ПАЗМОН ШУДАМ
Суруд
Ин шаб асту чӣ шабе?
Дилкаш ҳаво!
Ба ту дорам ду гапе,
Тезтар биё!
То бубинам рӯят,
То бибӯсам мӯят,
Рӯҳ бубахшат бӯят, ёр!
Пираҳан карда зи гул рӯи замин,
Интизорам ба ту ман, эй нозанин.
Бӯи гул бӯи ту нест, бовар намо,
Шавқи бе рӯи ту чист?
Зудтар биё!
Ёри ҷони ман, биё пазмон шудам,
Меҳрубони ман биё, пазмон шудам,
То бубинам рӯят,
То бибӯсам мӯят,
Рӯҳ бубахшад бӯят, ёр!
Ин шаб асту чӣ шабе?
Дилкаш ҳаво!
Ба ту дорам ду гапе,
Тезтар биё!
То бубинам рӯят,
То бибӯсам мӯят,
Рӯҳ бубахшат бӯят, ёр!
Пираҳан карда зи гул рӯи замин,
Интизорам ба ту ман, эй нозанин.
Бӯи гул бӯи ту нест, бовар намо,
Шавқи бе рӯи ту чист?
Зудтар биё!
Ёри ҷони ман, биё пазмон шудам,
Меҳрубони ман биё, пазмон шудам,
То бубинам рӯят,
То бибӯсам мӯят,
Рӯҳ бубахшад бӯят, ёр!