НАМОИШИ ЧОРУМ
Бошишгоҳи саҳроӣ. Ҳоло дар саҳна касе нест. Духтаре пайдо мешаваду пешхалтаашро як тараф гузошта менишинад. Даври аввали пахтачинӣ. Номи духтар Маҳтоб аст. Вай ба ҳар тараф бо муҳаббат менигарад. Мусиқӣ баланд мешавад ва Маҳтоб месарояд...
Маҳтоб
Илоҷи дарди ман, дармони ман ку?
Шудам ошуфтадил, сомони ман ку?..
Ғаме дорам, парешонам, парешон,
Асоси шодию паймони ман ку?
Муҳаббат омаду дил мехурӯшад,
Хурӯши дил, сафои ҷони ман ку?..
Дар китф халтаи пахта Давлат аз он ҷо гузашта рафтанист. Маҳтобро дида меистад ва хушҳолона ба вай рӯ меорад.
Давлат
Булбули хушнавои ман,
Нағмаи ту барои кист?
Чашми ту муддаои ман,
Аҳди ту муддаои кист?
Маҳтоб
Рав ба роҳат, надеҳ озорам,
Бо дили хеш гуфтугӯ дорам.
Давлат
Гӯй бар ман, азиз Маҳтобам,
Бар дили ту чӣ гуна раҳ ёбам?
Як табассум намоӣ, то донам,
Абадӣ дар вафот мемонам...
Маҳтоб
Гапи беҳударо ту камтар гӯй,
Сайди худро зи дашти дигар ҷӯй...
Давлат
(бо пичинг)
Чашми ман кӯр, ман намебинам,
Ки ту дар оташи кӣ месӯзӣ.
Мустафоро ба ҳар куҷо бинӣ,
Берун аз ихтиёр афрӯзӣ...
Вай кулаҳпӯшу илми вай олист,
Каллаи мо, ба фикри ту, холист?
Оташи хас аланга мегирад,
Лекин он бебақост, мемирад.
Дорам аз ту умед, эй Маҳтоб,
Дар дили худ барои ман ҷо ёб...
Давлат меравад. Маҳтоб баланд механдаду зуд тағир меёбад.
Маҳтоб
Шояд ӯ одами дигар дорад,
Аз дилаш то ҳанӯз бехабарам.
Пас чаро инчунин нигоҳ кунад,
Ҳар куҷо гар зи паҳлуяш гузарам?..
Сабру тоқат намуданам лозим,
Ҳарфи ӯро шунуданам лозим...
Мустафо меояд. Маҳтоб ӯро дида, рафтанӣ мешавад. Аммо сохта аст...
Мустафо
Каме истед, андак гапча дорам.
Маҳтоб
Канӣ, бошед...
Ман фурсат надорам.
Мустафо
Чаро Маҳтоб, зебоед, гӯед?..
Шумо ҳамчун суруди орзуед...
Шумо болу пари уммед ҳастед,
Ҳароратнок чун хуршед ҳастед.
Гапам ҳасту забонам лол бошад,
Маро то кай чунин аҳвол бошад?..
Шуморо дӯст медорам ба ҷонам,
Даме бе ёдатон зистан тавонам?..
Маҳтоб
Аз ҳавою ҳавас дили одам
Гоҳ ғамгин шавад, гаҳе хуррам.
Мустафо, ҷӯраи акои ман,
Хуб одам Шумо, ба мо равшан.
Лекин аз инчунин суханҳотон,
Росташ, ки шудам басо ҳайрон...
Мустафо
Он чӣ гуфтам, ба амри дил гуфтам,
Хоҳ бовар кунед, хоҳе не.
Моҳтоби азиз, баҳри ман
Бе Шумо дар ҳаёт роҳе не.
Маҳтоб
Одами шаҳру духтари колхоз
Шавад оё ба ҳам рафиқи соз?
Мустафо
Ман ҳам акнун аз ин макон ҳастам,
Бар Шумо, росташ, ки дил бастам.
(Давлат гузашта меравад.)
Рози худ то кунун ниҳон кардам,
Ана, дил рӯи каф баровардам...
Маҳтоб
Мустафо, фикр андаке бояд,
Лоиқи ишқатон наям шояд...
(Духтаре бо пешхалта гузашта меравад.)
Мустафо
(оҳ кашида)
Ман надонам, чӣ гуна фаҳмонам,
Чӣ китобе ба гӯшатон хонам?
Меравад вақту то кунун монда
Дили ман чун китоби нохонда.
Фикр бинмуда, ҷуръате карда,
Гап задам, гарчи буд бепарда...
Лоиқи ишқи ман Шумо ҳастед.
Дил агар бар дигар касе бастед...
Маҳтоб
(хандида)
Дил набошад – чӣ гуна дил бандам?
Ханда ояд – чу ғунча механдам.
Давлат бо қаҳр ба онҳо ало нигоҳ карда мегузарад. Аз паси саҳна овозҳо ба гӯш мерасанд.
Вақти кор асту фурсати гап нест,
Духтарон дида, ким-чиҳо гӯянд...
Мустафо
Гапи хуш бар Шумо насиб кунад,
Гапи нохуш зи Мустафо гӯянд.
Маҳмуд ва Гулрухсор меоянд. Гулрухсор худро ба оғӯши акояш мепартояд. Маҳтоб ҳайрон. Рафтанӣ мешавад.
Маҳмуд
Моҳтоб, ист.
Маҳтоб
Не, ба кор равам...
Мустафо
Аввал, охир, шумо шинос шавед.
Маҳтоб
Ассалом...
Гулрухсор
Ассалом... Гулрухсор. (Даст медиҳанд.)
Мустафо
Метавонед, ки дертар биравед.
Маҳмуд
Мустафо, беҳисоб ҷустемат,
Мӯза ғалбер шуд, асо сӯзан...
(Маҳтоб ноаён меравад.)
Пахтазори васеъ бошад ин...
Мустафо
Ҷои худ дар идора гуфтам ман.
(Мебинанд, ки Маҳтоб нест.)
Маҳмуд
Э, канӣ Моҳтоби мо?
Гулрухсор
Рафтанд.
Маҳмуд
Давра масъуб, пахта бисёр аст,
Рафтанаш хуб, фурсати кор аст...
Аз гапи Маҳмуд Гулрухсор ба ташвиш меафтад. Аммо Мустафою Маҳмуд пай намебаранд.
Бас матое либос мегардад,
Аз ҳамин пахтаҳост, Гулрухсор.
Марҳамат, меравем хонаи мо,
Баъди раҳ чой нӯшидан даркор.
Гулрухсор
Сад ташаккур, кам аст вақти ман...
Маҳмуд
Ин чӣ гап?..
Мустафо, худат гап зан...
Мустафо
Раҳ ба раҳ маслиҳат намудан хуб...
Мустафо, Гулрухсор ва Маҳмуд мераванд. Дилбар ва Маҳтоб поида ба саҳна медароянд. Аз паи равандагон хело нигоҳ мекунанд. Дилбар ба Маҳтоб муроҷиат мекунад.
Дилбар
Магар ӯ арзи дил намуд ба ту,
Ки барои вай инчунин сӯзӣ?..
Ин қадар ҳам сабукхаёл нашав,
Бояд андак ҳаёт омӯзӣ.
Навҷавонони шаҳр – шаҳрианд,
Дар ғами духтарони шаҳрӣ банд.
Маҳтоб
Арзи дил карда буду гаштам шод,
Бурд сайди маро дигар сайёд...
Дилбар
Арзи дил карда буд?
Маҳтоб
Чанде пеш,
Ҷони манро гузошт дар ташвиш...
Дилбар
Ҳар кӣ гӯяд, ки: "Дӯст медорам",
Зуд бовар накун ту... бемаънист.
Пухта санҷида, хуб ӯро фаҳм,
Ки муҳаббат барои бозӣ нест.
Маҳтоб
Он алам мекунад, надониста
Кас дарояд ба роҳи сарбаста...
Навҷавонони шаҳрӣ, гуфтӣ ту,
Ошиқи духтарони шаҳрии худ.
Маънияш ин, ки духтари саҳро
Лоиқи ишқи аҳли шаҳр нашуд?..
Гӯш кун: мову ту барои шаҳр
Неъмату файзи хок рӯёнем.
Давраҳои гузашта бигзаштанд,
Андаке қадри хеш медонем.
Гар муҳаббат ба ҷон асар созад,
Худ ба худ сарҳад аз миён хезад.
Лек бинӣ фиреб дар раҳи ишқ,
Хун шавад дил – зи дидаҳо резад...
Дилбар
Моҳтоб, ин қадар ту доноӣ,
То кунун аз чӣ ман надонистам?
Дил диҳам бар ягон ҷавоне, кош,
Инчунин гуфта метавонистам...
Маҳтоб
Ҳайдарат ҳаст, кордону далер,
Орзуи дигар ҷавон аз чист?
Дилбар
Ҳайдарам ҳасту касбу кори ӯ
Баҳри ин гуна нуктадонӣ нест.
Маҳтоб
Кош, бахтат насиби ман мебуд,
Ки ба ин ҳол то намемондам.
Пештар бехабар будам аз ишқ,
Варна дар шаҳр рафта мехондам.
Кор имсол агар барор кунад,
Баъд, дасти ман асту домани шаҳр.
Дилбар
Аз паи Мустафо шитоб накун,
Дидӣ, омад зи пушташ он духтар?..
Маҳтоб
(бо сӯзу алам)
Мустафо, ки фиреб медодаст,
Мустафо не – ҷавони дигар ҳаст...
(Мераванд.)
Саҳна давр мезанад.
Тарафи дигари бошишгоҳ. Дар он ҷо Мустафо ва Гулрухсор сӯҳбат доранд.
Мустафо
Хоҳарам, ин қадар хаёл накун,
Дили ман ҳаст он қадар маҳзун...
Рост аст, аз падар дилам ношод,
Чунки вай таънаҳон афзун дод.
Зиндагонӣ ҳамеша пеш равад,
Кӣ тавонад, ки садди он бишавад?
Менамоям хаёл ман шабу рӯз,
Мекашам оҳу мехӯрам афсӯс...
Гулрухсор
Ман магар бар ту шахси бегона,
Ки зи ман сирри хеш мепӯшӣ?
Сукут. Маҳтоб ва Дилбар дар ақиби саҳна пайдо шуда, ин суханро мешунаванду ба ҳамдигар ишорае карда, гузашта мераванд.
Модарам бехабар зи дарди дилат,
Хоҳарат гап занад, ту хомӯшӣ...
Мустафо
Хоҳарам, аз ту мекунам хоҳиш,
Ин қадар ҳам накун маро коҳиш.
Росташ, ки зиёда монда шудам,
Росташ, ки зи худ наёсудам...
Ҳам ту, ҳам модарам басо хубед,
Меҳрубон, ғамгусор, маҳбубед.
Падарам ҳам – падар барои ман,
Лек ғофил зи муддаои ман...
Гулрухсор
Ту ба ман гӯй, рафта фаҳмонам.
Мустафо
Ҳоҷаташ нест...
Гулрухсор
Ман намедонам
Ту чӣ одам?..
Мустафо
Напурс, хоҳарҷон,
Як ҳаминаш аён, ки ман инсон...
Ҷавоне тӯрбаи пахтаро бардошта, сурудеро замзамакунон гузашта меравад. Гулрухсор аз паи вай нигоҳ карда мемонад.
Мардуми неккору пурғайрат,
Ёфта обутоб дар меҳнат.
Баҳри инҳо замини колхозӣ
Додааст обрӯ, сарафрозӣ...
Гулрухсор
Мустафо, андаке тамошо деҳ,
То шавад аз дилам кушода гиреҳ.
Мустафо
Хуб... Як лаҳза ист дар ин ҷо,
Рафта Маҳмудро бигӯям ман.
Чунки меояду намеёбад,
Мешавад пас малол...
Гулрухсор
Ин равшан.
Мустафо меравад. Гулрухсор танҳо қадам мезанаду худ ба худ мулоҳиза мекунад.
Раҳи сарпеч аз пешам баромад,
Фиғоне аз дили решам баромад.
Ба уммед омадам, то бори дигар
Бубинам интихобамро аёнтар.
Вале дидам, ки вай Маҳтоб дорад,
Чаро ин қисмати ман хоб дорад?
Накардам ман ба ҳарфи модарам гӯш,
Ба ин сӯ омадам боҳуш – беҳуш.
Падар аз матлаби ман бехабар монд...
Чаро ин рафту бар ҷонам асар монд?..
Мухбир ва суратгир даромада меоянд. Салом медиҳанд. Суратгир ба Гулрухсор нигоҳ карда, чизеро ба хотир оварданӣ мешавад.
Мухбир
Салом, эй гул...
Гулрухсор
Салом.
Суратгир
Шахси шиносед,
Шуморо дар куҷое дида будам...
Гулрухсор
Шумоён аз газета, аз Душанбе?
Мухбир
Шумо дарҳол донистед.
Суратгир
Ман ҳам.
Шумо дӯзандаи фабрика ҳастед...
Гулрухсор
Бале, мову шумо бо ҳам шиносем,
Ки боре сурати манро кашидед.
Баромад дар газета... Бар худи ман
Аз он як нусхае ҳатто надодед.
Суратгир
Худи ман ваъда кардам, ҳаст дар шаҳр.
Мухбир
Шумо бар ин тарафҳо чун фитодед?
Гулрухсор
Ҳамин тавр омадам, баҳри тамошо.
Суратгир
Бубахшед... ин тараф истед. Ҳоло
Бигирам расматонро хубу зебо.
Пас аз он мо ба зераш менависем:
"Фалон дӯзанда дар вақти тамошо..."
Мухбир
Ниҳоят хуб ин баҳри газета,
Аҷоиб сурате кардем дарёфт.
Гулрухсор
Ташаккур... Расми он касро бигиред,
Ки аз кораш замин ҳусни дигар ёфт.
Суратгир
Плёнка мерасад, осуда бошед...
Суратгир аз дасти Гулрухсор кашола карда ба мобайн меорад ва барои дуруст истодан дастур медиҳад. Дар ҳамин фурсат Дилбар, Маҳтоб ва Давлат пахтаҳои чидаашон дар китф гузашта рафтанӣ мешаванд. Мухбир тозон сари роҳи онҳоро мегираду ба назди суратгир таклиф мекунад. Онҳо меоянд...
Мухбир
(ба суратгир)
Каме истед, бо ин шерамардон
Ба ҳам сурат кашидан боз хуштар.
Суратгир
(ҳамаро ба саф гузошта)
Басо хуб... ин тараф истед...
Ҳа, ҳа...
(ба мухбир)
Ман аз ақли ту мегардам, бародар.
Канӣ, хушҳолтар бошед... Ҳа, ҳа...
Шумо, дӯзанда, механдед ё не?
Қавоқи хешро андак кушоед,
Дар ин сурат барои ғусса ҷо не.
(Гулрухсор табассум мекунад.)
Табассум... Ҳо, табассум. Офарин. Шуд.
Суратгир блокноту қаламашро гирифта, назди ҳар яке меистаду чизе менависад. Ба Гулрухсор муроҷиат мекунад.
Ба мо номи Шумо кайҳост равшан,
Набошад ҳоҷати аз нав навиштан.
Мухбир
(ба Маҳтоб)
Куҷо Маҳтобу Дилбар ё ки Давлат?
Дилбар
Ҳамин се кас ба он се ном доро...
Суратгир
(болида)
Чӣ бахти нек... Ин сурат кифоя.
Мухбир
(ба суратгир)
Ту инҳоро бикаш дар байни саҳро.
Суратгир пеш гузашта, дигаронро барои рафтан далолат мекунад. Дилбару Маҳтоб ба тарафи Гулрухсор кинояомез механданду мераванд. Давлат аз Гулрухсор чизеро пурсиданӣ мешавад, ки Мухбир имконият намедиҳад. Онҳо ишораи хайрухуш мекунанду мераванд. Дар саҳна Гулрухсор танҳо мемонад. Вай киноян духтаронро фаҳмидааст... Баъди лаҳзае Маҳмуд ва Мустафо меоянд. Гулрухсор ба пешвози Мустафо ҳаракат мекунад. Вай барои ҳаял карданаш узрхоҳӣ карданӣ мешавад...
Мустафо
Ман туро интизор кардам хуб?
Телефон шуд зи шаҳр, хоҳарҷон...
Гулрухсор
(хавотир)
Телефон шуд зи шаҳр?
Мустафо
Ҳа... Падарам
Зуд баргаштани туро хоҳон.
Маҳмуд
Хайр, бегоҳ мегуселонем...
Мустафо
Аҷабе не, ки ман равам ҳамроҳ.
Маҳмуд
Марҳамат, пахтазорро бинем...
Гулрухсор
(ба Мустафо)
Ту зи мақсад маро намо огоҳ...
Мустафо
Хоҳарам, бе иҷозат омадаӣ,
Падарам дар ғазаб барои ҳамин.
Модарам ҳам набуда розӣ. Аҷаб…
Маҳмуд
Нашаветон барои ин ғамгин.
Андаке гашта дар ҳавои кушод,
Мешавад табъу хотири кас шод...
Гулрухсор
Ман зи корам иҷозате дорам.
Мустафо
Падарамро напурсидӣ, охир...
Маҳмуд
Хайр, мошин ба сӯи шаҳр зиёд,
Бегаҳӣ мераванд...
Гулрухсор
Не... Ҳозир...
Падарамро напурсидам, шояд,
Ин гуноҳи маро набахшояд?..
Гулрухсор пеш-пеш, Мустафою Маҳмуд аз паи вай мераванд.
Охири намоиш.