Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ЧАНГ



Чу парвонае рӯи зону нишаст,
Кушод он парашро
Пари ноаён:
Ба шабнам ду хобидагӣ сабзазор,
Ки ду пораи абри бар чашм аён:

Ду майдони
Сар то ба сар барфпӯш,
Ба ҷое,
Ки мисли гуреза касон,
Ба мисли каси хонааш сӯхта,
Дарахтони
Аз сардие каб-кабуд,
Надиданд аз гармӣ ҳаргиз нишон…

Бар он шӯълаҳои
Рухи шабнам,
Ки буданд дар чеҳраи марғзор,
Гузар кард чангаки чангзан –
Ҳамоно
Ба монанди рӯди диёр,
Асар кард бар дил суруди баҳор!
Шамолон!
Шуморо қасам медиҳам,
Ба мисли бародар
Кунам орзу.
Ҳама бишнаветон,
Ҳама бишнавед!
Ки ҳастед берун зи ҳад атрбӯ!..
Шумо шабнами марғзорон зи шеър
Насозед берун,
Ба лутфу зи меҳр.
Дами субҳ,
Шабнам, ки дар обутоб,
Суруд
Мепарад
Ҷониби офтоб!
Тарҷимаи Ф. Ансорӣ.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »