Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ТӮЙ БАРПО НАШУД - ПАРДАИ ДУЮМ

НАМОИШИ СЕЮМ



Ҳамон манзара. Аз байн як ҳафта гузаштааст. Содира манаҳ ба рӯи оринҷ гузошта, ба хаёл фурӯ рафтааст. Гулрухсор назди пианино нишаста чӣ оҳангеро машқ мекунад. Вай бо кадомин фикре банд аст...


Содира

Як назар карда, зуд дил бастӣ...
Бехабар аз ҷавонҳо ҳастӣ.
Шабу рӯзи ту бо хаёли ӯст,
Ин зи хомию аз ҷавонии туст.

(Гулрухсор навохтан мегирад.)

Ба ту гапҳои ман намефорад...
Ғусса хӯрдан чй нафъ меорад?
Ҳар касе аз паи ту овезад,
Бо ғами ту нишаставу хезад,
Қадри онро бидон ту, духтарҷон,
Раҳгузарро ба ҳолати худ мон...

Гулрухсор бо табассум ба модар нигариста аз ҷо мехезад.

Гулрухсор

Як назар карда ман ба сӯи вай,
Хондам аҳду вафо зи рӯи вай.
Мустафоро падар намеранҷонд,
Аҷабе не, ки боз вай мемонд.
То ба чашмони хеш медидед,
Ки чӣ андоза шахси пуруммед...
Меравам назди Мустафо ҳатман,
То ба ин роҳ бинам ӯро ман...

Содира

Ман иҷозат намедиҳам ҳаргиз.

Гулрухсор

Меравам...

Содира

Не, намеравӣ бе изн...

Гулрухсор

Чанд рӯз ин хаёл дар сари ман.

Содира

Мешавад кори айб, духтари ман.

Гулрухсор

Айб?.. Назди акои худ рафтан?..

Содира

Рафта роҳат намо ту, Гулрухсор,
Мондаву шалпар омадӣ аз кор,
Маслиҳат баъд...

Гулрухсор

Росташ гӯед,
Аз чӣ, охир, муқобили ӯед?

Содира

Афти ӯро надида бошам ман,
Метавонам ягон сухан гуфтан?

Гулрухсор

Ба Шумо не, барои ман даркор.

Содира
(норозӣ)

Андаке шарм дор, Гулрухсор...

Назар Соҳиб меояд. Гулрухсор ба хонаи дигар мегузарад.

Назар Соҳиб

Омадам ман, магар намебинӣ?..
Меҳрубонам,чаро ту ғамгинӣ?

Содира
(бо ғазаб)

Мустафоро чаро Шумо рондед,
Оташи ғусса бар дилам мондед?..
Духтарам дар ғазаб, дилам ношод,
Фикратон ин ки: Ҳар чӣ бодобод?..
Ман дар ин хонадон канизак не.
Ғуссаи ман кам аст? Андак не...

Назар Соҳиб
(бо ҳайрат)

Сабаби ин ғазаб намедонам,
Ман ба шӯридани ту ҳайронам.

Содира

Сабабашро?.. Чӣ фарқ дорад ин?

Содира ба тарафи Гулрухсор рафтагӣй меравад. Назар Соҳиб ҳайрон аст.

Назар Соҳиб

Сар шуд акнун ҳаёти бас вазнин.
Бар сарам сад хаёл меояд,
Оҳ, бахтам, илоҷ мебояд...

Назар Соҳиб аз паи Содира рафтанӣ мешавад. Дар ин вақт Сайфулло даромада меояд, ки дар даст коғазпеч дорад.

Сайфулло

Марҳамат, амратон бишуд иҷро,
Бо азобе намудамаш пайдо.

Сайфулло коғазпечро дароз мекунад. Назар Соҳиб онро гирифта, бо сар изҳори миннатдорӣ мекунаду ба хонаи дигар мегузарад. Сайфулло ду даст дар киса ҳуштаккашон қадам мезанаду дар назди расми Гулрухсор таваққуф менамояд.

Духтари гармрӯи бераҳме,
Ту азоби маро намефаҳмӣ...

Кай дилам бо дили ту пайвандад?
Суратат ҳам ба ҳоли ман хандад...

(Гулрухсор мебарояд.)

Ассалом, эй гули баҳори ман,
Гулрухи ман, сафои кори ман...

Гулрухсор

Боз сафсаттаҳои бисёре
Менамоед бар сарам боре?

Сайфулло

Росташ, ки асиратон ҳастам,
Ошиқи беназиратон ҳастам.

Гулрухсор

Гапи беҳуда бас.


Сайфулло

Чаро ин хел
Зулми бисёр мекунед ба дил?..

Гулрухсор бо тамасхур ба Сайфулло менигараду баргашта меравад. Сайфулло китф дарҳам мекашад. Дар ии фурсат Назар Соҳиб хотирмушавваш баромада, ба Сайфулло муроҷиат мекунад.

Назар Соҳиб

Додарам, ман намеравам акнун,
Ту саҳартар биё барои ман.

Сайфулло

Ваъда додед-ку...

Назар Соҳиб

Нашуд, додар,
Мекунад дард дасту пои ман.
Гар сари роҳ дида монӣ – бигӯ,
Ҳаст ин илтимоси ман аз ту.

Сайфулло

Хуб, сардор...

(Меравад.)

Назар Соҳиб
(худ ба худ)

Оҳ, умри азиз,
Мисли дарё равона ҳастӣ тез...
Мӯй акнун сафед гашта тамом,
Дами пирӣ магар шавам бадном?..
Рӯзу шабҳо ба ин хаёлам банд:
Аз чӣ онҳо ба ҳамдигар монанд?..

Назар Соҳиб оҳиста-оҳиста меравад... Занги телефон баланд мешавад. Гулрухсор тозон баромада, гӯшаки онро мегираду гӯш мекунад.

Гулрухсор

Кист ин?.. Ҳа, ако, салом... Оре,
Модарам аз Шумо басо ғамгин.

(Содира тозон мебарояд.)

Содира

Мустафо-мӣ?

Гулрухсор бо сар ишораи тасдиқ мекунаду бо даст ором истодани модарашро мепурсад ва дар телефон гапашро давом медиҳад.

Гулрухсор

Надида рафтанатон,
Шуд ғами дил ба ҳар яки мо ин...
Ҳа, ташаккур... Кори ман хуб аст.
Меравам ман барои диданатон.
Баҳри ду рӯз иҷоза бигрифтам,
Маслиҳат ҳаст, акои ҷоноҷон.
Қавлам ин аст, интизор шавед.
Сухан акнун зи модарам шунавед...

(Гӯшакро ба Содира медиҳад.)

Содира

Мустафоҷон, салом, беором...
Модаратро надида рафтани ту...
Телефонро барои ман кардӣ?
Шодам аз ташвише кашидани ту.
Назди ту рафтанист Гулрухсор,
Лек ман розӣ не ба ин рафтор.
Падарат?... Омаданд... Дар хона...
Мақсади хоҳарат намедонанд.

Назар Соҳиб баромада, бо ишора мепурсад. Содира бо телефон банд.

Гулрухсор

Мустафо.

Назар Соҳиб

Мустафо?

Гулрухсор

Акоҷонам.

Содира
(дар телефон)

Ман аз ин гуфтаҳот ҳайронам...
Ана, гап зан ту ҳамраҳи падарат...
Нест оё ягон гапи дигарат?
Бо падар гап задан намехоҳӣ?..

Содира магар дигар гап намешунавад, ки дар гӯшак пуф-пуф мекунаду онро дар ҷояш мегузорад ва маъюсона ба шавҳараш менигарад...

Як Шумо аз ғами вай огоҳед...
Парда.









« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »