НАМОИШИ ЯКУМ
Райҳон дар хона танҳо. Вай тамоми шаб нахуфтааст. Ӯ дар саҳни хона қадам мезанад. Ба деворҳо бо меҳр нигоҳ мекунад. Чунки дар деворҳо суратҳои манзаравии кӯдакон овехта шудааст. Ба яке аз суратҳо дер нигоҳ карда мемонад. Оҳанги мусиқии "алла" садо медиҳад. Райҳон тоқат карда натавониста, дар он оҳанг суруд мехонад...
Райҳон
Тоқу равзани хона,
Боғу гулшани хона.
Субҳи равшани хона...
Алла гӯям, алла-ё!
Борони саҳаргоҳон,
Хандаи дилогоҳон...
Гиряатро ман хоҳон!
Алла гӯям, алла-ё!
Гиряатро мехоҳам,
Хандаатро мехоҳам...
Кай шавӣ, дилогоҳам?!
Алла гӯям, алла-ё!
Кай шавӣ, бахти хосам,
Чун наӣ, дар ҳаросам...
Аммо бе комукосам...
Алла гӯям, алла-ё!
Худро ба диван мепартояду беовоз гиря мекунад. Китфҳои ларзонаш ба ин гувоҳанд. Баъди фурсате сар мебардорад ва аз ҷо мехезад. Чашмонаш ашколуд. Овози мусиқӣ ҳолати ботинии ӯро инъикос менамояд. Райҳон худ ба худ гап мезанад...
Нест фарзанду алла мехонам...
Бӯ надорам, чӣ гуна райҳонам?!.
Аз шудам дар хиҷолатам...
Ҳайҳот! Монам оё ҳамеша бе зурёт?!
Оҳ, хоки сиёҳ бар сари ман...
То кай ин ғуссаҳои модари ман?!
Вай фақат бо манаш қаноат кард,
Мекашад аз ҳамин сабаб ҳам дард.
Падарам ҳам набера мехоҳанд,
Ки ҳамеша ба нолаву оҳанд...
Ин ғами ман магар кифоят нест,
Ки дар ин хона боз ғавғоест!?
Паймон мебарояд. Гӯш мекунад.
Модару хоҳарони ин Паймон
Меситонанд аз дилам сад ҷон.
Ё равам берун аз ҳамин даргоҳ,
То шавам фориғ аз ғаму аз оҳ?! ...
Бо хаёл қадам мезанаду яке Паймонро мебинад. Паймон бо ҳасрат ба вай нигоҳ дорад.
Паймон
Боз коҳи куҳан ту бод диҳӣ?!
Райҳон
Ман ба хобат халал расондам?.. Бахш!
Паймон
Хешро ташвиши зиёд диҳӣ...
Райҳон
Зери бори хаёл мондам... Бахш...
Ман чӣ гӯям ба ту?! ( Оҳ мекашад.)
Паймон
Чӣ мегӯӣ,
Ки шабу рӯз дар ғами ӯӣ...
Модарат ҳам дар ин хаёл мудом,
Падарат ҳам дар ин хаёл мудом...
Лек... ман... дурам аз чунин афкор,
Бар ману ту саломатӣ даркор!
Райҳон
Таънаҳо ман шунидаам... На ту...
Паймон
Таъна то таъна фарқ дорад-ку?!
Ман ягон бор таъна нанмудам,
Бар ҳамин кор таъна нанмудам...
Райҳон
Рост... Аммо ба гуфтан осон аст...
Дар сари ман ҳазор туғён аст.
Падару модари маро гуфтӣ...
Падару модари ту?!.. Нашнуфтӣ?..
Паймон (механдад)
Ҷонакам!.. Аз гапи куҳансолон
Ту наранҷ... Ин хаёлҳоро мон!
Орзую умед кардан ҳаст,
Ин сиёҳӣ сафед кардан ҳаст...
Ману ту одами ҷавон ҳастем,
Гули садбарги ин замон ҳастем...
Интизор аз табиатем...
Райҳон (ғарқи хаёл)
Оре,
Интизорӣ – суруди даркорӣ!..
Паймон
Интизорӣ – суруди дилкаши ман,
Интизорӣ – ҳавои беғаши ман.
Як ту осуда бош, ҷони азиз,
Ҳама чизи дигар ба ман ночиз!..
Шукри давлат, маро ҷиянҳо ҳаст,
Шукри хидмат, сарам нагардад паст!
Райҳон (бо тамасхур)
Шукри хоҳар, ки таънаҳо дорад...
Шукри модар, ки таънаҳо дорад!..
Паймон (ноилоҷ механдад)
Оҳ, Райҳон!.. Ба бӯи ту қоил,
Бар чунин гуфтугӯи ту қоил...
"Шукри хоҳар, ки таънаҳо дорад!",
Хоҳарам ҳам хаёли мо дорад.
Вай набошад, куҷо ҷиян мешуд?! ...
Райҳон (гӯё давом дода)
Таънаҳо аз куҷо ба ман мешуд!
Ҳар чӣ бошад ҳам, ин гуноҳи ман,
Ки надорам ба хонадон фарзанд...
Бар сараш то ки даст бигзорам,
То худашро ба сина бифшорам!..
Модарам ҳам фақат маро донист,
Зочае хоҳаду вале он нест.
Ман худам ҳам ба зоча мафтунам,
Дар ғами вай адо шудам... хунам...
Паймон
Нуқтае мон ту бар чунин гапҳо!
Чун баандеша одамонем мо...
Ман туро шод карданӣ ҳастам...
Се либос атласест дар дастам.
Як қулай шуд, гирифтам аз дӯкон,
Дор инро зи хоҳарам пинҳон!..
Райҳон (бепарвоёна)
Се либос атлас?..
Паймон
Он ба се ранг аст...
Дар сари он талошу ҳам ҷанг аст.
Чун фурӯшанда ошноям буд,
Кард лутфе... Гирифтан осон шуд.
Райҳон
Сад ташаккур, азизи ман!.. Раҳмат,
Ки намондӣ яке ту дар ғафлат...
Се либос... Ин барои ман бисёр...
Ду либосаш ба Мӯҳтарам даркор...
То якашро барои худ дӯзад,
Аз якаш – духтараш барафрӯзад!...
Паймон
Мӯҳтарам бева нест, шавҳардор...
Вай набошад ба атласи мо зор!
Духтараш хурд, аз куҷо донад,
Ки кадомин матоъ хубу бад?!
Райҳон
Сездаҳсола духтарак хурд нест,
Фарқи нағзу бад он бидонад чист...
Паймон
Хуш намову бигир аз се чиз,
Ман муқобил наям ба ин ҳаргиз!...
Яктаашро ба Мӯҳтарам бидиҳӣ,
Яктаашро ба Зеварам бидиҳӣ...
Се чиз аз баҳри се кас овардам,
Модарам аз ҳамин ҳисобам кам...
Райҳон
Хайр?! Ин тақсимот аз кай боз?
Модару хоҳару ҷиян... Ин соз!
Нест лозим барои ман атлас,
Хандаи кӯдакон бароям бас!
Паймон
Ман ки овардаам барои ту,
Тақсими он ба муддаои ту!..
Райҳон
Ту аҷоиб сипоҳ мардак!..
Паймон
Рост,
Мекунам шодии туро дархост!..
Ихтиёри ту... Се либос аст он,
Медиҳӣ ё намедиҳӣ... Худ дон!
Мӯҳтарам, ҷонакам, надонад лек...
Райҳон
Донад ӯ... Мешавад бароям "нек"...
Кардаам ман ба кори вай одат...
Паймон
Ҳеҷ гап не… Ту бош пуртоқат!
Райҳон
Сабру тоқат!.. Фақат ҳамин дорам...
Интизории вопасин дорам...
Он азоби кашидаам даҳ сол,
Росташ, ки надорад он тимсол...
"Ҷони зан сахт" гуфтаанд аз пеш,
Ки ҳамон ҷони ман...
Паймон
Ту дар ташвиш!..
(Месарояд)
Нуқта бигзор, эй шамол, ин қиссаи душворро,
Аз ғазаб берун намо андешаҳои ёрро!
Бӯи райҳон бар машомам ҳаст бӯи зиндагӣ,
Ман намехоҳам шунидан номаи такрорро!
Чун табиат карда моро бенасиб аз рӯи тифл,
Ҳеҷ боке нест... Фаҳмон модари ғамхорро!
Ҳар иморат, ки бино аз нақшаи ман мешавад,
Ёдгоре монад аз мо давлати дилдорро!
Райҳон (дар ҳамон оҳанг)
Ёдгоре монад аз ту... Лек аз ман ку нишон?!
Фикри ман девона созад одами ҳушёрро!..
Паймон
Ин хаёли куҳанпарастон аст...
Кори хубат?! Нишонаат он аст!
Атлас овардамат, тамошо кун...
Фикри тифл аз сарат намо берун!
Райҳон (оташин шуда)
Эҳ, Паймон!.. Бале ба гуфторат,
Ҳар сухан нуктаҷои худ дорад…
Паймон
Рост... Он нуқтаро барои ту
Мондааст аҳди ман, вафои ту!..
Ту мураббии кӯдакон ҳастӣ,
Олами худ базеб орастӣ!..
Боз ин ғам чаро?
Райҳон
Намедонам... Ман ба хунсардии ту ҳайронам!..
Райҳон ин гапро гуфта, ба хонаи дигар даромада меравад. Паймон чашм ба суратҳои атроф медӯзад...
Паймон
Вай гумон мекунад, ки хунсардам,
Чун надорад хабар вай аз дардам.
Ман ҳам андешаи фузун дорам,
Ҳасрати беш андарун дорам...
Сӯхтан дораму ба танҳоист,
Чун илоҷи дигар бароям нест...
Хонаи дӯстон равам, оям,
Сафҳаи нав ба ғусса бикшоям...
Ҳар якеро писар ва духтар ҳаст,
Чун бубинам, сарам бигардад паст...
Ман ба Райҳон нагӯям ин розам,
Дар гулӯям бипечад овозам...
Падару модар ва хоҳари ман
Шӯру ғавғо кунанд бар сари ман!..
Гапашон доим ин: "Дигар зан гир?!"
Меҳри ман, сидқи ман куҷо шавад охир?'
Ман дигар сӯ қадам намемонам,
Ишқи Райҳон ҳамеша дар ҷонам!..
Паймон ба хаёл фурӯ меравад. Аз дар саросема Мӯҳтарам аз дасти Зевар дошта медарояд. Паймон онҳоро зуд намебинад...
Мӯҳтарам
Ассалом, тағои ҷонаш!
3евар
Ассалом!
Паймон
Хоҳарам, хуш омадӣ!.. Субҳат бахайр!
Мӯҳтарам
Аз ману Зевар шуморо эҳтиром!
Паймон
Зеварам, хуш омадӣ!.. Субҳат бахайр!..
Мӯҳтарам
Росташ, моро набудед интизор?!
Паймон
Аз куҷост ин гуна ҳарфи нешдор?
3евар
Янга Райҳонам куҷо?
Паймон
Дар хона аст.
3евар
Янгаи ман – янгаи ҷонона аст!..
Паймон
Рав ба назди янгаат, ҷони тағо!
(Зевар ба модараш менигарад.)
Мӯҳтарам
Рав, азизам!..
(Зевар меравад.)
Паймон
Арз дорӣ бар ако?!
Мӯҳтарам
Арз нею... Ман ҳаминро гуфтанӣ:
Се либос атлас гирифтед... Он канӣ?
Паймон (худро ба нодонӣ зада.)
Дар гумонам... хоб дидӣ, хоҳарам.
Омадӣ, хуш омадӣ... Тоҷи сарам...
Лекин ин гапҳо ту бар як сӯ гузор,
Ман надорам бо матоъе корубор...
Мӯҳтарам
Се либос атлас... Якаш баҳри ман аст,
Яктааш бар духтарам зеби тан аст.
Бар зани бенаслу безурётатон
Яктааш бас!..
Паймон
Хоҳарам, ту бадзабон!..
Дӯстат медоштам... Лек ин сухан
Наштаре шуд бар дилу бар ҷони ман!..
Шарм дор!.. Охир, ту шавҳардор-ку...
Ӯ нафаҳмад аз чунин гуфтори ту!..
Мӯҳтарам
Хоҳарон беқадр дар назди ако,
Лек модар якта бар мову Шумо...
Духтарам назди тағояш омадаст...
Инчунин рафтори ӯ оё бад аст???
Паймон
Аз дили якто ако ту бехабар,
Панҷа андозӣ ба ҷои мӯътабар...
Мӯҳтарам
Бохабар-мӣ... Бехабар-мӣ... Хоҳарам,
Ҳаққи худро аз шумоён мебарам!
Паймон
Бар!.. Тамоми ҳастии моро бубар!
Модари ӯгай барин ту дар назар...
Аз кадомин ҳаққи худ гап мезанӣ?!
Мӯҳтарам
Ҳаққи хоҳарзодаро бигрифтанӣ!
Баччаҳотон нест, эй ҷонон ако,
Ҳаққи онҳо ҳаст, охир, ҳаққи мо!..
Паймон тамоман дар ғазаб мешавад. Дандон ба дандон монда, қадам мезанад. Намедонад, ки чӣ ҷавоб диҳад... Аз хонаи дигар Райҳон ва Зевар мебароянд. Зевар ба як гӯшае гузашта менишинад. Райҳон ба тарафи Мӯҳтарам имои салом мекунаду ба шавҳараш менигарад. Паймон занашро дида мемонад ва оташи хашмаш каме паст мешавад...
Паймон
Ҳаққи хоҳарзодаро бигрифтанӣ...
Се либос атлас... бигӯ ту, он канӣ...
Аз куҷо дониста, ин ҷо омадаст!?
Мӯҳтарам (ба Райҳон нигоҳ карда)
Ноз дорам бар Шумо!.. Оё бад аст?!
Райҳон (табассум мекунад)
Марҳамат!.. Болои дида, тоҷи сар...
Марҳамат, оед ин ҷо ҳар саҳар!
Мо наҳориро муҳайё мекунем,
Аз дили худ нону ҳалво мекунем...
Мӯҳтарам
Сад ташаккур!..
Райҳон
Баҳри Зеварҷонамон
Садқа бинмоем хонумонамон!..
Паймон (норозӣ)
Вай падар дорад...
Мӯҳтарам
Тағо ҳам дорад ин,
Ки бигардад шод болои замин...
Як либос атлас агар бахшад тағо,
Нест ҷои ҳеҷ гуна моҷаро!..
Райҳон (айёрона)
Як либос?!.. Ин кам, азизам, Мӯҳтарам!
Ман ба тӯяш сад либосӣ оварам...
Хамту не, Паймон тағояш?..
Паймон
Тӯи вай
Бигзарад албатта серобу бапай?
Мӯҳтарам
Даҳани ман бо ваъда ширин мекунед?
Як зану шӯ – кори сад ҷин мекунед...
Ин забонбозӣ ба моён шарт нест,
Ман тасаввур мекунам, ки гап ба чист...
Се либос атлас Шумо овардагӣ,
Янгаҷони мо баҷояш кардагӣ!
3евар
Очаҷон!!!
Мӯҳтарам
Хомӯш бошу дам нишин!
Паймон
Коруборат модари ӯгай барин...
Янгаат аҳл аст... Тоқат мекунад...
Мӯҳтарам
Бо Шумо чунки фароғат мекунад!
Райҳон (дар ғазаб мешавад)
Мӯҳтарам!.. Ин фаччулачгӯӣ бас аст!
Бар забони хеш соҳиб ҳар кас аст...
Дасту поямро муҳаббат бастагӣ,
Косаи сабрам вале бишкастагӣ.
Эҳтиёт, андеша кардан ҳам равост...
Ту намедонӣ, ки дар кӣ ин хатост.
Хонашин, бедасту по ман нестам,
Аз ҳаёву шарм ин сон зистам...
Латта-путта?.. Ин бароям ҳеҷ чиз!
Якта фарзанд аз барои ман азиз.
Ҳам падар, ҳам модарам хоҳони ин...
"Духтарам! – гӯянд, – тоқат карда бин!"
Паймон
Сулҳ бинмоед!.. Ин кори шумо
Мекунад девона ҳастии маро...
Мӯҳтарам
Сулҳ?!. Оҳо!..
(Ба духтараш)
Меравем, эй духтарам!
Се баробар қиммат атлас мехарам...
Ҳарду аз мову ту пинҳон мекунанд,
Хешии мо бар ҷиғилдон мекунанд!..
3евар
Очаҷон, охир, Шумо...
Мӯҳтарам
Рафтем зуд,
Ин ду тан монанд бо пастии худ!..
Он фурӯшанда магар беҳуда гуфт?
Зиндагии янгаат аз оши муфт?!
Паймон
Ҳой, хоҳар!
3евар
Оча?!
Мӯҳтарам
Монад аз сарат
Се либос атлас, ки омад бар дарат!
Мӯҳтарам аз дасти духтараш кашола карда, баромада меравад. Паймон дар ҳолати ногувор аз паи онҳо мебарояд. Мехоҳад, ки онҳоро аз роҳ нигоҳ дорад... Райҳон аз ҷой намеҷунбад. Фақат ба тарафи онҳо рафтагӣ бо алам нигоҳ мекунад... Оҳанги мусиқӣ ба ҳолати Райҳон равона карда шудааст...
Райҳон
Ҳо, сари сахту толеи пастам,
Аз ту шоёни таънаҳо ҳастам!
Гар ягон кӯдаке ба ман мешуд,
Боиси ному сарфарозӣ буд...
Буттаи гул, аҷаб парешонӣ!..
Бӯ надорӣ, чӣ гуна райҳонӣ?!
Охири намоиш