НАМОИШИ ПАНҶУМ
Хонаи Назар Соҳиб. Назар Соҳиб дар курсие нишаста газета мехонад. Маълум аст, ки аз чизи мехондагиаш маъное фаҳмида наметавонад. Азоби зӯри ботинӣ дорад. Газетаро як тараф мегузораду папирос мегиронад. Аз ҷо мехезад. Чашмаш ба расми дар девор будаи Гулрухсор меафтад. Вақт бегоҳ шудааст... Назар Соҳиб худ ба худ гап мезанад...
Назар Соҳиб
Ҳар қадар саъй мекунад инсон,
Боз чизе намерасад бар вай...
Баҳри бахту ҳузури фарзандон
Ин қадар ҳам азоби ман то кай?
Амал аз дасти ман гирифтанианд,
Кист он кас – миёнарав гардад?
Мондаам ман зи кори худ дар банд,
Нони гандум ба нони ҷав гардад?
Шӯҳратам буду номи некам буд,
Омади корҳо шарикам буд,
Лек акнун... Тамом дигар кор,
Диҳад оё наҷот Гулрухсор?..
Мустафо-ку басо азоб бидод,
Хоҳишамро ба зери пош ниҳод.
Рад намекард агар, ба он сардор
Мешудам ман ба ҳукми хешу табор.
Обрӯ зина-зина меафзуд,
Эътиборам зиёдтар мешуд...
Ҷои болоравӣ бирафтам паст,
Баҳри вай рафт як амал аз даст.
Духтарам ҳам агар ки "не" гӯяд,
Рад намояд, баҳонаҳо ҷӯяд,
Мешавад ҳоли ман хароб басе,
Нарасад ёрдам зи ҳеҷ касе.
(Ба сурати Гулрухсор.)
Духтарам, ту ягона уммедам,
Розигии туро чу медидам,
Нонамон боз ҳам ба равған буд,
Мошини "Волга" дар таги ман буд...
Писари вай ҷавони боодоб,
Мешавад зиндагониат шодоб.
Лек дар акси ҳол...
(Хаёл карда мемонад. Содира меояд.)
Духтарамон, Аз чӣ бошад, ки бедарак алъон...
Содира
Гург ӯро намехӯрад дар роҳ...
Мустафо мумкин оварад ҳамроҳ.
Хайр, охир, пагоҳ меомад,
Бо дили некихоҳ меомад...
(Менишинад.)
"Зиқ шудам" гуфту рухсаташ додам,
Ки равад, андаке кушода шавад.
Нозпарварди кӯчагардак нест,
Гашта ояд, ба кор дода шавад...
Шуд қиёмат, ҳазор афтударафт,
Ки "чаро бе иҷозати ман рафт?"
Назар Соҳиб
Хайр, ҷонам, шавед андак аҳл,
Сахттар гап задам каме сари ҷаҳл.
Содира
Он қадар ҳам шудем аҳлу ҳалим,
Оқибат, ҳарфи талх бишнидем.
Лекин акнун намонд тоқату тоб,
Баччаҳоро намедиҳам ба азоб.
Ман ба ин сон қарор розӣ не,
Духтарам баҳри луттабозӣ не.
Мустафо рад намуд хоҳишатон,
Таънаҳое шунид беармон...
Назар Соҳиб
Содира, гӯш кун, ту тез нашав,
Берун аз сарҳади адаб ту нарав.
Ман ба фарзандҳо падар ҳастам,
Назди виҷдон ҷавобгар ҳастам.
Бахташонро ҳамеша мехоҳам,
По ниҳад ҳар якеш аз роҳам...
Содира
(оташин шуда)
Хайр, ман кистам, чунин бошад?
Канӣ, гӯед, марҳамат... Донам.
Зани бегона? Модари ӯгай?..
Ин суханҳо гузашт аз ҷонам...
Назар Соҳиб
(нармтар)
Сари гапро натоб дигар сӯй,
Ту зани ман, ту ҷони ман... Ман шӯй.
Нағзакак ту ба духтарат фаҳмон
Мақсади мову маънии ин тӯй...
Содира
(сард)
Падари меҳрубону ғамхоред,
Худатон ҳам забони гап доред...
Ман дар ин соҳа беҳуқуқ касам,
Ки зи гапҳо ба ҳеҷ ҷо нарасам...
(Рафтанӣ мешавад. Назар Соҳиб медорад.)
Назар Соҳиб
Аз куҷо рӯҳи инқилобии туст,
Хислати ношинос мебинам?..
Содира
(бо пичинг)
Зани бегона, модари ӯгай
Рафта дар як канор биншинам...
Ҳарду ба ҳамдигар дер нигоҳ карда мемонанд. Сукут...
Назар Соҳиб
(оҳ кашида)
Як нафас шин, пичинг беҳуда...
Маслиҳат мекунем осуда.
(Содира менишинад.)
Мустафо хонадор мешуд агар
Бад намешуд... Чӣ хуб он духтар...
Мерасид нафъи беш аз падараш.
Содира
Ин асосаш. Чӣ фикр аз дигараш...
Ишқ беҳуда, дӯстдорӣ чист?
Ҳоҷати инчунин суханҳо нест.
(Баъди сукут)
Мустафо хуб карду гап гардонд,
Навбат акнун ба духтари мо монд?..
Дӯст медорад ӯ ҷавонеро,
Як ҷавонмарди нуктадонеро...
Назар Соҳиб
Ин дурӯғ аст... Ин дурӯғ?
Содира
Не, рост.
Ин сабаб шуд, ки деҳа рафтан хост...
Ман надидам, Шумо варо дидед,
Лаҳҷаю гуфтугӯш бишнидед...
(Занги дар мешавад. Содира мебарояд.)
Назар Соҳиб
(зери лаб)
Ҷӯраи Мустафо... Ҳамун Маҳмуд?
Оҳ, ин мушкилии номаҳдуд...
Чашмонаш ба нуқтае дӯхта мешавад. Содира ҳамроҳи се нафар медарояд. Якеашон Сайфуллои шофёр.
Содира
Марҳамат. Ҳо, дадеш, меҳмонҳо...
Ба хонаи дигар меравад. Назар Соҳиб ба худ омада, ба пешвози меҳмонҳо мешитобад. Ба Сайфулло рӯ меорад.
Назар Соҳиб
Ин қадар дер кардӣ, Сайфулло?
Сайфулло бо ишораи сар меҳмонҳоро нишон медиҳад, яъне: "Айби онҳост..."
Марҳамат, марҳамат ба гирди стол...
Аҳмадхон
Сабабаш ин, ки шуд каме ҷанҷол.
Назар Соҳиб
Чӣ?..
Карим
(хандида)
Дуи мо яке ба гап рафтем.
Назар Соҳиб
Шӯхию ҳазл мекунӣ доим...
Аҳмадхон ва Карим менишинанд. Сайфулло аз онҳо дур, як гӯшае мешинаду чашм аз сурати Гулрухсор намеканад.
Аҳмадхон
Кори қассоб бебарор имрӯз,
Ки аз ин рӯй лунҷаш овезон.
Ман агар бохабар намекардам,
Ашкашон буд то кунун резон...
Назар Соҳиб
Гӯй, охир, чӣ ҳодисоте шуд?
Карим
Вай зи андӯҳи дигарон хушнуд.
Аҳмадхон
Чанд гӯсфанди "чапғалат"-ро вай
Мезанад байни лаҳми дӯконаш.
"Ошно" бӯ кашида меомад,
Ки харидам ба як гарав ҷонаш.
Карим
Ин гапаш рост.
Назар Соҳиб
То кунун, қассоб,
Нашуд оё ҳамон мағал "одоб"?
Карим
Гоҳ-гоҳе барои харҷи худӣ
Шуда мемонд...
Аҳмадхон
Баҳри беҳбудӣ,
Сари мақсад расидани мо хуб.
Як имои Шумо бувад матлуб...
Ҳама тайёр он тараф бар тӯй,
Аз Шумо дӯстон иноятҷӯй.
Назар Соҳиб ба Сайфулло менигарад. Содира мебарояд.
Содира
Чой тайёр, марҳамат...
Назар Соҳиб
Рафтем,
Дар сари чой гуфтугӯ хуб аст...
Назар Соҳиб, Аҳмадхон ва Карим Қассоб мераванд. Аз паи онҳо Содира ҳам меравад. Сайфулло дар саҳна танҳо мемонад. Вай ба тасвири Гулрухсор муроҷиат мекунад.
Сайфулло
Гап-гапи тӯи туст, оҳубара,
Нисбатат каллахолӣ як чӯб аст...
Падараш дар амал калон андак,
Худи вай кӯчагарди сарсонӣ.
Падарат аз барои манфиаташ
Диҳадат, ҷонакам, ба қурбонӣ...
Мани сарсахт ошиқат ҳастам,
Бо хаёли ту шод мегаштам.
Ана, акнун чатоқ шуд корам,
Мешавад дидани ту душворам.
Ба сарат ҳар чӣ ояду чӣ шавад –
Падаратро амал зи каф наравад...
Ту на ин ки шавӣ ба ин розӣ?
Канӣ, гап зан, барор овозе...
Содира
(баромада)
Бо кӣ гап мезанӣ ту, Сайфулло?
Сайфулло
Бо худам, холаҷони беҳамто.
Баъд, гуфтам ба гӯши Гулрухсор,
Ки "қариб аст тӯи ту, ҳуш дор".
Содира
(маънодор нигариста)
Беасос аст ин гапат, додар.
Сайфулло
Ман шунидам худам... Муборак бод.
Росташро агар бигӯям ман,
Шодие кам биёрад он домод.
Содира
Ту магар мешиносӣ?
Сайфулло
Албатта.
Як ҷавони сатанги олуфта.
Дӯстонаш аз ӯ ҳазар доранд,
"Понздаҳрӯзаҳош" бисёранд...
Содира
Ҷои кораш куҷост, медонӣ?
Сайфулло
Аз ҳаминаш хабар надорам ман.
Ба хаёлам намекунад вай кор.
Нозанин духтар аст Гулрухсор,
Ҳайфам ояд, ки мешавад вай хор...
Аҳмадхон, Карим, Назар Соҳиб мебароянд.
Назар Соҳиб
(ба Сайфулло)
Бурда мону ба хонаат баргард.
(Ба Аҳмадхону Карим)
Гап ҳамин, ман пагоҳ меоям.
Карим
Ман ба хизмат ҳамеша тайёрам.
Аҳмадхон
Роҳ бо фикри нек мепоям...
Нозукиро барош фаҳмонед,
Чун падар сахтгиртар монед.
(Ғайр аз Содира ҳама мераванд.)
Содира
(бо хаёл)
"Шодие кам биёрад он домод"...
Ман калон кардамаш ба ин мақсад?
Не. Ба ман бахти духтарам даркор,
Ин талоши амал ба ҷонам зад...
(Баъди хомӯшӣ)
"Нозанин духтар аст Гулрухсор,
Ҳайфам ояд, ки мешавад ӯ хор"...
(Ба сурати Гулрухсор менигарад)
Ҷони ман, духтари азизи ман,
Дар нигоҳи ту як ҷаҳон анвор.
Падарат дар гарав туро мондаст,
Ки шавад аз ту манфиатбардор...
Баланд механдад. Дар ин ханда тамоми ҳисси норозигӣ ва нафрати ӯ ҷой дорад. Қадам мезанад. Аз тиреза берун нигоҳ мекунад. Баргашта ба зал рӯ меорад.
Ин қадар сол ман ба ҳам зистам,
Шавҳарамро магар надонистам?..
Кори мактаб, хаёли оянда
Буд дар маркази ҳаёти ман.
Кӯдакони замонаи фирӯз,
Мефузуданд ҳиссиёти ман...
Валяҷон кард сӯи маҳ парвоз,
Роҳ бар коинот гардид боз...
Дар чунин давру дар чунин айём
Шавҳарам ғарқаи хаёли хом.
Ҳаққи ман бештар ба фарзандон...
Гулрухсор меояд. Модараш намебинад.
Гулрухсор
Омадам, ассалом, модарҷон.
Содира
Шодмонам, биё, биё, ҷонам...
Гулрухсор
Даъвати таъҷилӣ?.. Намедонам,
Ман барои алавгирӣ рафтам?
Ин чӣ кирдору ин чӣ бераҳмӣ?
Аз Шумо пурсидам-ку, модарҷон...
Содира
Сабабашро ту баъд мефаҳмӣ.
Гулрухсор
Рафтаму омадам... Чӣ дидам ман?
Падарам гуфтаанд: "Ояд зуд".
Гуфтаед ин ки "бе иҷозат рафт",
"Хайр" гуфтед-ку... Чӣ хел ин шуд?
Содира
"Бе иҷозат" нагуфтаам ҳаргиз,
Ин суханро ба ту кӣ гуфт, охир?
Гулрухсор
Мустафо.
Содира
Мустафо?
Гулрухсор
Гапи падарам...
Худашон дар куҷо? Аҷаб...
Содира
Ҳозир
Вай баромад, ки то гуселонад.
Як худат омадӣ-мӣ?
Гулрухсор
Не, модар,
Ҳамраҳам Мустафо-акем омад.
Содира
Канӣ вай?
Гулрухсор
Назди як рафиқаш рафт,
Хати Маҳмудро барояш бурд.
Мошини колхоз дар таги пош...
Содира
(менишинад)
Писари ман кунун на одами хурд...
Мумкин аст, ӯ маро надида равад,
Дафъаи пеш ҳам чунин кард ӯ?..
Гулрухсор
(паҳлӯи модар нишаста)
Гуфт, ки "модарам намебуданд,
Ман намеомадам, яқин, ин сӯ..."
Аз Шумо заррае наранҷидаст,
Аз падар лек ранҷиши ӯ ҳаст.
Содира
(оҳ кашида)
Аз падар...
Гулрухсор
Меҳрубонакам, аз чӣ
Падарам зуд гаштанамро хост?
Сабаби рафтани маро гуфтед?
Содира
(бо хаёл)
Зарур омад, бигуфтам.
Гулрухсор
Ин гап рост?
Аз Шумо илтимос кардам ман,
Ки нагӯед...
Содира
Беҳтараш гуфтан.
Ту надорӣ хабар зи фикри падар,
Гуфтани ман ба нафъи ту, духтар.
Падарат хост, ки акои ту
Зан бигирад фақат ба хоҳиши ӯ.
Мустафо аз чунин амал рӯ тофт,
Падарат одами дигарро ёфт...
Гулрухсор
(пай набурда)
Мустафо боз ҳам намехоҳад,
Ин гапи қатъӣ, менамояд рад...
(Содира оҳ мекашад.)
Ман дар он ҷо арӯси ӯ дидам,
Нозаниндухтари накӯ дидам.
Ман надониста, рашк бурдам зуд,
Баъд фаҳмам, ки хоҳари Маҳмуд.
Интихоби акои ман олист,
Беҳтар аз вай арӯси дигар нест.
Содира
(баъди сукут)
Духтари сода, ончунон сода,
Нест ҳаргиз зи мағзи гап хабарат.
На барои акои ту, онро
Ёфта аз барои ту падарат...
Гулрухсор бо шунидани ин сухан шах шуда мемонад. Модараш назди тиреза меравад. Лаҳзае сукунат ҳукмфармо мегардад.
Гулрухсор
Ман ба гӯшам намекунам бовар,
Ин магар рост?.. Рост ин, модар?
Содира
Ҳа, ҳамин тавр... Хостгор омада буд,
Падарат ким-чӣ гуфтугӯй намуд.
Гулрухсор
Ман аз ин хона меравам... Не, не.
Ман чӣ гуфтам?.. Чӣ шуд бо сари ман?..
Меҳрубонам, Шумо чӣ мегӯед?
Нагузоред дар бало сари ман...
Содира
Ман...
Гапи Содира нотамом мемонад. Назар Соҳиб бармегардад. Вай духтарашро дида, нарм муомила мекунад. Гулрухсор аз шунидани хабари барояш ногувор гаранг аст.
Назар Соҳиб
Салом, омадӣ ту, духтарҷон?
Гапдаро, меҳрубони ман ҳастӣ.
Мустафо саркаш асту гарданшах,
Ту умедам, ту ҷони ман ҳастӣ.
Рафтаӣ як даҳан напурсида,
Сахт коҳиш намуданӣ будам.
Зуд баргашта омадӣ, бахшиш,
Ман аз ин хел корат осудам.
Ту маро шод менамоӣ боз,
Ба гапи модарат ту гӯш андоз...
Хайр, акоят чӣ гуна дар он ҷо,
Ҳоли колхозчиён чӣ хел?
Содира
Шумо
Норасида ба манзил "о" гуфтед,
Боз аз номи ман чиҳо гуфтед?
Магар он ҷой ин тамошо кард?
Рафту омад, ба сина ҳасрату дард...
Гулрухсор
Ҳурмати Мустафо зиёд... Дигар
Ман надорам зи ҳеҷ чиз хабар.
Ҳамаи вақти ман ба роҳ гузашт,
Дидам аз дур пахтазору дашт.
Хуб мешуд ками дигар истам,
Пеш ин фикратон надонистам...
Гулрухсор зуд ба хонаи дигар мегузарад.
Назар Соҳиб
Фикри моро ту аллакай гуфтӣ?
Бо чӣ оҳанг ту ба вай гуфтӣ?..
Содира
(бепарво)
Ҳеҷ оҳанг дар миёна набуд,
Ба саволаш ҷавоб додам ман.
Ана, акнун худи Шумо гӯед,
Сар фарорад ба наздатон "ҳатман".
Назар Соҳиб
Дили духтар ба модараш наздик,
Хуб не гап задан барои ман.
Он тарафро зиёда кун таъриф,
Ту занӣ... ёри бовафои ман...
Чорае ёб, обрӯ наравад,
Мақсади мо ба оби ҷӯ наравад.
Содира
Мақсади "мо" нагуфта, "ман" гӯед,
Фақат аз номи худ сухан гӯед.
Вай ба Маҳмуд сахт дил додаст,
Бо хаёлу умеди вай шод аст...
Назар Соҳиб
(бо хавотирӣ)
Ман зи Маҳмуди вай чӣ мебинам?
Ишқу дил додан – ин чӣ сафсатта...
Содира
(ҷиддӣ)
Белати сурх рӯи дил доред,
Илтимос аз Шумо, ки оҳиста...
Ман муаллима, баҳри шогирдон
Гӯям аз қадру қимати инсон.
Лек дар назди шавҳарам лолам,
Баски ман дар замири худ нолам.
(Мустафо даромада меояд.)
Мустафо
Модарам, ассалом, салом, падар,
Омадам ман ба ҳукми роҳгузар...
Содира
Мустафоҷон, биё, ҷигарбандам.
Назар Соҳиб
Бемаҳал омадӣ ту, пайвандам?
Мустафо
(хушҳол)
Бо гуноҳи Шумо...
Назар Соҳиб
Гуноҳи ман?..
Мустафо
Хоҳарамро гирифта овардам...
Назар Соҳиб
(фаҳмида)
Хуб кардӣ.
Мустафо
(ба модараш)
Шудам басо пазмон,
Хуш бубинам саломату бардам.
Содира
Хайр, биншин, балот бар ҷонам,
Рафта ман якта чой мемонам.
Мустафо
(нишаста)
Шарт не.
Мошин интизори ман,
Роҳ дуру зарур баргаштан...
Содира
Ҳеҷ гап не, каме даматро гир,
Чой дар газ намекунад таъхир...
Содира меравад. Назар Соҳиб ба Мустафо бодиққат нигоҳ мекунад. Чизеро пурсиданист...
Назар Соҳиб
Ту ба ман гӯй, ҷӯраат Маҳмуд
Баччаи хуб-мӣ?
Мустафо
Ниҳоят хуб.
Назар Соҳиб
Зан надорад?
Мустафо
Надорад, албатта,
Хоҳаре дорад ӯ, бағоят хуб...
Назар Соҳиб
Падараш дар чӣ касб ё кор аст?
Мустафо
Вай фақат посбони анбор аст.
Инвалид аст... Хайр, фарқаш чист?
Кори дигар ба вай муносиб нест.
Назар Соҳиб
(кунҷковона)
Духтарашро ту нағз мебинӣ?
Мустафо
Рост аст ин сухан, гуноҳам ин...
Назар Соҳиб
(нохост)
Падаратро намекунӣ ҳурмат,
Ман аз ин кори ту басо ғамгин.
Хоҳишамро ту зери по кардӣ,
Ташвише бар сари ман овардӣ.
Духтари он калон магар бад буд?
Мустафо
(тағйир ёфта)
Боз ин гап шавад, равам ман зуд.
Хоҳиши дил набуду рад кардам,
Чӣ зарур аст ин сухан ҳар дам?
Назар Соҳиб
Нони гандум ту пеши по кардӣ,
Духтари одами калон буд ӯ.
Шуд барои ту кори ман дӯлоб,
Писари қадрношиносам ту...
Як худат бас набудӣ – мехоҳӣ,
Ки расад хоҳарат ба қишлоқӣ?..
Мустафо
(аз ҷо хеста)
Ҳама гапро шунида будам ман,
Тӯҳмати нав баромад аз мобайн.
(Содира мебарояд.)
Аз дили хоҳарам наям огоҳ,
Назди ман рафт, омадам ҳамроҳ...
То ба кай аз паи амалдоре
Бо хушомад хазида мегардед?
Пай набурдам, ки тӯҳмати ноҳақ
Ба мани бегуноҳ мекардед...
Содира
Шин, писарҷон, шав андак осуда,
Қисмати ту ба хоҳарат омад.
Назар Соҳиб
Ҳама бар зидди ман, чӣ пастигарӣ?
Гапу рафторатон ба ҷонам зад...
Ман барои худам намекӯшам,
Шӯҳрати ман – ин обрӯи шумо.
Ҳамаи ин барои бахти шумо,
Ҳамааш сурхие ба рӯи шумо...
Содира
Миннати беасос бас акнун,
То ба кай мекунед моро хун?..
Мо ҳама кор карда меёбем,
Даст дар зери сар намехобем...
Назар Соҳиб девонавор аз ҷояш хеста, ба касе эътибор намедиҳаду ба хонаи дигар мегузарад. Мустафо ва Содира бо ҳайрат ба ҳамдигар менигаранд.
Парда.