НАМОИШИ ШАШУМ
Манзараи намоиши аввал. Фақат дар як тараф мошини чокдӯзӣ истодааст. Гулрухсор аз сари он хеста, чор тарафро аз пеши назар мегузаронаду ба сари пианино менишинад. Даст ба пардаҳои он мерасонад ва садои мусиқии форам баланд мешавад. Месарояд...
Гулрухсор
Агар ояд саҳар, аз хоб намо бедорам,
То сари худ ба сари синаи ту бигзорам.
Орзуи дилу уммеди дилу шодии дил –
Ҳамаро баста ба як даста туро биспорам.
Аз чӣ бошад, ки дилам медиҳад имрӯз азоб,
Ман надорам ба ягон ҳарф чаро тоқату тоб?
Дидаам хушку вале дил ба гиристан моил,
Оҳ, аҳволи мани зор хароб аст, хароб...
Пай набурдӣ, ки чаро ҷони маро озурдӣ,
Ҳама осоишу осудагиамро бурдӣ.
То ба кай назди рақибон ба нишастан бошӣ?
Кош, як лаҳзаяке раҳми маро мехӯрдӣ...
Як туро шодию шавқи дили худ бишморам,
Қадами хеш фақат бо гапи ту бигзорам.
Шаби ғам омаду хуфтам ба хаёлат, ҳайҳот...
Агар ояд саҳар, аз хоб намо бедорам...
Мусиқӣ давом мекунад. Гулрухсор ғарқи орзуҳои ширин аз ҷо мехезаду рафта тирезаро мекушояд. Кӯдакона меболад, мерақсад. Баргашта, ба сари мошинаи чокдӯзӣ меояду куртаи чаладӯхтро ба китфаш чен мекунад. Курта ба вай кӯтоҳ аст. Давр мезанад. Куртаро ба ҷояш мегузорад...
Аҷоиб модаре дорам, ки ҷонанд,
Аҷоиб хушгапу ширинзабонанд...
Агар он кас намебуданд, ҳатман
Арӯси номуроде мешудам ман.
Дар он сурат куҷо ишқу вафо буд?
Асоси зиндагиам моҷаро буд.
Пас аз имсол хондан медароям,
Раҳи илму фунун тай менамоям.
Вафою марҳамат аз ёр бошад,
Басо осон тамоми кор бошад...
Аҷаб не, ки бихонам ман шабона,
Зарур ояд – дароям ғоибона.
(Сайфулло аз дар медарояд.)
Чаро бе занг аз дар медароед,
Гапам аз ёдатон оё баромад?
Сайфулло
Намоед аз гуноҳи ман гузаште,
Ки саҳве кардаам вақти даромад.
Гулрухсор
Чӣ хизмат?
Сайфулло
Омадам бе хизмат имрӯз,
Ки аз дидоратон гардам шарафманд.
Гулрухсор
Чаро сафсатта мегӯед?
Сайфулло
Ҳаргиз,
Диламро меҳратон кардаст побанд.
Гулрухсор
Равед-е, беҳаё будед бисёр,
Набинам афтатонро ман дигар бор...
Сайфулло
Каси дилдодаро ҳаргиз наронед,
Шумо ин қадр ҳам номеҳрубонед?..
Манам ронандаи дар кор моҳир,
Вале ҳастам асири ишқ ҳозир...
Бишуд ҳарчанд сардорам дигар кас,
Насозед аз бароям лутфи худ бас...
Гулрухсор
Кунед андеша, ман дилдор дорам,
Шумо беҳуда мекоҳед худро.
Сайфулло
Шумо он тӯйро-ку рад намудед?..
Гулрухсор
Бале, бо ин сабаб.
Сайфулло
(худ ба худ)
Эй бахти расво,
Маро дар бебарориҳо гузорӣ...
(Ба Гулрухсор)
Бихоҳам бар Шумо ҳусни баҳорӣ...
Сайфулло баромада меравад. Гулрухсор назди дар омада, аз паи вай каме нигоҳ мекунаду ба сари мошини чокдӯзӣ бармегардад, куртаро гирифта муоина менамояд. Содира аз хонаи дигар меояд...
Содира
Духтарам, шуд магар?
Гулрухсор
Каме мондаст,
Чен намудан зарур, модарҷон.
Содира
То ба ҳоло магар наомадааст?
Бо кӣ гап мезадӣ ту, духтарҷон?
Гулрухсор
(хандида)
Ошиқи навбаромаде омад,
Аз дилу аз вафо каме гап зад.
Дид чун бебарории амалаш,
Тарбузи вай фитод аз бағалаш...
Содира
Пештар мешинохтӣ?
Гулрухсор
Оре...
Ба Шумо ҳам шинос...
Содира
Сайфулло?
Гулрухсор
Ҳа, худи ӯ.
Чӣ гуна донистед?
Гуфт оё ягон гапе ба Шумо?
Содира
Не, ягон гап нагуфтааст...Аммо
Бурдаам пай ман аз нигоҳи ӯ.
Дида вай хостгору назди ман
Гап бизад аз барои нафъи ту.
Каси бад нест, бесабаб рондӣ...
Бо ҳалимӣ ба вай нафаҳмондӣ?..
Гулрухсор
(месарояд)
Модари меҳрубони ман, дили ман,
Шодии бекарони ман, дили ман.
Ҳар сухан аз Шумо ба ман дастур,
Ҳастии ҷовидони ман, дили ман.
Дар рухи сабзаҳои боғу баҳор,
Кош, монад нишони ман, дили ман..
Ҳар саҳар, ки зи хоб бархезам,
То дурахшад ҷаҳони ман, дили ман.
Содира
Ид наздик, духтарам, зудтар
Хубтар дӯз куртаи Дилбар.
Мешавад беҳисоб миннатдор,
Мекунад шодмонии бисёр...
Доимо кори нек кардан хуб...
Лаззат аз кори нек бурдан хуб...
Гулрухсор
Ин қадар ҳам Шумо ба вай ғамхор?
Гӯиё, духтари Шумо бошад.
(Бо ноз)
Ман аз ин рашк мебарам, модар,
Зери ин лутфатон чиҳо бошад...
Содира
(мутафаккирона)
Ҳар кӣ бо хеш бошад осуда,
Маънии зиндагист беҳуда.
То тавонӣ диле ба даст биёр,
Ки шавад ҷоми шодиат саршор.
Одамият зи хобу хӯрдан нест,
Омадан бар ҷаҳону мурдан нест...
Сад ҳазор орзую ишқи бузург
Ҷо гирифта даруни як дили хурд.
Гар ба он наштаре занӣ... ҳайҳот,
Ки равад ҳастиаш ҳама барбод.
Ман ба Дилбар, ба хурдакак Дилбар
Парварам меҳр – ҳамчунон модар.
Ту набар рашку шодмонӣ кун,
Хоҳараш бошу меҳрубонӣ кун...
Кори дӯзандагӣ ба вай деҳ ёд,
Вай сағира, намо дилашро шод.
Ӯ ба синф аз ҳама намояд фарқ,
Оташ аст ӯ, нигоҳи вай чун барқ...
Гулрухсор
(бо хаёл)
Вай агар бе кас аст, модарҷон,
Пас биёяд ба хонаи моён...
Медиҳам ёд – он чӣ медонам,
Ман ба хорӣ варо намемонам.
Ғайри як чокдӯзӣ – омӯзам
Мусиқиро ба вай.
Содира
Дилафрӯзам,
Амакаш ҳасту вай намемонад,
Вай ба ин ғунча ҳукм меронад.
Хонаи баччагон магар бад ҷост?
Ҳар мураббӣ рафиқи беҳамтост.
Янгаи Дилбари азизи ман
Заҳри қаттол, шуд ба ман равшан.
Дина омад ба дарс озурда,
Чун гули аз шамол пажмурда.
Дар танаффус, ки пурсидам аҳвол,
Сар ба сар вай баён намуд ин ҳол.
Баъди дарсам равон шудам бо вай
Оҳ, мор аст янгааш... Ҳай, ҳай...
Назди ғайр – ончунон каси ғамхор,
Модари мушфиқ асту беозор.
Сӯи Дилбар "шумо-шумо" гӯяд,
"Ин ягона умеди мо" гӯяд...
Нағзакак дӯз куртаашро ту,
Тӯҳфа – идонае шавад бар ӯ...
Занги дар. Содира баромада, ҳамроҳи Дилбарча бармегардад:
Баҳри чӣ дер омадӣ, ҷонам?
Дилбарча
Ҷомашӯӣ намуда будам сар,
Дер шуд андаке, муаллима.
Мекунам саъй дафъаи дигар...
Содира
Дарси худро накардаӣ тайёр?
Дилбарча
Дина дар синф карда будам ман.
Гар ба умеди хона мемондам,
Мешудам сурх наздатон ҳатман...
Содира
Офарин, духтарам, ту доноӣ,
Хурдакак ҳастию тавоноӣ...
Апаат интизори роҳи ту буд.
Дилбарча
(ба Гулрухсор)
Дер кардам, дигар илоҷ нашуд,
Узр мехоҳам аз Шумо, апаҷон.
Гулрухсор
Омадӣ – шуд. Ту камтариро мон.
Канӣ, ин ҷо биё ту...
Дилбарча назди Гулрухсор меравад. Вай куртаро гирифта, ба китфи ӯ чен мекунад.
Рост исто....
Аз қадаш мезанем андак мо,
Ана, он вақт мешавад қоим...
Гулрухсор ба бару домани курта бо бӯр нишона мекунад. Содира бодиққат зеҳн мемонад. Гулрухсор куртаро ба столи мошина мегузораду даст ба китфи Дилбарча мемонад ва бо муҳаббат ба чашмони вай менигарад.
Курта дӯзам барои ту доим.
Назди ман тез-тез омада рав,
Медиҳам ёд касбу кори нав.
Майли дӯзандагӣ ба дил дорӣ?
Дилбарча
Ҳа. Ташаккур барои ғамхорӣ...
Содира
Шавқ дорӣ ба мусиқӣ, Дилбар?
Дилбарча
(кӯдакона)
Дӯст медорам аз ҳама хуштар.
Содира
Апаат ёд медиҳад бар ту,
Вақти холӣ биё ба назди ӯ.
Дилбарча
Апаам серкор мебошанд,
Ман ба ташвиш намонам ин касро?..
Расмашон дар газетаи мо буд
Ҳамраҳи як писар ва духтарҳо.
Гулрухсор
(бо табассум)
Ҳеҷ ташвиш намедиҳӣ, Дилбар,
Ман барои ту вақт меёбам.
Бар тамошои фабрика барамат,
Хоҳари ман туӣ, баодобам...
Содира табассумкунон ба хонаи дигар мегузарад. Гулрухсор ба сари пианино менишинаду ба Дилбарча менигарад.
Нест баҳри суруд овозам,
Ман чӣ оҳанг бар ту бинвозам?
Дилбарча
Шӯх, оҳанги шӯхтар... Ман ҳам
Як ду оҳанги шӯх медонам.
Гулрухсор
Апаатро намудӣ ту ҳайрон,
Яктаашро навоз, Дилбарҷон...
Гулрухсор аз ҷо мехезаду Дилбарчаро ба нишастан таклиф мекунад. Вай бо шарм нишаста, оҳанги "пахта-пахта"-ро менавозад. Гулрухсор гӯш мекунад. Содира дар даст китоб мебарояду гӯш меандозад. Мусиқӣ ба охир мерасад. Қарсак мезананд. Дилбарча аз ҷо мехезад.
Содира
Ҳамчу аълочиат шиносам ман,
Бехабар будам аз чунин ҳунарат,
Аз кӣ омӯхтӣ, азизаки ман?
Боз як "панҷ" баҳри ин ҳунарат...
Дилбарча
(бо хиҷолат)
Як-ду бор аз Любов Ивановна
Дарс омӯхтам, муаллима.
Шод ҳастам ман аз ҳисоб бурун –
Апаам ёд медиҳанд акнун.
Гулрухсор
Шавқ дорӣ ту... Ман ба ҷон розӣ,
Шодии ту – маро сарафрозӣ.
Назар Соҳиб медарояд. Сараш хам. Ба касе эътибор намедиҳад. Гузашта ба курсие менишинаду оҳ мекашад... Дилбарча ба вай нигоҳ мекунаду саросема мешавад.
Дилбарча
Хайр, ман меравам...
Гулрухсор
Биё ту пагоҳ.
Куртаатро гирифта бар ҳамроҳ...
Дилбарчаро то дар гусел карда бармегардад. Чашмони Содира ба тарафи шавҳараш дӯхта шудааст. Гулрухсор ҳам ба модараш пайравӣ мекунад.
Назар Соҳиб
(худ ба худ)
Ана, акнун сурудам охир шуд,
Изтироби дили ман аз ин буд...
Шод шав, Содира, ту ҳам, духтар,
Ки намонд эътибори ман дигар.
Чоҳ кандам, барои худ кандам,
Ман ба он ҳастиам биафгандам.
Зуд бошу ба дастам оина деҳ,
Хубтар мон ба рангу рӯям зеҳн...
Гулрухсор аз хонаи дигар оина оварда медиҳад. Чашми Назар Соҳиб ба он дӯхта мешавад.
Баднамо ҳастаму басо зиштам...
Канӣ, гӯед, ман худам кистам?..
Қотили беҳаёву мансабхоҳ,
Нестед аз гуноҳи ман огоҳ...
Содира
(бо ҳайрат)
Ии чӣ гуфтугузор?.. Чист сабаб,
Ки гирифтед оина ба талаб?
Назар Соҳиб
Хостам суратам аён бинам,
Сиратам назди хонадон бинам.
(Аз ҷо мехезад.)
Суфу куф буд мӯҳри пурқудрат,
Загс дар деҳаҳо набуд одат...
Хайр, дар ин хусус бигӯям баъд,
Наштаре омаду ба ҷонам зад...
(Ба Гулрухсор)
Дил ба Маҳмуд додаӣ сидқан?
Гулрухсор
Аз барои чӣ ин савол ба ман?
Назар Соҳиб
Дӯст медорӣ? Росташро гӯй...
Содира
Интизорем мо ҳама бар тӯй.
Назар Соҳиб
Ман напурсидам аз ту... Гулрухсор,
Суханатро шуниданам даркор.
Гулрухсор
Худатон бохабар-ку...
Назар Соҳиб
Боз бигӯй...
Нашав акнун ту интизори тӯй...
(Назар Соҳиб худро ба стул мепартояд.)
Содира
Ин чӣ қатъиятест, о, мардак?
Гап занед ошкоратар андак...
Назар Соҳиб
Белати сурх дар бағал дорам,
Лекин, оё ба он сазоворам?..
Танбеҳи сахт?.. Ии кам аст ба ман,
Ман ба райком меравам ҳатман.
Баҳри нафъам чӣ корҳо кардам?
Хешро бар лаби ҷар овардам...
(Ба Гулрухсор)
Аз дилат ишқро бурун андоз,
Ҳаст дар зери ҳар гапи ман роз...
Гулрухсор
(бо шарм)
Дӯст медорамаш, падарҷонам...
Назар Соҳиб
Ман иҷозат намедиҳам ҳаргиз...
Содира
(бо ҳайрат)
Сабабаш чист?.. Ман намефаҳмам.
Канӣ, гӯед, то бидонам тез...
Назар Соҳиб
Давраҳое, ки ман ҷавон будам,
Дар сари ман ғурур буду ҳаво.
Духтари гармрӯи кӯҳистон,
Духтари дилфиреби беҳамто
Бурд ақли маро... Надонистам
Чун никоҳаш намудаму зистам.
Баъди як соли он, – шабонгоҳе
Рафтам аз он диёр пинҳонӣ.
Кор пайдо намудам аз ин шаҳр...
Дигарашро худи ту медонӣ.
Содира
(баъди сукут)
Ин қадар солҳо гузашт аз байн,
Назадӣ ту гапе дар ин бора.
Бехабар зиндагонӣ мекардам,
Кардӣ акнун дили маро пора...
Кош, инро намешунидам ман.
Назар Соҳиб
Нест, охир, илоҷи ногуфтан...
Шубҳа кардам ба дидани аввал,
Рост будаст шубҳаам ба амал.
Ана, бинед: Одами пастам,
Ман сазовори ҳар ҷазо ҳастам.
Духтарам, ишқро зи сар парто,
Чун акоят шинос Маҳмудро...
Худи вай бехабар, ки ман падараш,
Суратам одам аст дар назараш...
Назар Соҳиб бо сари хам ба хонаи дигар мегузарад. Содира ва Гулрухсор шах шуда мондаанд.
Содира
(баъди сукут)
Ин чӣ даҳшат??. Разилию пастӣ?..
Як хатои азим рӯ медод...
На хато, як гуноҳи беислоҳ,
Ки надорад ҳаёт онро ёд.
Марди беори сураташ инсон...
Содира бо хаёли ботинӣ сар меҷунбонад. Гулрухсор дод гуфта, худро ба оғӯши модараш мепартояд.
Гулрухсор
Ин чӣ бадбахтӣ буд, модарҷон???
Охири намоиш.