ПЕШПАРДА
Аз байн тақрибан як моҳ гузаштааст... Дар пешпарда Назар Соҳиб пайдо мешавад. Хавоси вай парешон аст. Вай чанд қадам ба тарафе мегузораду дар ҷояш истода мемонад. Худ ба худ гап мезанад...
Назар Соҳиб
Гул ба боғ асту боғ дар водӣ...
Рӯзҳо дар шитоб... Имдоде...
Ман баҳори зиёдро дидам,
Рӯз дидам, ҳаётро дидам.
Тирамоҳ омаду дилам шуд хун,
Ба баҳорам хазон расад акнун...
Амалам рафту одамон дигар
Ҷониби ман намекунанд назар.
Писарам зидди раъйи ман бархест,
Лутф аз духтару занам ҳам нест...
Буд вақте, ки ман ҷавон будам,
Дар назар чусту кордон будам,
Духтари кӯҳсор, зеборӯй,
Дӯстам дошту ба ман шуд тӯй.
Баъди як сол деҳа тангӣ кард,
Ки дили ман маро ба шаҳр овард.
Номи худро каме дигар кардам,
Чун муҷаррад ба кор сар кардам.
Лаҳзаҳои нишоти ман омад,
Содира дар ҳаёти ман омад.
Содира... Аз паяш давидам ман,
Ба муроди дилам расидам ман.
Ин қадар сол буд фармонбар,
Вақти охир шудаст ӯ дигар...
Пештар зан гирифтанам донад,
Аз дари хонаам намемонад...
Писарам, духтарам, занам ҳамроҳ
Ҳоли манро намудаанд табоҳ.
Канӣ он амру ҳукмдории ман?
Кӣ кунун мерасад ба ёрии ман?..
Аз як тараф Аҳмадхон ва Карим намоён мешаванд. Аҳмадхон Назар Соҳибро дида, ҷониби Карим писхандомез ишора мекунад. Баъд, наздик меоянд...
Аҳмадхон
Ассалом...
Карим
Ассалом, Назар Соҳиб,
Эҳтиёт андаке ба каҷҷу килеб...
Назар Соҳиб
Дӯстонам, салом мегӯям...
Бад нигаҳ мекунед бар сӯям?
Аҳмадхон
Бад натобад нигоҳи мо ба Шумо,
Нест ҳаргиз гуноҳи мо ба Шумо.
Саркашӣ чун намуд духтаратон,
Омад ин рӯзи сахт бар саратон.
Карим
Саркашӣ аз писар бишуд оғоз,
Ки аз он рӯз холашон носоз.
Пеш ҳам зан гирифтаанд ин кас,
Баҳри янга ишорае ҳам бас...
Назар Соҳиб
(оташин шуда)
Чун шикастанд ин пару болам,
Хандаҳо мекунед бар ҳолам?
Бо шумоён шарик будам ман,
Ки бароям ҷафо намудам ман.
Пештар зан гирифтани манро
Кӣ дарак додааст баҳри шумо?
Чоҳи нав меканед дар роҳам?
Дидани афтатон намехоҳам!..
Аҳмадхон
Хайр, агар наздатон, ки бадафтем,
Ҳар чӣ буду набуд, мо рафтем.
Аз чӣ бошад чунин фиғону сӯз,
Белат аз дастатон нарафта ҳанӯз?
Карим
Гар биёед назди дӯконам,
Нозу неъмат ба пешатон монам.
Гар хатое бирафт дар кӯза,
Чӣ ғаме дар ҷаҳони дурӯза...
Назар Соҳиб гап намезанад. Аҳмадхону Карим мераванд. Назар Соҳиб аз паи онҳо туф мекунад. Дар ин лаҳза аз тарафи дигар Маҳмуд дохили саҳна мешавад.
Маҳмуд
Амаки меҳрубон, салом...
Назар Соҳиб
Салом.
Маҳмуд
Ҳа, амакҷон, магар ки нотобед,
Ки чунин бемадор метобед?..
Назар Соҳиб
Кай ба шаҳр омадед, Маҳмудҷон?
Мустафо ҳам биёмада шояд?..
Маҳмуд
Модарамро ба духтур овардам,
Мустафо пеш аз ид меояд.
Давраи авҷи кори саҳроист,
Вақти осуда гаштани мо нест...
Назар Соҳиб
Марҳамат, меравем хонаи мо?
Маҳмуд
Пеш аз ид мешавем он ҷо.
Дар касалхона модарам хобид,
Медиҳандаш ҷавоб пеш аз ид.
Ана, он вақт ҳамраҳи модар
Меҳмони шумо шавем ба сар...
Инчунин нийяте ба сар дорем,
Хоҳарамро гирифта меорем.
(Ҳарду гапзанон баромада мераванд)
Назар Соҳиб
Тагҷоӣ шумо ба водии Вахш?
Маҳмуд
Не, амак, мо муҳоҷир омадаем.
Назар Соҳиб
Аз куҷо?
Маҳмуд
Аз миёни кӯҳи баланд,
Мо ба ин водӣ дер омадаем...