Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

БО ҲАМ БАҲОРЕ СОЗЕМ



Аз пушти сари кӯҳ баромад хуршед,
Пеш аз ҳама нураш ба биёбон афтод.
Он дашти фарохро муқаддамтар дид,
Бар сою камар аҳмияте ҳеҷ надод.

Чашмаш нафитод бар дили резаи санг,
Аз қулла ба қуллае ба ҳаллос гузашт.
Ҳар бутта, ки буд соягӣ, шуд дилтанг,
Хуршед варо надидаву рост гузашт.

Дар сою камар чашмаяки обе буд,
Аз он ба ҳаёт сабзае по мемонд.
Лекин бар сараш чу нури хуршед нашуд,
Дилсарду ҳазину бетаманно мемонд.

Сӯзад дили дашт, гар варо обе нест,
Лабташна фақат қатраи обе ҷӯяд.
Он сабза, ки дар сояву сероб бизист,
Як зарраи нури офтобе ҷӯяд…

Дар кишти умед кори хайре бинмой,
То решаву то сари гияҳ бинвозем.
Эй нури баҳорам, офтобам, зуд ой,
Ман об шудам, ба ҳам баҳоре созем!
Марти 1961.



***

Аз миёни китобу дафтари ман
Ногаҳон суратат баромада монд.
Оҳ, раҳме ба дидаи тари ман,
Ки инони хаёл пас гардонд.

Сурат, ин сурати ҷавонии ту,
Чашм пӯшида, ёд меорам.
Хандаву лутфу меҳрубонии ту
Буд, охир, ғизои ашъорам.

Буд, оре. Дигар илоҷе нест,
Ҳама рафтанд як-як аз назарам.
Дарди хобида аз куҷо ҳам хест,
Ки зи як сад намуд дарди сарам?

Хоҳу нохоҳ дида медӯзам...
Аз чӣ ҷустам китобу дафтари худ?
Боз аз оташи куҳан сӯзам?
Кош, дар гӯшаи хаёл набуд.

Як худи ёди ту маро ҳар дам
Оташи ғусса мефурӯзонад...
Сурататро гирифта даррондам,
То ки бори дигар насӯзонад!
Апрели 1961


***

Оҳ, агар бори дигар дасти ту бар даст ояд,
Гавҳари мақсади ман бар нафаси шаст ояд.
Нагузорам қадам аз амри ту боре берун,
Баҳри побӯсии ту ҳар чӣ маро ҳаст, ояд.

Гарчи бигзашт басо соату рӯзу маҳу сол,
Бехабар ҳастам аз он рафтани ту то алҳол.
Сӯхтам чун хасу афрӯхтаму дуд шудам,
Дуди ман бар сари ту соя фиканд абрмисол.

Ту надонистӣ, ки барқ аз ғазабам бармехест?
Ашки ман буд, на борон, ки ҳамезад беист.
Ҳамаи абри баҳорон фақат аз дуди ман аст,
Варна маънии чунин рехтани борон чист?

Ҳар гаҳ аз хоб насими саҳарӣ бархезад,
Бишавад элаку бӯи гулу райҳон безад.
Абр аз дуди дили ман бизанад чун борон,
Кош, як қатраи он бар гули рӯят резад!
Апрели 1961.


***

Агар ёрони худро хуб санҷӣ,
Тамоми умри худ боре наранҷӣ.
Гумон нанмо, ки ҳар як хоктӯда
Бувад кӯҳу дарунаш ҳаст ганҷе.

Ҳар он касро, ки омад рӯ ба рӯят,
Саломе дода моил шуд ба сӯят,
Ту ҳатман ёри ҷоние мапиндор,
Агарчанде сухан аз меҳр гӯяд.

Китоби Саъдии маҳбубро хон,
Ки се навъанд, мегӯяд, рафиқон…
Дило, боре хато карда будӣ,
Намо ислоҳ, агарчи нест осон.

Надонистам, магар дурӯя будӣ?
Раҳи сидқу вафо тай менамудӣ…
Чунин гуфт он, ки аз ту бехабар буд,
Надонистат чиҳоро месурудӣ.

Ту бо роҳи вафо доим равон бош,
Шарики дарди ҳар пиру ҷавон бош.
Дили нопок нопокат бидонад,
Ту аз ин поктар шав, шодмон бош!
30 Марти, 1961





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »