Намоиши якум
Хонаи калон барои меҳмон. Ду дар ба хонаҳои дигар мебарад. Дар паҳлуи яке рӯи столчаи махсус телефон истодааст. Дар тарафи муқобил пианино меистад, ки болои он расми калони Гулрухсор овезон аст. Мустафо дар бари тиреза рост истода ба берун назар дорад. Маҳмуд назди столи давра нишаста журналеро тамошо мекунад. Лаҳзае сукунат.
Мустафо
Падарам зидди фикри ман бархест,
Ҳоҷати гуфтугӯи дигар нест...
(Қадам мезанад.)
Дар хаёлам набуд ин ҳаргиз...
Меравем, эй рафиқи ман, бархез.
Роҳамон дуру корамон бисёр.
"Дод" гӯям зи бахти ноҳамвор?
Маҳмуд
Бояд андак ту интизор шавӣ,
Падарат, охир, инчунин фармуд...
Мустафо
Маҷлиси ӯ кашол меёбад,
Тоқатам тоқ мешавад, Маҳмуд.
Ман туро ҳамраҳи худ овардам,
Ки намоям шинос бо падарам.
Назди ту ҳарфи талху тунде гуфт,
Баъди ин чун ба сӯи ту нигарам?
Маҳмуд
Ман рафиқат, чӣ шарм медорӣ,
Ту магар назди ман гунаҳгорӣ?
Мустафо
Рӯзҳо дар шитоб, ҷӯраи ҷон,
Рӯзҳо дар шитоб чун дарё.
Дар нигоҳи хаёлу дидаи дил
Ҳама атроф дилкашу зебо.
Умр ҳам дар шитоб мебошад,
Дар ҷавонӣ сафед шуд сари ман.
Лек чун кӯдакам ба назди падар,
Мақсадамро нафаҳмид ӯ равшан...
Маҳмуд
(аз ҷо хеста)
Ту набояд, ки аз падар ранҷӣ,
Падарон ҳарфи сахт мегӯянд.
Писарон то шаванд одами хуб,
Фикр бинмуда, роҳ меҷӯянд.
Мустафо
Роҳи иқбол ҷустани падарон,
Зан ба маҷбур додани падарон,
Ин ҳама кори нек медонӣ?
Маҳмуд
Мустафоҷон, чаро ту ҳайронӣ?
Падарат, росташ, ки дилсӯзанд,
Ба ту ахлоқи нек омӯзанд.
Каси дилсӯзро сухан тез аст...
Мустафо
Э биё мон ту, инчунин гап бас...
Мо... "падар" нестему хомӯшем,
Меравему ба кор мекӯшем.
Аз ҳамин остона, медонам,
Ки дигар ман қадам намемонам.
Маҳмуд
Ҷӯраҷонам, ту марди некӯӣ,
Лек беҳуда инчунин гӯӣ...
Мустафо
Меравем...
Маҳмуд
Нонамуда хайрухуш?
Мустафо
Ҳа, бале. Зуд кулоҳи худро пӯш,
Аз гапи ӯ зиёда ошуфтам.
Маҳмуд
Ихтиёри ту... Ман чӣ мегуфтам?...
(Ба роҳ медароянд. Гулрухсор меояд.)
Гулрухсор
Ба куҷо меравед?
Мустафо
Гулрухсор,
Сӯи қишлоқ, чунки фардо кор...
Гулрухсор
Бе иҷозат? Кӣ гуфт?.. Медонед,
Як тараф ин хаёлро монед.
Канӣ, дар ҷои хеш биншинед...
Гар равед – рӯзатона мебинед.
(Маҳмуд менишинад.)
Зуд бошед, акои бетоқат,
Нашудаст аз бароятон рухсат.
Мустафо
Хоҳарам, аз ту узр мехоҳем,
Деҳ иҷозат, ки одами роҳем.
(Гулрухсор ҷиддӣ мешавад.)
Раҳгузар омадем бар ин шаҳр,
Рост ин гап... Накун ту аз мо қаҳр...
Гулрухсор як ба Маҳмуд менигараду рафта гӯшаки телефонро мебардорад ва хомӯшона рақамҳоро мегардонад.
Гулрухсор
(дар телефон)
Падарамро шумо бупайвандед...
Ҳа, бале, берун аз ҳисоб зарур.
...Мустафо рафтанӣ. Намедонам.
Дар назар менамояд ӯ ранҷур.
Ман худам ҳозир омадам аз кор.
Омадам, ки ба рафтан ӯ тайёр...
Фаҳмидам... Фаҳмидам, падарҷонам,
То Шумо омадан намемонам.
(Гӯшакро гузошта, ба Мустафо менигарад.)
Баъди андак худи падар оянд,
Мешавад ончунон, ки фармоянд.
Марҳамат, бишнавед мусиқӣ,
То барад аз дили шумо зиққӣ...
(Ба сари пианино менишинад.)
Мустафо
Хоҳарам, мо деҳотием... Маъзур,
Ки зи мусиқифаҳмӣ андак дур.
Маҳмуд
Мустафо, ин гапи ту ноҷо аст,
Ҳар куҷо мусиқист – фаҳмо аст.
Марҳамат, сар ба пой мо гӯшем,
Он чӣ хоҳӣ навоз – то ҷӯшем...
Гулрухсор табассумкунон ба Маҳмуд менигараду ба навохтан сар мекунад. Ин оҳанг барои Мустафо ҳам аз табъи дил аст. Вай назди хоҳараш меояд. Ба Маҳмуд муроҷиат мекунад.
Мустафо
Он суруди фараҳфизои ту
Ёдам омад... Биё, саро онро...
Хоҳарам, ҷӯр шав ба овозаш,
Роҳате медиҳад дилу ҷонро...
Гулрухсор бо муҳаббат ба Маҳмуд менигарад. Оҳанги суруди дилкашро менавозад. Маҳмуд ноилоҷ ба сурудан сар мекунад. Баъзе сатрҳои онро Мустафо ва Гулрухсор низ замзама мекунанд.
Маҳмуд
Ин қадар пурнуру сӯзон офтоб,
Гаҳ ғаму гаҳ роҳати ҷон офтоб.
Ишқ омад, ки дилам дар изтироб,
Бар сари ман гашта тобон офтоб.
Кӯҳҳои сарбаланди ин диёр,
Ҳар тараф бинӣ – дурахшон офтоб.
Пардае пӯшад агар абри баҳор,
Пора созад синаи он офтоб.
Хонаи дилро мунаввар дидаам,
Чунки дар он ҳаст меҳмон офтоб.
Дӯстонам, дӯстони қадрдон,
Медурахшад баҳри Инсон офтоб...
Ҳама карсак зада хушҳолӣ мекунанд. Баъд Гулрухсор бо коре ба хонаи дигар мегузарад. Дар ҳамин фурсат Назар Соҳиб дар даст портфел даромада меояд.
Назар Соҳиб
Андаке интизор кардам ман,
Кор бисёр, Мустафо, донӣ.
Узр мехоҳам аз Шумо, меҳмон,
Маҷлису кори мост сарсонӣ...
Мустафо
Падар, акнун иҷозае бидиҳед,
Интизори Шумо шудам то ҳол.
Назар Соҳиб
(портфелашро монда)
Канӣ, биншин, нашав саросема,
Гапамон нотамом то алҳол.
Хоҳарат дар куҷост?
Маҳмуд
Ин сӯ рафт.
Назар Соҳиб
Мустафо, андаке ту ранҷидӣ,
Ман магар ҳарфи носазо гуфтам?
Падарат ман... Ғами туро дорам,
Аз ту рози дилам набинҳуфтам.
Сахт гуфтам аз он, ки ман падарам,
Бахти ту орзуи ман, писарам...
Ту ягона писар ба мо ҳастӣ,
Номамонро намон ту дар пастӣ...
Мустафо
(бо ҳурмат, вале аламангез)
Падари меҳрубон, Шумо хубед,
Модарам хуб, хоҳарам ҳам хуб.
Изи пои маро намерӯбед,
Ман гунаҳкор, отаи маҳбуб.
Лек донед, ман ҳам инсонам,
Шӯрапуштии хешро донам...
Институтро тамом бинмуда
Шуғл бо кори хеш бинмудам.
Ана, имрӯз соҳиби корам,
Шод мардум зи тарзи рафторам.
Шоҳиди корҳои ман Маҳмуд,
Ҷӯраи ман – сарагрономи мост.
Ҳамраҳ овардамаш, дилаш шуд танг.
Бо Шумо ошноиро мехост.
Омадам наздатон ба сад уммед,
То ба кай ҳарфи талх мегӯед?
Маҳмуд
(ба Назар Соҳиб)
Рост ин гап, ба шавқ мекӯшад,
Бо дилу ҷон ба кор меҷӯшад.
Кордон асту шахси ғамхор аст,
Соҳиби эҳтироми бисёр аст.
Назар Соҳиб
Мустафо хоҳиши маро рад кард,
Ба сари ман чӣ ташвише овард.
Ба падар бахт – бахти фарзандаш,
Бахти фарзанди ҷону дилбандаш,
Дӯстам, ҷӯраи Шумо ранҷид...
Бахти ӯро ҳамеша хоҳонам.
Лек аз ин саркашии беҷояш
Шармсорам, ки ин гунаҳ донам.
(Гулрухсор дастархон меораду меравад.)
Обрӯи писар барои падар –
Обрӯест аз ҳама хуштар...
Маҳмуд
Он гузашта чу коҳи кӯҳна бувад,
Ҳоҷати бод кардани он нест.
Ёд овардани ҳамон давра
Бар худи Мустафо ҳам осон нест.
Марҳамат карда меҳмон бишавед,
Он қадар ҳарфи нек мешунавед...
Назар Соҳиб
Модару ҳам падар Шумо доред?
Маҳмуд
Ҳа, падар, модару падар дорам.
Одамони зиёда маҳбубанд,
Меҳрашон ҳасту болу пар дорам.
Назар Соҳиб
Вақт пайдо намуда, албатта,
Меҳмон мешавам...
Маҳмуд
Ниҳоят хуб,
Меҳмони азиз – рӯи чашм,
Меҳмон баҳри мо – каси маҳбуб.
Гулрухсор бо лаълии ширавор намоён мешаваду гӯш мекунад. Ӯро намебинанд.
Назар Соҳиб
Мустафою Шумо чу экизакед.
Мустафо
Мо ба ҳар ҷой ин сухан шунавем.
Назар Соҳиб
(ба Мустафо)
Писарам, бар ту як сухан дорам,
Марҳамат, хонаи дигар биравем...
Назар Соҳиб ва Мустафо ба хонаи дигар мегузаранд. Гулрухсор шираворро оварда ба рӯи стол мегузораду худаш ҳам дар як курсӣ нишаста, ба чой рехтан машғул мешавад. Маҳмуд ба тарафи вай нигоҳ карда мемонад.
Гулрухсор
Хоксорона шуд зиёфатамон,
Узр мехоҳам аз Шумо, меҳмон.
Маҳмуд
Беҳтар аз ин зиёфате набувад,
Боз як машқи хуб бинвозед.
Он қадар ҳам Шумо маҳоратнок,
Ки ба дил шавқи тоза андозед...
Гулрухсор
Хоҳиши меҳмони иззатманд –
Амри виҷдон бувад барои ман...
Гулрухсор ба тарафи пианино равон мешавад. Вай ба ҷояш нанишаста, аз хонаи дигар Мустафо бо ғазаб мебарояд. Аз паи ӯ падараш пайдо мешавад.
Мустафо
Хез, эй ҷӯраҷони ман, Маҳмуд,
Ки ҳама кори мо дар ин ҷо шуд...
Маҳмуд ҳайрон шуда аз ҷо мехезад. Гулрухсор гаранг мемонад. Назар Соҳиб сари роҳи писарашро гирифтанӣ мешавад. Аммо Мустафо якравона аз дар мебарояд. Маълум аст, ки кадом гапи падараш ӯро сахт ранҷондааст. Маҳмуд имои хайрбод карда, аз паи Мустафо меравад. Назар Соҳиб аз пушти писараш хитоб мекунад.
Назар Соҳиб
Аз раҳат гард... Андаке кун сабр...
То ба кай мекунӣ ба ҷонам ҷабр?
(Маъюсона ба духтараш менигарад.)
Охири намоиш.