НАМОИШИ ҲАФТУМ
Гӯшаи хиёбон. Дар ту тараф харакҳо гузоштаанд. Саҳна холӣ... Баъди фурсате Маҳтоб бо модараш, ки аз табобатхона ҷавоб шудааст, гузашта меравад. Баъдтар, Маҳмуд ва Давлат дар саҳна пайдо мешаванд. Онҳо касеро меҷӯянд...
Маҳмуд
Гуфтамат, ки нашав аз онҳо дур?
Давлат
Ман ба ҷое равон шудам маҷбур,
Фурсате ҳам нарафта, баргаштам.
Маҳмуд
Ман ба ҳайрат зи корашон ҳастам.
Айб дар модарам намедонам,
Ман ба кирдори Моҳ ҳайронам...
Шаҳр пуродам аст, онҳоро
Аз куҷо мекунем мо пайдо?..
Давлат
Хайр, ман рафта боғро бинам.
Маҳмуд
Менамоем ҷустуҷӯ бо ҳам.
Мустафо гуфта буд меояд,
Ҳамраҳаш бурда бошад ӯ шояд?
Телефон мекунам ба вай ҳозир,
Ту худат сӯи боғ рафтан гир...
Ҳарду ба ду тараф мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Вазнин-вазнин қадам гузошта, Назар Соҳиб меояд. Вай ғарқи хаёлот аст. Дар хараке менишинад. Чашмони аламангези вай ба нуқтае дӯхта мешавад. Аз кисааш папирос мебарораду онро дуд мекунад. Баъд, худ ба худ гап мезанад...
Назар Соҳиб
Ҳама мегуфт, ки: "Назар Соҳиб
Дар ҳама соҳа мешавад ғолиб..."
Толеи ман зиёда пастӣ кард,
Ҳирсу нафсам дароздастӣ кард.
Хостам ман ба коми худ дунё,
Охири умри худ шудам расво...
Мустафо шуд дучор бо Маҳмуд,
Ки ҳам ин боиси касофат шуд.
Айб дар Мустафо, ки гашта дучор
Дил ба Маҳмуд бидод Гулрухсор...
Рӯ намедод гар чунин ҳолат –
Мӯҳри хомӯшӣ дар забонам буд.
Бистушаш сол зиндагӣ кардем,
Занам акнун баногаҳ огаҳ шуд.
Ҷаҳли вай ҳам, ситезаи вай ҳам
Дар амал, росташ, ки қонунист...
Духтари мо агар ки мешуд тӯй?..
Падар он гуна зишту малъунест.
Ман зи Маҳмуд пурсидам он вақт,
Вай ба ман гуфт, ки падар дорад.
"Падарандар" нагуфт ӯ, охир,
Вай аз ин воқеа хабар дорад?
Мустафо ҳам ҳанӯз бехабар аст,
Модараш ё ки нома бифристод?
Оҳ, донам, ки он занам зннда,
Медиҳад охирин ғуборам бод...
Чорае ҷустуҷӯй мекардам,
Нест акнун даво ба ин дардам...
Назар Соҳиб аз ҷо мехезаду оҳиста-оҳиста равон мешавад. Гоҳ-гоҳ ба қафояш менигарад. Вай аз назар ғоиб мешавад. Аз байн чанд фурсат мегузараду ба саҳна Содира ва Мустафо мебароянд. Онҳо осуда нестанд...
Содира
Гап ҳамин... Як худат ба фикр биёр.
Ба чӣ ҳолат фитод Гулрухсор?..
Духтари бегуноҳи меҳнатдӯст
Шуда аз ғусса устухону пӯст.
Баъди анҷоми кор мефаҳмид?..
Даҳшате бар хаёл овардан...
Бешараф доштаст сирри худ
Ин қадар солҳо ниҳон аз ман…
Мустафо
Хайр, модар, шавед осуда,
Ин хаёлотро зи сар ронед.
Содира
Мустафоҷон, ту саҳл мегирӣ?
Мустафо
Ҷони худ дар азоб мемонед...
Содира
(нишаста)
Ман касалхона рафтаву дидам,
Ҳамаро мӯ ба мӯй фаҳмидам...
Чӣ зани меҳрубони покизарӯҳ,
Нақл мекард бо ғаму андӯҳ.
Гуфт, ки: "...Як шаби баҳорон буд,
Дар кӯҳистон ҳавои борон буд.
Вай бихобиду менишастам ман
Дар сари гоҳвораи Маҳмуд.
Хестам, буд ҷогаҳаш холӣ...
(Дар ҳамон ҷой хоби ман бурдаст.)
Интизораш шудам... Шунидам баъд:
Рафта дар ҷангу каҳрамон мурдаст.
Дар ҳамон солҳо зи дасти вай
Бе нишон рафта буд хеши ман.
Шояд он шуд сабаб, ки ғоиб шуд,
Омад он гуна ғусса пеши ман...
...Баъд, як марди инвалид омад,
Ки занаш мурда буд вақти ҷанг.
Одамонро мнёнарав карда,
Ҳоли манро намуд беҳад танг.
Ман расидам ба вай... Пас аз як сол
Мо ба водии Вахш кӯчидем.
Кор кардем... Баччаҳомон хонд...
Шодию ғуссаро ба ҳам дидем..."
Нақли вай дар дилу вуҷуди ман
Ғазаби бемисол меовард.
Бехабар гаштаем мо... Будаст
Падарат инчунин каси номард...
Мустафо
(оҳ кашида)
Ин хабар ончунон аламангез,
Ки дилам пора мешавад, модар.
Ман ба Маҳтоб баста будам меҳр,
Омад ин кулфати азим ба сар...
Гарчӣ аз модари дигар бошад,
Лекин ӯ бар акои ман хоҳар.
Ғуссаи ман, азоби Гулрухсор –
Ҳамааш аз гуноҳи сахти падар...
Содира
Ту накун ин гуноҳро содир,
Ба ҳама ёру ошноят гӯй.
Тӯй барпо нашуд, ки дарди бахайр...
Мустафо
Мешавад тӯй, тарзи дигар тӯй...
(Маҳмуд, Маҳтоб ва Давлат меоянд.)
А н ҷ о м
1963, Душанбе.