Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ТӮЙ БАРПО НАШУД - ПАРДАИ ЯКУМ

ПЕШСАҲНА



Аз як тараф Мустафо мебарояд. Вай хело оташин аст. Аз паи вай Маҳмуд ҳозир мешавад. Мустафо папирос бароварда дуд мекунад. Маҳмуд мехоҳад ӯро тасалло диҳад...


Маҳмуд

Ғам нахӯр, эй бародари ҷонӣ,
Суд дорад магар пушаймонӣ?
Меравем, деҳа интизори мост,
Фикри равшан ҳамеша ёри мост.
Ба худат айб, Мустафои азиз,
Ростӣ ҳам, шудӣ ту андак тез...
Дил бигӯӣ ба мисли як мушт аст,
Дар кафи даст панҷ ангушт аст.
Ғусса бисёру лек дил танг аст,
Шод будан ба дигар оҳанг аст...
Дили ман сӯхт баҳри Гулрухсор,
Хоҳари ту – барои ту ғамхор.
Қаҳр кардию вай ба ҳайрат монд,
Аҷабе нест, ашки худ резонд...

Мустафо

Андак андешае намо, Маҳмуд,
Оҳи ман, роҳи ман дигартар шуд.
Хоҳарам ғамгусори ман бошад,
Хушмуомила, хушсухан бошад.
Лекин аз он дуруштиҳои падар
Ногаҳон тира гашт пеши назар.
Ман надонам, чӣ кори бад кардам?..
Модарамро надида мегардам.
Ту худат гӯй, – мардуми колхоз
Аз манат кори носазо диданд?

Маҳмуд

Не...

Мустафо

Магар аз забони ман боре
Ҳарфи бад, ҳарфи талх бншниданд?

Маҳмуд

Не...
Ту девори намкаше будӣ,
Гард, охир, равем бо зудӣ...

Мустафо

Хуб, рафтем... Мешавад исбот
Сар ба сар неку бад ба роҳи ҳаёт...

(Мераванд.)




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »