Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

АГАР ОЯД САҲАР…



Агар ояд саҳар, аз хоб намо бедорам,
То сари худ ба сари синаи ту бигзорам.
Орзӯи дилу уммеди дилу шодии дил –
Ҳамаро баста ба як даста туро биспорам.

Аз чӣ бошад, ки дилам медиҳад имрӯз азоб,
Ман надорам ба ягон ҳарф чаро тоқату тоб?
Дидаам хушку вале дил ба гиристан ҳозир,
Оҳ, аҳволи мани зор хароб аст, хароб.

Пай набурдӣ, ки чаро ҷони маро озурдӣ,
Ҳама осоишу осудагиамро бурдӣ.
То ба кай назди рақибон ба нишастан бошӣ?
Кош, як лаҳзаяке раҳми маро мехӯрдӣ!

Як туро шодию шавқи дили худ бишморам,
Қадами хеш ба амри ту фақат бигзорам.
Шаби ғам омаду хуфтам ба хаёлат, ҳайҳот,
Агар ояд саҳар, аз хоб намо бедорам!
23 Июли 1961





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »