ДИДААМ
Моҳро дар қуллаи кӯҳи баланде дидаам,
Ёрро бо хандаҳои дилписанде дидаам.
Дар бари ман менишаст он моҳрӯ бо илтифот,
Кокулонашро ба гардан чун каманде дидаам.
Дидаам, ҳоло набинам, ку илоҷи дигаре?
Менишинам бо хаёлаш, буд ё ҷодугаре?
Буд ҷодуе, ба ҷоду хотири худ шод кард,
Синаи моро намуд он мулки орупарварӣ.
Қуллаҳо, гӯед охир аз чӣ сар афрохтед?
Ё шаби маҳтоб буду сӯи маҳ метохтед?
Ман ба моҳи хокие ошиқ, давам аз пушти ӯ,
Медавед аз пушти маҳи осмон, дил бохтед?
Оҳ, ҳоли ошиқон сахт аст, бовар мекунед?
Гоҳ дилро муму гоҳ аз санги мармар мекунед.
Қуллаҳо, гар ошиқед – обу адо гаштан равост,
Варна ҳар дам сад ҳазорон моҷаро сар мекунед!
Ман ба худ аз зулфи ҷононам каманде дидаам,
Аз висоли ёр шодии дучанде дидаам.
Дар бараш истода, бо ҳарфи вафодории ӯ
Моҳро дар қуллаи кӯҳи баланде дидаам!
1.VIII. 61 Хоҷаобигарм.