Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

МАЙЛИ ТАМОШО ДОРАД



Боз омад шаби дилҷӯй, шаби маҳтоб аст,
Ҳама атроф, басо дилкашу ошиқбоб аст.
Лек чун нест ба паҳлӯи ту ҷонон, танҳо
Ба куҷо меравӣ?
Баргард, ки вақти хоб аст!

Шӯълае омаду дар ҷону ҷигар оташ зад,
Ҳама фикрам сари худро ба дари маҳваш зад.
Маҳваше буд, ки аз ман ҳамаи тоқат бурд,
Тоқатам бурд зи ман дуру таги пояш зад.

Хоҳиши сайру саёҳат ба дилам ҷо дорад,
Оҳ ин қадар назокат шаби зебо дорад!
Дур будам ман аз ин шаҳри азизам чанде,
На зи санг аст дилам…
Майли тамошо дорад.

Магар он дилбар аз ин омаданам бехабар аст?
Интизори ману вай дар лаби дарё саҳар аст!
Саҳари шаҳри азизу саҳари водии нур,
Ки зи файзаш ба танам қуввату дар дил асар аст.

Меравам то лаби дарёча, ки бас дилёб аст,
Ана, дар гӯши хаёлам ғалаёни об аст…
Лек чун нест ба паҳлӯи ту ҷонон, танҳо
Ба куҷо меравӣ?
Баргард, ки вақти хоб аст!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »