Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

СӮХТАМ АЗ ҒАМАТОН



Нест бодо зи ҷаҳон ғуссаву андӯҳи Шумо,
Тоза бодо чу насими саҳарӣ рӯҳи Шумо!
Манам ошуфтаатон,
Ҳарфи ногуфтаатон.
Ростӣ, тоҷи саред,
Аз чӣ зуд мегузаред?
Шафқате нест ба сайди шуда маҷрӯҳи Шумо?

Хобам аз фикри Шумо шаб ҳама шаб бигрезад,
Ҷои он чашмаи ашк аст, ки хун мерезад.
Як назар ҷониби ман,
Ёри симинбадан.
Нестам ҳамдаматон,
Сӯхтам аз ғаматон,
Бод бекор магар, хоки маро мебезад?

Пояи зулму ситам дар ҳама ҷо вайрон шуд,
Офтоби шараф аз дохили он тобон шуд.
Лек ман ҳайронам,
Бесарусомонам.
Баҳри ин хунҷигар
Монда як зулми дигар.
Дар ҳамин давр?..
Фалак ҳам бар ҳамин хандон шуд.

То ба кай лашкари ғам ҷониби ман метозед?
Ё ки аз синаи ман кӯҳи ғаме месозед?
Набароред дамам,
Худи ман кӯҳи ғамам.
То ба кай Ансорӣ
Бинамояд зорӣ?
Вақти он шуд, ки Шумо як нафасаш бинвозед!
26 Март, 1961




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »