Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

НАПУРСЕД АЗ ДИЛИ МАН



Парешонам, напурсед аз дили ман,
Ки ин бечора дар оташ фурӯ рафт.
Худаш оташ нашуд, к-аз манзили ман
Ҳарорат, ҳам сафо, ҳам рангу бӯ рафт.

Ҳарорат буд дар гуфтори ҷонон,
Сафо дар чеҳраи пурхандаи вай.
Ба рангу бӯи ҳусну чашми фаттон
Диҳад озор ҷони хаста то кай?

Бирафту фикри баргаштан надорад,
Ки ман дар оташи хиҷраш бисӯзам.
Бифаҳмонед бар он гулъузорам,
Маҷоли сӯхтан бошад, ки сӯзам!..
Сентябри 1960.





АНДАЛЕБЕ БА ҚАФАС ЗИНДА НАМОНАД ҲАРГИЗ


Қафаси танг барои ту бувад синаи ман,
Ту даруни қафаси танг бимонӣ то кай?
Хабарат нест аз он мақсади деринаи ман,
Ки бурун омада бинмоӣ чаманҳоро тай?

Чун ту андар қафасӣ, нолаи ту беасар аст,
Булбулон нола зи тори сари гул бинмоянд.
Кан дари синаи ман, гарки туро болу пар аст,
То ки дилҳои дигар баҳри ту дар бикшоянд.

Рафта ҳар гӯшаи ин мулки муборакро бин,
Ки бароят ҳама сарчашмаи илҳом шавад.
Ту ҳаминрӯзаву ояндаи Норакро бин,
Мулки тоҷик аз он боз накӯном шавад.

Бори дигар гузар аз деҳаву саҳрои Вахш,
Ки тасаввур бинамоӣ ту аз он Ёвонро.
Он қадар ҳам босаховат шуда дарёи Вахш,
Ту ситоиш бинамо қудрати ин давронро!

Қафаси танг барои ту бувад синаи ман,
Берун ой, эй дил, аз он гӯшаи оромат тез!
Болу пар зан зи сари боғу чаманҳои Ватан,
Андалебе ба қафас зинда намонад ҳаргиз!
Марти с. 1961







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »