Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

УМЕДИ ДИДОР



Солҳо кардам умеди дидани дидори ту,
Аҳд бинмудам, ки бӯям аз гули рухсори ту.
Ин қадар бераҳму шафқат будаӣ, эй нозанин,
Доимо назди ту оям – мебарояд кори ту.
Аз лабони ту резад агар каломи оташин,
Ҷонам осояд зи меҳри қалби оташбори ту.
Оҳи сарди ман на оҳ асту фақат дуди дил аст,
Нолаи дил аз фироқи наргиси хуммори ту…
***

Муҳаббати дили ман дар нигоҳи ҷонон аст,
Азоби хотирам аз он ки бас парешон аст.
Лабони ҳамчу ақиқаш давои дарди дилам,
Илоҷ ку? Санам аз аҳди худ пушаймон аст.
Каломи меҳру вафо гар барояд аз лаби ту,
Азизи дидаву дил, ин барои ман ҷон аст!
Сафои гулшани ишқу умеди ман афзой,
Агар барои ту ин кор амри виҷдон аст,
Раво мабин ту, ки аз дуриат бинолаbrм ман,
Азизи ман, ғами дурии ту на осон аст!

***

Месӯзаму бо нигоҳи чашмони хаёл,
Эй кош, даме сӯхтанамро бинам.
Ё боди саҳар диҳад бароям пару бол,
То ин ки зи қулла афрӯхтанамро бинам.

Нафъе бирасад зи ман барои кишвар,
Гулхан шуда, афрӯхтанамро бинед.
Аммо бар алайҳи ҳол, чун ҳезуми тар,
Бо дуди дилам сӯхтанамро бинед!
Октябри 1961, ш. Москва




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »