САҲАР ШАВАД…
Хаёл мебарадам, аз хаёл бедорам,
Хаёли васли ту дорам, ба ғам гирифторам.
Саҳар шавад, ки сари роҳи ту бароям ман,
Саҳар шавад, ки шаби ғам ба хок биспорам.
Шаб асту ин чӣ шаби беканор метобад,
Шаб асту дидаи ман лаҳзае намехобад.
Саҳар шавад, ки сари роҳи ту бароям ман,
Нигаҳ намоию ҷонам ҳаловате ёбад.
Зи дарди ишқ ягон дарди зӯртар бошад?
Тамоми дард ба як сӯю ин дигар бошад!
Саҳар шавад, ки сари роҳи ту бароям ман,
Туро бубинам агар, ин ба ман саҳар бошад.
Ҳамин ки шаб бишавад – дӯзахест пиндорам,
Зи дурии ту бувад ин гумони ман, ёрам.
Саҳар шавад, ки сари роҳи ту бароям ман,
Саҳар шавад, ки шаби ғам ба хок биспорам!
***
Ғунча хандид ё ту хандидӣ?
Хандаи беғуборро дидам.
Аз нигоҳат дилат бузург намуд,
Шавкати кӯҳсорро дидам.
Тинатат софу талъатат соф аст,
Софии чашмасорро дидам.
Лаб кушодию шуд аён ақлат,
Оламе ифтихорро дидам.
Оҳ, ҷонам даруни сина зи ту
Шодии беканорро дидам.
Баҳри дилро баҳор бикшояд,
Дар ту ман он баҳорро дидам!
***
Чаро аз ман ту синну сол пурсӣ,
Магар аз рӯи ман пирӣ аён аст?
Ту, мебоист, аввал ҳол пурсӣ,
Ки аз чӣ дар назар синнам калон аст?
На чандон бори андӯҳат кашидан
Барои ин дили ман буд осон.
Ба васли ту, ба васли ту расидан
Чунон душвор шуд, пириам аз он.
Ҳамон чашму хамон мӯи сиёҳат,
На чашм асту на мӯ, ҷодуст, ҷоду,
Ки дар қайдаш гирифт, охир нигоҳат
Бувад алмоси тезу теғи абрӯ.
Ман аз тарсу ҳароси ногаҳонӣ
Ба рӯи тори мӯ истода будам.
Ба рух ожинг омад дар ҷавонӣ,
Ки дар дил ранҷи бемисл озмудам.
Тамоми мӯи сар акнун сафед аст,
Валекин ин нишон аз пириам нест.
Касе, ки лаҳзае ҳаҷри ту дидаст,
Ба ин вай шарҳ додан метавонист.
Чаро аз ман ту синну сол пурсӣ?
Ба мисли ишқи поки ту ҷавонам.
Биё, охир, барои ҳолпурсӣ,
Магар як умри худ танҳо бимонам?!
***
Сарам имрӯз оё дар танам нест?
Намедонам, чӣ фикре доштам ман.
Сухан дорам, илоҷи гуфтанам нест,
Сари худро ба куҷо бигзоштам ман?
Бурун аз шаҳри мо як хонае ҳаст,
Ман аз паҳлӯи он бигзашта будам.
Дар он як хона як ҷононае ҳаст,
Назар боре ба чашмонаш намудам.
Тамоми ҳушу ёдам монд он ҷой,
Худам рафтам… куҷо рафтам? Надонам.
Биёву ин муамморо ту бикшой,
Фидоят мешавам, дардат ба ҷонам.
Биё, вақте ки наздат мондаам сар,
Чунин аз ту умеде доштам ман.
Нагӯям, то нагӯям бори дигар:
Сари худро куҷо бигзоштам ман?