Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

БАХТИ МАН ТУӢ

Суруд

Дар назарам хандаи ту,
Чеҳраи рахшандаи ту.
Дилбари арзанда, манам
Ошиқи арзандаи ту.
Бахти ман туӣ.

Хандаи зебоят,
Наргиси шаҳлоят,
Ҳусни дилороят
Бурда тоқатам.

Рӯи ту хуршеди ман аст,
Шодию уммеди ман аст,
Васфи ту, эй дилбари ҷон,
Қисмати ҷовиди ман аст.
Бахти ман туӣ.

Хандаи зебоят,
Наргиси шаҳлоят,
Ҳусни дилороят
Бурда тоқатам.


24 Январ 1962. ш. Душанбе


***

Ханда бинмо, ҷони ман, писханд не,
Ханда бинмо, хандаи ту дилкушост.
Ҷуз ту ин дил бо касе пайванд не,
Як навозиш карданат онро равост.

Ҷонибам мангар ту бо хашму ғазаб,
Рӯ магардон бо димоғи сӯхта.
Дар раҳат ман интизорам рӯзу шаб,
Бурдбориро зи кӯҳ омӯхта.

Ханда бинмо ҷони ман, ҳар хандаат
Мекушояд аз дили ман сад гиреҳ.
Ман ҳабибу ошиқи арзандаат,
Ою дасти худ маро бар дил бинеҳ!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »