Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

МУАЛЛИМ-ДЕПУТАТ



Туро мо дӯст медорем, аз ҷон дӯст медорем,
Ки инсони наҷибию ба мо устод мебошӣ.
Туро ҳомии завқу шодиҳои хеш бишморем,
Ки инсонию шодии дили ношод мебошӣ.

Агар бошад дили софе, ба дилҳо роҳ меёбад,
Дили софи ту роҳи хешро аз синаи мо кард.
Ба рӯи ту, ба кӯи ту фақат шамси бақо тобад,
Ки моро аз адам бар ҳастии беинтиҳо овард.

Туро мо дӯст медорем, мардум дӯст медоранд,
Барои он, ки моро ҳам ту аз ҷон дӯст медорӣ,
Далелу шоҳиде, охир, барои ин чӣ даркоранд?
Чаро, охир,
Чаро мӯи сафеди хеш бишморӣ?

Ба ҳар як тораи он мӯ азобу ранҷи моён ҳаст,
Азоби ту фақат моем, ранҷи ту фақат моем.
Равонем аз раҳи ту парчами сидқу вафо дар даст,
Ки то боби наве аз дафтари уммед бикшоем.

Муаллим, депутат ҳастию шогирдон аз ин шоданд,
Тамоми мақсади ту бахти халқу тахти ашъор аст.
Муаллим, – депутат! Деҳоти мо он қадар ободанд,
Ба ҳар ҷо шеъри ту,
Кори ту
Баҳри халқ даркор аст!







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »