Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

РӮЗИ МУБОРАК



Лола доғе дар ҷигар дорад, зи танҳоист он,
Гар шамоли сахт ояд – ҳар тараф хам мехӯрад.
Лек ҳаргиз мисли савсан садзабона нест он,
Рози пинҳоне даруни синааш, ғам мехӯрад.

Дӯстонам ин муборак рӯз – рӯзи бемисол,
Баски ду гул аз ду боғи нек якҷо мешаванд.
Ин ҷавони некрӯ, ин духтари соҳибҷамол
Андаруни хонадоне ҷуфти зебо мешаванд.

Ғунчаҳои дигаре аз муғчаи онҳо расад.
Орзу дорам, ки бошад ин ду тан бо ҳам қарин,
Давр – даври бемисолу давр – даври нозанин,
Аз фараҳмандии инҳо шодие бар мо расад.

Як қадаҳ нӯшед, ёрон, бо камоли эҳтиром,
Аз барои бахту истиқболи гулҳои ҳаёт!
Қатрае дар ҷоматон монад, бигардад он ҳаром,
Дӯстон, нӯшем баҳри ошиқони босабот!

Декабри 1962 с.







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »