РУБОИЁТ
Хоҳам ба сари ҳиммати аъло будан,
Дар хизмати халқи худ тавоно будан.
Бадбахтию нокомии инсон дар чист?
Дар ҷамъияте будану танҳо будан!
Ин дил зи чӣ озори маро мехоҳад?
Ғам хӯрдани бисёри маро мехоҳад.
Ин олами ишқ бехабар аз ҳолам,
Иқболи ситамгори маро мехоҳад.
Шаб мешаваду то ба саҳар бедорам,
Аз баҳри чӣ ҷабр мекунад дилдорам?
Ҷон рӯи кафам, роҳи варо мепоям,
То дар қадами муборакаш биспорам!
Аз шарму ҳаё рӯи ту гулранг бишуд,
Аз меҳру вафо дил ба ту дар чанг бишуд.
Дар чанги ту буд дил, ки рафтӣ зи барам,
Бе дил шудаму ҳолати ман танг бишуд.
Бишнав ту саҳар зи бод пайғоми дилам,
Аз дурии ту нест саранҷоми дилам.
Мемираму лек мешавам зинда, агар
Боре биситонам аз лабат коми дилам.
Боре назаре ҷониби дилсӯхтаат,
Бар шахси забони ишқ омӯхтаат.
Лутфе бинамо, оташи ҳиҷрон мафурӯз,
Бо мардуми шамъи меҳр афрӯхтаат!
Ҳар нолаи дил – нолаи беовоз аст,
Нашнида биё, ки ҳоли мо носоз аст.
Зуд ой, ки тоқате намондаст маро,
Ҳам пардаи чашм бар ту пойандоз аст.
Тори дили мо даме, ки тор аст, навоз,
Ҳар нағмаи он зи ҳаҷри ёр аст, навоз!
Вақте ки ба айшу ишрате биншинем,
Боде, ки дар он бӯи баҳор аст, навоз!
То кай зи фироқ нолаҳо бардорам,
То кай ғами дуриат ба ҷон бигзорам?
Оташ бишаву бисӯз ҷону дили ман,
Хокистари худ ба бод то биспорам.
Ҳар як суханат маро, ки дар гӯш шавад,
Дар гӯш шавад, магар фаромӯш шавад?
Чун бӯи хуши мӯи ту ояд ба димоғ,
Ҷону дили ман сархушу беҳуш шавад.
Ёрон, чу накӯед – накӯкор шавед,
Дидед, ки ғам дид касе, ёр шавед.
Лофе назанед ҳаргиз аз мардии хеш,
Бар шахси ҷафодида парастор шавед!
1958-1960 ш. Душанбе
49