Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ТӮЙ БАРПО НАШУД - ПАРДАИ ЯКУМ

НАМОИШИ ДУЮМ



Манзараи намоиши якум. Ҳамаи чизҳо ба ҳолати аввала истодаанд. Саҳна ҳоло холист. Гулрухсор аз хонаи дигар мебарояду назди столи давра рост меистад. Хавосаш парешону кайфаш ноҷӯр...

Гулрухсор

Модарамро надида баргашт ӯ,
Сабаби ин ҳама фақат падарам.
Ҷӯрааш будааст шахси накӯ,
Сураташ монда рафт дар назарам...
Омадурафт ҳам сабаб дорад,
Омадурафт кори ҳар кас нест.
Ҳар касе ҳам ба сина гап дорад,
Омадан омадан-ку, рафтан чист?..
Дил ба монанди шабнами саҳарӣ
Рӯи як барги соф истодаст.
Ғазаби офтоби фасли баҳор
Он қадар бар фано варо додаст...
Ман ҳавас мекунам, ки дар олам
Бошад одам фақат ба ҳарфи калон.
Ин диёри азиз дар олам
Додааст ишқи поки бенуқсон.
Лекин ин ишқро касони зишт,
Бехабар аз ҳаёт, олоянд.
Гоҳ роҳи фиреб пеша кунанд,
Гоҳ як сӯ гирифта партоянд...
Мустафо рафту ҷӯрааш ҳам рафт,
Ба ҳама узвҳои ман ғам рафт.

Ҳар тараф қадам зада, чизеро меҷӯяд. Пианиноро дида, ба ҳолате медарояд, ки гӯё чизи гумкардаашро пайдо карда бошад. Зуд назди он нишаста, даст мебарад. Овози мусиқӣ. Месарояд.

Созу овози маро ҳар тараф, эй, бод, бубар,
Ғами имрӯзаву фардоина аз ёд бубар.
Дар қафас нестаму ишқи дилам дар қафас аст,
Хабар аз ин ба ҳама мардуми дилшод бубар.
Ҳар касе, ки бишавад садди муҳаббат ҳар ҷо,
Ҳастиашро ту фано дода, зи бунёд бубар.
Ман, ки дӯзандааму аз ғами дил сӯзанда,
То насӯзам, хабарамро бари устод бубар...

Гулрухсор баъди суруд муддате аз ҷояш намеҷунбад. Ба ягон тараф ҳам нигоҳ накарда бо хаёли худ мемонад. Бе ҳеҷ хабардиҳӣ Сайфулло даромада меояд. Аз симояш аён, ки вай як дараҷа одами ланҷ аст.

Сайфулло
(ба пианино ишора карда)

Ҳар куҷое, ки ёри маҳбубест,
Мошини "чокдӯзии" хубест.
Бо ҳамин мошина шавад оё
Ҳамаи кори некатон иҷро?

Гулрухсор

Пеш аз он ки ба хонае оед,
Аз дар истода занг бинмоед.
Соҳибонаш агар иҷоза диҳанд,
Қадам он гоҳ ранҷа фармоед...

Сайфулло

Даратонро кушодагӣ дидам,
Бе иҷозат даромадам.

Гулрухсор

Ҳай-ҳай...
"Ақлу идрокатон" басо зӯр аст,
Дерҳо боз бурда будам пай.
Падарам хоб кардаанд алҳол...

Сайфулло

Ин қадар ҳам Шумо дағал, ҷонам,
Дағалие ба марди хушиқбол?..
Ман Шуморо азизи худ донам...

Гулрухсор

Хӯш, "азизам", чӣ хизмате доред?
Назди ман омадед ё сардор?

Сайфулло

Эҳ, "элак баҳона" мегӯянд,
То ба кай ин ҷафост, Гулрухсор?

Гулрухсор

Даври элак ва суфра бигзашта,
Бехабар мондаед, Сайфулло...

Сайфулло

Дар дилам оташи ниҳон дорам,
Якка будед, ин ба табъи мо...

Назар Соҳиб
(аз хонаи дарун)

Бо кӣ гап мезанӣ ту, духтарҷон?
Паст гап зан, маро бароҳат мон...

Сайфулло
(тарафи овоз таъзим карда)

Омадам ман ба наздатон, сардор,
Ки барои Шумо баромад кор.




Назар Соҳиб
(баромада)

Ҳа, туӣ... Марҳамат, нишин, додар.
Ҳодисоте бидод рӯй магар?
Ман каме дам гирифтанӣ будам,
Ки зи ғавғои ту наёсудам.

Сайфулло

Аз гуноҳам Шумо гузар созед,
Ҷониби корхонамон тозед...


Назар Соҳиб

О, чӣ гап шуд?

Сайфулло

Ман аз куҷо донам,
Шуд чунин амру тохтам ин сӯй.

Назар Соҳиб

Ҳой, баттол, нағмаро кам кун,
Чист дар корхона, зудтар гӯй?

Сайфулло

Ким-кадомин комиссия гуфтанд,
Аз чӣ бошад, ки ҷумла, ошуфтанд...

Назар Соҳиб

Аҷабо... Мошинат куҷо?

Сайфулло

Берун.

Назар Соҳиб

Андак исто, либоси худ пӯшам.

(Меравад.)


Сайфулло
(ба Гулрухсор)

Ба Шумо арз дораму аммо
То ба ҳоло зи тарс хомӯшам.

Гулрухсор
(бепарво)

Хӯш, фаҳмем... арзатон чун аст?

Сайфулло

Лайлиеду камина Маҷнун аст.

(Гулрухсор баланд механдад.)

Илтимос аз Шумо, ки оҳиста...

Гулрухсор

Гап нагӯяд касе надониста...
Баъди ин гап ман аз худам наравам,
Боз девонаи Шумо нашавам?..
Кори худ як тараф бипартоям,
Ҷониби дашту кӯҳсор оям,
Ҷустуҷӯ карда акси Сайфулло
Аз гиёҳҳову мавҷи дарёҳо...
Шунавад кӯҳу дашт овозам,
Ҳар тараф бо хаёлатон тозам...

(Механдад.)

Арзатонро чаро ба ман гуфтед?
Хотирамро баногаҳ ошуфтед...

Сайфулло
(бехабар аз пичинг)

Лаҳзаи хуш, ки арзи дил кардам,
То ба кай ман хамӯш мегардам?..
Хостам – матлаби маро донед.

Гулрухсор

Беҳтар аст – ин хаёлро монед....
Арзи худро ба хоб мегуфтед,
Хоби худро ба об мегуфтед,
Обро сӯи чӯл мебурдед,
Ки басо нафъи мӯл мебурдед.
Рустами давру Сӯҳроби замон,
Нашавед аз барои ман сарсон.
Арзатонро ба хоб гуфта равед,
Хобатонро ба об гуфта равед...

Гулрухсор хандон-хандон ба хонаи дигар мегузарад. Сайфулло аз ин рафтори ӯ ҳайрон мемонаду худ ба худ гап мезанад.

Сайфулло

Ман чӣ гуфтам?.. Магар мазоҳ намуд?
Рафт бо хандааш аз ин ҷо зуд.
Духтари хубу нозанин ёр аст,
Ки ба ишқи ҳама сазовор аст.
Сураташ дар газета дидам ман,
Ки дилам беҳисоб шуд хурсанд.
Дасти вай гул, либос медӯзад,
Мани ронандаро чӣ месӯзад?
Вай магар дил ба дигарон додаст,
Ки ду ном аз даҳони ӯ барҷаст?
Рустамаш кисту Сӯҳробаш кист?...
Кошкӣ номашон намедонист.
Кошкӣ, дар забони ӯ мебуд
Номи ман, номи ман аҷаб мешуд.

Назар Соҳиб ва Гулрухсор мебароянд.

Назар Соҳиб

Канӣ, рафтем...

Сайфулло

Марҳамат, сардор,
Мошини ман ба амратон тайёр.

Назар Соҳиб пеш мегузарад. Сайфулло бо умед ба Гулрухсор менигараду роҳӣ мешавад.

Гулрухсор
(ба падараш)

Ман чӣ гӯям ба модарам, оянд?


Назар Соҳиб

Гӯй, ки зуд гашта меоянд...

Мераванд. Гулрухсор рӯи хона бо хаёли худ мемонад. Табассум мекунад. Шояд ин табассум аз изҳори муҳаббат кардани Сайфулло ё ки аз фикри дидори аввалин бо Маҳмуд бошад. Ногоҳ баланд механдаду рафта назди пианино менишинад. Лаҳзае сукунат ҳукмфармо мегардад. Содира дар зери каш китобу дафтар даромада меояд. Аз афташ маълум, ки хело монда шудааст. Гулрухсор ба пешвози модараш мехезад.

Гулрухсор

Ин қадар дер?..

Содира

Ҳа, вале шодам,
Боз дарси иловагӣ додам...

Содира китобу дафтарҳояшро як тараф мегузораду сабук оҳ кашида, назди столи давра яктарафа менишинад ва гӯё аз духтараш ягон гапи нав шуниданӣ бошад, ба вай бодиққат нигоҳ мекунад. Гулрухсор китфи модарашро дар оғӯш мегирад.

Гулрухсор

Падарамро ба корашон бурданд.

Содира

Беруни дарвоза дидамашон.
Мустафо омадааст мегӯянд?..

Гулрухсор

Омаду рафт зуд, модарҷон.

(Бо табассум)

Ҳамраҳаш ҷӯраи аҷибе дошт,
Аз чӣ бошад, накард ӯ бардошт.



Содира

Кӣ?.. Магар ҷӯрааш шитоб намуд?

Гулрухсор

Не, худи Мустафо... Ғазаболуд.

Содира
(аз ҷо бархоста)

Ғазаболуда рафт?

Гулрухсор
(сар ҷунбонда)

Ҳайронам,
Сабаби қаҳри ӯ намедонам...
Чун зи кор омадам, ки рафтанианд,
Ман намондам, зи роҳашон гаштанд.
Занг бар ҷониби падар додам,
Фикрашон банд карда истодам.
Кайфашон буд якқадар ноҷӯр,
Ман шудам садди роҳашон маҷбур.
Мусиқӣ ҳам навохтам андак,
Табъашон шуд кушодтар бешак.
Падарам омада, дар он хона
Ким-чӣ гуфтанд, ман намедонам.

Содира
(бо ҳиссиёти модарӣ)

Вой бар ҳоли ман...
Чаро фарзанд
Модарашро надида мерафтааст?..

(Хаёл мекунад)

Оҳ, бесабри ман...

(Ба Гулрухсор)

Ту медонӣ,
Дар ҳамин кори ӯ ягон гап ҳаст...
Охири намоиш.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »