АЗИЗ АСТ ХОКАТ
Ба чӣ дил супорам, ба кӣ дил супорам?
Писандидаи ман вафое надорад,
Сарам з-ин сабаб ҳам ҳавое надорад,
Чаро дӯст дорам?
Ба санги ҷафо шишаи дил шикастам,
Бипурсед инро зи мӯи сафедам.
Намуд он ситампеша чун ноумедам,
Чӣ ояд зи дастам?!
Диёри азизам, азиз аст хокат,
Туро дил супорам, туро дӯст дорам.
Ҳар он чи маро ҳаст – як сӯ гузорам,
Ба ҷуз меҳри покат!