Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ДАР ШАБИ АЗОБИ БЕХОБӢ



Шаб зи шаб рафта, метапад ин дил,
Аз чӣ, охир, нишони хоб нест?
Оҳ, асабҳои сусти ман, мушкил,
Мисли бехобие азобе нест.

Ба шумо чашмҳои бехобам,
Ба шумо, эй асабҳои суст,
Хоб мекобаму намеёбам.
Дили беқувват, ин ҳама аз туст.

Зад ба ҷон доруҳои духтур ҳам,
Баски аз ҳадди худ гузашт, охир.
Кош, асабҳо шаванд мустаҳкам –
Боиси бахту шодии шоир!

Саҳари кор пушти дар омад,
Як ғанаб, ним ғанаб, ба чашмам ой!
Илтифоте намо, саҳар омад…
Боз, эй дил, ба кори худ фармой!

Ноябри 1961.Москва.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »