Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ДОШТАМ БОЛУ ПАРЕ АЗ ИШҚ МАН


1.

Он қадар аз дил суханҳо гуфта шуд,
Дурри маънӣ дар забонҳо суфта шуд.
Гоҳ дар як ҷо хаёл истода монд,
Гоҳи дигар аз ғаме ошуфта шуд.

Ман ҳам, охир, қиссаи дил гуфтанӣ,
Дурри ишқам рӯи коғаз суфтанӣ.
Боди ғам боре маро пажмурда кард,
Дорам акнун мақсаде – бишкуфтанӣ.

Менишинам, то биёбам як сухан,
Бар хаёл ояд яке дарди куҳан.
Гоҳ чун шамъе фурӯзон мешавам,
Гоҳ месӯзам ба ҳоли хештан.

Шояд онро ҳоҷати гуфтан набуд,
Ҳар нафас фикре намоям худ ба худ.
Лек ин дил худнамоӣ мекунад,
Мекафад гоҳе зи дардаш бо суруд.
2.

Мегузаштанд аз паи ҳам моҳу сол,
Ногаҳон ишқе бароям дод бол.
Абр ҳам дар зери поям зина шуд,
Кӯҳро талқон намудам бо хаёл.

Мавҷи дарё буд дар оғӯши ман,
Ҷӯши дарё буд ҳар як ҷӯши ман.
Ҳар навое, ҳар суруди дилкаше
Мерасид аввал фақат бар гӯши ман.

Бод ҳам пеш аз тулӯи офтоб
Мерасонд аз бӯи гулҳо беҳисоб.
Шавқи нав медод ҳар як сабза ҳам,
Ман чу будам ошиқи бас комёб.

Роҳи ман ҳар сӯй танҳо нур буд,
Ғусса аз лавҳи хаёлам дур буд.
Доштам болу паре аз ишқи ёр,
Дар вуҷудам ҳиссиёти зӯр буд.
3.

Ҳар баҳоре ҳам хазоне доштаст,
Шавқ ҳам аз ғам нишоне доштаст.
Омаду рафти ғаму шодии дил
Ин қадар рози ниҳоне доштаст.

Мавҷи дарё хона равшан мекунад,
Даштро паймуда, гулшан мекунад.
Лек мавҷи хандаеро бишнавам,
Сад ҷароҳат дар дили ман мекунад.

Бахти ман аз хандае вобаста буд,
Бо ҳаётам хандае пайваста буд.
Ханда, оре, хандаҳои дилбаре
Дар баҳори умри ман гулдаста буд.

Рафт аз ман, ёди он дорам ҳанӯз,
Фикри гулро дар хазон дорам ҳанӯз.
Рӯзҳоеро, ки бо шодӣ гузашт,
Пеши чашмонам аён дорам ҳанӯз.
4.

Шуд саҳар, омад шамоле аз дарам,
Дасти худ бинҳода болои сарам.
Кард мӯямро парешон ҳар тараф,
То ба умри рафтаи худ бингарам.

Чашми ман афтод бар оинаам,
Тоза шуд аз нав ғами деринаам…
Оҳ, дар сар ҷои мӯ биншаста буд,
Гӯӣ, хокистар зи сӯзи синаам.

Ман шудам аз хона берун бо шамол,
Меравам бо растае ғарқи хаёл.
Меравам, оҳиста мемонам қадам,
То наояд бар замин аз ман малол.

Ҳар қадамро монда бас боэҳтиёт,
Мекунам андешаи роҳи ҳаёт.
Чист маънои ғами як ошиқе
Дар замони кашфҳои коинот?
5.

То ба кай монам ба сӯзу оҳи худ?
Ҳар киро будаст як дилхоҳи худ.
Ман, ки дилхоҳаш набудам, чора чист?
Вай ба роҳаш рафту ман бо роҳи худ.

Мебарояд аз хаёлам гоҳ-гоҳ,
Ман дар ин корам намебинам гуноҳ.
Ҳар сари наврӯз меояд ба ёд
Он шаби пурфайзу он хамгашти роҳ.

Менишинам, то биёбам як сухан,
Дур бинмояд ҳама дарди куҳан.
Гоҳ чун шамъе фурӯзон мешавам,
Гоҳ месӯзам ба ҳоли хештан.

Роҳи ман дар пеш, вақте бингарам,
Бояд онро бо садоқат бигзарам.
Дар сарам гаҳ оташу гаҳ дуд буд,
Дуд рафту монд оташ бар сарам!
Марти 1961.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »