? Ин равшан.
Духтари мо азоб дорад беш,
Ки назод ӯ ба даҳр тифли хеш...
Хайр, охир, ба модараш рафтаст.
Фарида
Фарқи байни ману вай андак ҳаст.
Чунки ман як нафар... накӯ зодам,
Баъд, дар кори халқ истодам...
Таъна, аз ростӣ, ки шоён нест,
Таъна сарбори ишқи моён нест!
Вай касал не!.. Барояд аз шӯяш –
Мешавад наслҳои хушрӯяш,
Мо ҳам аз таънаву азоб халос!
Давронбек
Росташ, ки маро гирифт ҳарос...
Қисмати духтари ягонаи ман
Гашта боис ба таънаҳо гуфтан.
Мо гирифтори ғуссаву дардем,
Беҳтараш, дахл агар намекардем!
Давронбек бо хаёлу андеша аз саҳна мебарояд. Фарида тарафи вай рафтагӣ бо ҳасрат нигоҳ карда мемонад. Сар меҷунбонад. Дар як гӯша менишинад. Оҳ мекашад. Азоби ботинии вай аз чашму рӯяш намудор мегардад. Дар ҳамин фурсат Паймон ҳаросон даромада меояд. Фарида ғарқи хаёл, домодашро намебинад...
Паймон
Вай канӣ?.. Вай куҷост, модарҷон?
Фарида (якқад парида)
Кӣ канӣ?!. Ку салом, эй Паймон?!..
Паймон
Ин забонро кунун бало задааст....
Вай ба ин ҷо магар наомадааст?
Фарида (дар ташвиш)
Шин камеву дурусттар фаҳмон!
Ту киро ҷустуҷӯ кунӣ, Паймон?
Паймон
Айши ман ногувор, бахтам нест,
Решаи қисмати касофат чист?!
Фарида
Мӯҳтарамро агар ту ҷӯёнӣ,
Омаду рафт...
Паймон
Ин гапи сонӣ.
Ман паи ҷустуҷӯи Райҳонам.
Вай куҷо рафтааст, ҳайронам...
Ман чӣ кори баде ба ӯ кардам?!
Пеши пояш ҳамеша мегардам...
Фарида (тарсон)
Оҳ, хоки сиёҳ бар сари ман,
Ки магар гум шудаст духтари ман?!
Мӯҳри хомӯшӣ бар даҳон задааст, –
Мӯҳтарам бесабаб наомадааст...
(Ба тарафи Давронбек рафтагӣ)
Ҳо, додояш, Шумо канӣ охир?!
(Ба Паймон)
Мешавем аз ту сахт домангир!!!
Фарида дилашро дошта, нишаста мемонад. Паймон саросема мешавад. Давронбек ба саҳна мебарояд. Ин ҳолатро дида, тарафи занаш метозад. Паймон ҳаросон об мебарорад. Давонбеку Паймон ба Фарида машғул мешаванд ва атрофро фаромӯш кардаанд. Райҳон ғарқи андеша даромада меояд. Вай ин саҳнаро намебинад. Бо хаёли худаш банд аст. Дар гумони вай ин аст, ки дар гирду атроф касе набошад.
Райҳон (худ ба худ)
Буттаи гул, аҷаб парешонӣ...
Бӯ надорӣ, чӣ гуна райҳонӣ?!
Охири намоиш