ГУЛИ БОҒИ БАҲОРИ МАН
Шавад рӯзе, ки ақли ман расо бошад, расо бошад,
Насиби ман зи ёри ман вафо бошад, вафо бошад,
Гули рӯяш гули боғи баҳори ман, баҳори ман,
Ҳаётамро зи ҳусни ӯ сафо бошад, сафо бошад.
Нанолад ӯ зи ҳиҷри ман, бинолам ман зи ҳиҷри ӯ,
Чунин рафтори мо оё хато бошад, хато бошад?
Магар меҳри дили моро намефаҳмад, намефаҳмад,
Ки доим баҳри мо кораш ҷафо бошад, ҷафо бошад.
Ба номаш ҳарфи ноҳаққе намегӯям, намегӯям,
Агарчанде ки ҷабраш нораво бошад, раво бошад,
Даме Ансории дилхаста менолад, наменолад, –
Ғами ҷонона ба дардаш даво бошад, даво бошад!
1.Х. 60,ш. Москва. Рыгор БОРОДУЛИН.